Борандагӣ ва раъду барқ дар Покистон 40 кушта бар ҷой гузошт

Дар пайи борандагии шадид ва вуқуъи раъду барқ дар иёлатҳои Панҷоб ва Балучистони покистон ҳадди ақал 40 нафар ҷон бохтанд.

Ба гузориши ТоҷикПресс, дар пайи борандагии шадид ва вуқуъи раъду барқ дар иёлатҳои Панҷоб ва Балучистони Покистон ҳадди ақал 40 нафар ҷон бохтанд.

Теъдоди 17 нафар дар Панҷоб ҷон бохтанд ва шумори қурбониён дар Балучистон ҳам 8 нафар эълон шудааст.

Дар соири ҳодисаҳои гузориш шуда аз борандагии шадид дар иёлатҳои дигар ҳам ҳадди ақал 15 нафар аз ҷумла чанд кудак кушта ва даҳҳо нафари дигар захмӣ шуданд.

Ба гузориши расонаҳои Покистон, ҳамчунин чандин роҳ масдуд шуда ва амалиёти поксозӣ анҷом шудааст.

Дар ҳоле ки борон дар манотиқи мухталифи Покистон имрӯз идома дорад, созмони рафъи бӯҳрони ин кишвар аз гардишгарон хостааст, ки аз сафар ба манотиқи кӯҳистонӣ худдорӣ кунанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад