Зарари миллиардии саҳюнистҳо аз посухи кӯбандаи Эрон

Расонаҳои исроилӣ аз зиёнҳои миллиардии режими саҳюнистӣ ба далели истифодаи густарда аз сомонаҳои падофандӣ хабар доданд.

Расонаҳои исроилӣ аз зиёнҳои миллиардии режими саҳюнистӣ ба далели истифодаи густарда аз сомонаҳои падофандӣ хабар доданд.

Рӯзномаҳои режими саҳюнистӣ ҳамчун Идиъут Оҳоронут ва Мокурришиун эълон карданд, ки бакоргирии густардаи мушакҳои сомонаҳои падофандӣ ҳудуди 1.5 миллиард доллар ҳазина рӯи дасти Исроил ва муттаҳидонаш ба вижа Амрико қарор додааст.

Рӯзномаи Идиъут Оҳоронут дар гузориши худ ба нақл аз яке аз фармондеҳони собиқи артиши режими саҳюнистӣ навишт: Исроил ҳудуди 5 миллиард шекел (ҳудуди 1.35 миллиард доллар) муҳимотро тайи як шаб барои муқобила бо ҳамлаи густардаи Эрон, ки бо истифода аз садҳо мушак ва паҳпод анҷом гирифт, ҳазина кард.

Ром Оминох, мушовири иқтисодии собиқи раиси Ситоди артиши режими саҳюнистӣ дар ин бора ба ин расона гуфт, дар шаби гузашта (бомдод якшанбе) Исроил маҷбур шуд байни 4 то 5 миллиард шекел байни 1.08 то 1.35 миллиард доллар муҳиммот харҷ кунад, ин сирфан ҳазинаи муқобила бо паҳподҳо буд ва хисоратҳои майдонӣ бар асари исобати мушакҳо ба қайд гирифта нашудаанд.

Ин коршиноси саҳюнист таъкид кард, ҳар фарванд мушак дар сомонаи “Ору”, ки барои муқобила бо мушакҳои баллистик фаъол мешавад, ҳудуд 3.5 миллион доллар ҳазина дорад, ҳазинаи ҳар мушак дар сомонаи “Фалохан Довуд”, ки барои муқобила бо мушакҳои куруз аст низ ҳудуди як миллион доллар аст, ки бояд ҳазинаҳои парвози ҷангандаҳои маъмури сарнагунии паҳподҳоро ҳам ба он афзуд.

Ба гуфтаи Оминох бо як ҳисоб сарангуштӣ тамоми мушакҳо ва паҳподҳои шилликшуда тавассути Эрон куллан як даҳуми ҳазинаҳое, ки Исроил мутаҳаммил шуд ҳам надоранд.

Дар ҳамин росто шабакаи 13 телевизионии режими саҳюнистӣ низ шомгоҳи якшанбе эълон кард, ҳамлаи мушакӣ ва паҳподии Эрон ҳазинаҳои ҳангуфтеро барои Исроил ба ҳамроҳ доштааст.

Ба навиштаи ин расонаи ибризабон артиши Исроил барои муқобила бо ҳамлаи Эрон 10 дарсад аз кулли буҷаи худро, ки қабл аз ҷанг тасвиб шуда буд, харҷ кард.

Шабакаи 13 дар ҷузъиёти ин хабар ҳам навишт, илова бар ин ҳазина шуморе аз муттаҳидони Исроил ҳам иқдом ба талош барои раҳгирии мушакҳо ва паҳподҳои эронӣ карданд, ки барои онҳо ба вижа Иёлоти Муттаҳида ҳам ҳазинаи зиёде дар пай дошт.

Бар асоси гуфтаи коршиносон раҳгирии ҳар мушак байни 2 то 3 миллион доллар ҳазина дорад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад