Генерали бознишастаи саҳюнистӣ: ҳамлаи Эрон ваҳшатнок аст!

Як генерали бознишастаи исроилӣ дар бораи қудрати низомии Эрон гуфт, ки Исроил дар як ҷанги воқеӣ бо Эрон аз байн меравад.

Як генерали бознишастаи исроилӣ дар гуфтугӯи телевизионӣ, қудрати дифоии Исроил дар баробари ҳамлаҳои Эронро заиф донист ва гуфт, ки Исроил дар як ҷанги воқеӣ бо Эрон аз байн меравад.

Исҳоқ Брик, генерали бознишастаи исроилӣ бо интиқод аз адами оянданигарии мақомот ва таҳлилгарони саҳюнист баён кард: “набояд танҳо ба рухдодҳое таваҷҷуҳ кунем, ки то кунун иттифоқ афтодааст. Ин бардошт моро аз таваҷҷуҳ ба таҳдидҳои оянда бозмедорад.”

Вай бо ишора ба қудрати Ҷумҳурии Исломии Эрон афзуд: “ман ба ҳамаи абъоди дифоъ аз Исроил ошно ҳастам. Агар Эрон то кунун ба мо мустақиман ҳамла накарда маънояш ин нест, ки дар оянда низ ба мо ҳамла нахоҳад кард.”

Брик ҳамчунин гуфт: “мо зарфияти нобуд шудан дорем ва осебпазир ҳастем. То замоне, ки ин осебпазирӣ идома дошта бошад, набояд тасаввур кунем, ки чун Эрон то кунун ба мо ҳамла накарда, таҳдидҳояш беасар аст. Мо аслан қобилияти дифоии комиле надорем, на дар пушти ҷабҳа, на дар баробари мушакҳо ва на дар дигар бахшҳо. Падофанди чанд лоя миллиардҳо доллар ҳазина дорад.”

Брик дар идомаи ин гуфтугӯи телевизионӣ бо ишора ба иштибоҳи муҳосиботии дастгоҳҳои низомӣ ва амниятии саҳюнистӣ гуфт: “мо як мушт мушак дорем, ки қарор аст дар дафъи ҳамлаҳои мушакии Эрон ба мо кумак кунад. Ин мушакҳо барои чӣ муддат кофӣ аст? Ду рӯз? Агар ҷанг ҳафта тӯл бикашад ва ҳар рӯз ҳазорон мушак ба самти мо шиллик шавад, чӣ кор карда метавонем?”

Ин генерали бознишастаи саҳюнистӣ сипас дар бораи ҳамлаи Исроил ба консулгарии Эрон дар Димишқ гуфт: “баъд аз ҳамлаи мо ба консулгарии Эрон дар Димишқ ҳама чиз тағйир кардааст. Эрониҳо ҷавре таҳдид мекунанд, ки пеш аз ин намекарданд. Ҳамлаи Эрон дар сурати ташдиди таниш ваҳшатнок хоҳад буд. Агар ин иттифоқ акнун рух надиҳад, боз ҳам маънои онро надорад, ки ҳеҷгоҳ иттифоқ нахоҳад афтод. Мо бояд барои ин ҳамла омода бошем, зеро агар иттифоқе рух диҳад, мо дигар вуҷуд нахоҳем дошт.”

Ин генерали бознишастаи исроилӣ дар поён гуфт: “ҷанг бо Эрон, ҷанг бо як кишвар нест. Як ҷанги минтақаӣ аст, ки мо ҳаргиз омодагии онро надорем. Мо ҳарф зиёд мезанем, вале худамонро барои ин хатар омода намекунем.”

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад