Афзоиши даромади кишварҳои ИИАО

Дар саросари кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) афзоиши назарраси нархҳои истеҳсолкунандагон дар саноати маъдан ба мушоҳида мерасад.

Дар саросари кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) афзоиши назарраси нархҳои истеҳсолкунандагон дар саноати маъдан ба мушоҳида мерасад.

Ба гузориши манбаъ:

Шохиси нархҳои истеҳсоли саноатӣ дар ИИАО 117,4 % ташкил дод. Дар ин бора Комиссияи иқтисодии Авруосиё хабар додааст.

Дар муқоиса бо моҳи декабри соли 2022, афзоиши назарраси нархҳои истеҳсолкунандагон дар саросари иттиҳод дар соҳаҳои истихроҷи маъдан ба қайд гирифта шудааст. Афзоиш 36,5 % ташкил дод.

Дар баробари ин, нархҳои истеҳсолкунанда дар саноати коркард 13,5% афзоиш ёфтанд, таъкид кардааст Комиссияи иқтисодии АвруОсиё.

Дафтари матбуоти комиссия хабар медиҳад:

“Дар бахшҳои таъмини барқ, газ, буғ арзиши 7,6 % афзоиш ёфтааст”.

Дар ҳоле ки аз рӯи намуди фаъолият “обтаъминкунӣ, канализатсия, назорат ба ҷамъоварӣ ва тақсими партовҳо” 7 % ташкил медиҳад, хулоса кардааст ташкилот.

Ёдовар мешавем, ки дар охири соли гузашта сарони кишварҳои “панҷгона”-и Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё эъломияеро дар бораи рушди минбаъдаи равандҳои иқтисодӣ дар доираи ИИАО барои дарозмуддат имзо карданд, ки номи “Роҳи иқтисодии АвруОсиё”гирифт.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Сарвазири Арманистон аҳамияти принсипҳои бидуни табъиз барои фаъолияти бозорҳои умумӣ дар қаламрави ИИАО Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро таъкид намуд.

Ташаккули бозорҳои муштараки нерӯи барқ ва захираҳои энергетикӣ дар доираи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё авлавият хоҳад дошт.

Дар ин бора, нахуствазири Арманистон, Никол Пашинян зимни муроҷиат ба сарони кишварҳои узви ИИАО ба муносибати раёсати ин кишвар дар ниҳодҳои иттиҳод дар соли 2024 изҳор дошт.

Аз ҷумла, Пашинян қайд кард, ки ноустувории кунунии иқтисоди ҷаҳонӣ бознигарии меъёру усулҳои ҳамкории иқтисодиро тақозо мекунад.

Тамоми талошҳо барои таъмини фаъолияти пурраи ИИАО ба манфиати шаҳрвандон ва соҳибкорони кишварҳо равона карда шаванд, афзуд ӯ.

Вай гуфт:

“Барои ноил шудан ба натиҷаҳои дилхоҳ танзими гумрукиро беҳтар кардан, истифодаи чораҳои гумрукӣ ва дигар намудҳои назорати ҳукуматро нисбат ба молҳое, ки кишварҳои узв тавассути гумрук интиқол медиҳанд, ба ҳадди ақалл кам кардан лозим аст”.

Вай ҳамчунин ба зарурати ҷорӣ кардан ва рушди низоми ягонаи транзити гумрукӣ ишора кард.

Ба гуфтаи ӯ, авлавияти мутлақ аз байн бурдани монеаҳо дар тиҷорати мутақобила мебошад. Вай афзуд, Арманистон низ ба масъалаи афзоиши саҳми арзҳои миллӣ дар тиҷорат аҳамияти хоса медиҳад.

Қаблан дар шаҳри Санкт-Петербург сарони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕАО) Эъломия дар бораи рушди минбаъдаро имзо карданд.

Эъломия ҳадафҳои иттиҳодияро барои давраи миёнамӯҳлат фаро мегирад. Аз ҷумла табдил додан ба макроминтақаи худкифоя, мутаносиб ва инкишофёфта дар барнома аст.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад