71 дарсад аз саҳюнистҳо хостори истеъфои Нетаняҳу шуданд

Бо гузашти беш аз 6 моҳ аз даври ҷадиди ҷиноёти режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ алайҳи фаластиниён, натоиҷи назарсанҷии расонаҳои саҳюнистӣ ҳикоят аз он дорад, ки 71 дарсад аз исроилиҳо хостори истеъфои Бенямин Нетаняҳу шуданд.

Ба гузориши шабакаи телевизионии “Кан” ва “Канали 12”- Исроил дар шашумин моҳ аз ҷиноёти режими саҳюнистӣ алайҳи Фаластиниён Ғазза натоиҷи назарсанҷиро мунташир кард, ки дар он 71 дарсад аз саҳюнистҳо хоҳони истеъфои нахуствазири режими саҳюнистӣ Бенямин Нетаняҳу шуданд.

Кан гузориш кард, ки 42 дарсад аз посухдиҳандагон таъкид доштанд, ки Нетаняҳу бояд фавран истеъфо кунад ва 29 дарсад аз ин 71 дарсад таъкид доштанд, ки Нетаняҳу бояд пас аз поёни ҷанги Ғазза аз симти худ ба унвони нахуствазири режими саҳюнистӣ канорагирӣ кунад ва танҳо 21 дарсад эътиқод доштанд, ки ниёзе ба истеъфои Нетаняҳу нест ва 8 дарсад аз посухдиҳандагон низ назари хоссе дар ин хусус надоштанд.

Аз тарафи дигар, 44 дарсад аз посухдиҳандагон таъкид доштанд, ки зарфи чанд моҳи оянда бояд интихобот баргузор шавад ва 22 дарсад бар ин бовар буданд, ки интихобот бояд зарфи соли оянда баргузор шавад ва 26 дарсад низ таъкид доштанд, ки интихобот бояд дар замони муқаррари худ яъне октябри 2026 баргзо шавад ва ҳашт дарсад низ назари хоссе надоштанд.

Тибқи назарсанҷии ин канали саҳюнистӣ 12, 50 дарсад аз саҳюнистҳо бар ин бовар буданд, ки бояд интихоботи зудҳангом баргзр шавад ва 41 дарсад мухолиф буданд ва 9 дарсад низ назари хоссе надоштанд.

Назарсанҷии Кан ҳамчунин нишон медиҳад, ки 45 дарсад аз посухдиҳандагон, Нетаняҳуро масъули рухдодҳои 6 моҳи ахир медонанд ва 35 дарсад раиси ситоди артиши режими саҳюнистӣ Ҳаретзи Ҳалавӣ ва Ронен Бар ва Шин Бетро муқассир медонанд ва танҳо се дарсад аз посухдиҳандагон, вазири ҷанги Исроил Ҷоао Галланро масъул медонанд.

Аз тараф дигар, 68 дарсад аз саҳюнистҳо мӯътақид буданд, ки амалкарди Нетаняҳу дар ҷанги Ғазза хуб набудааст ва танҳо 29 дарсад аз амалкарди ӯ ризоят доштанд.

Бахше аз назарсанҷии Кан ҳамчунин ба баҳси усарои исроилӣ дар Ғазза ишора кардааст, ки нишон медиҳад, ки 56 дарсад аз саҳюнистҳо таъкид доштанд, ки режими саҳюнистӣ иқдомоти кофӣ барои бозгардондани усарои исроилӣ анҷом надодааст.

Назарсанҷии шабакаи Кан тавассути муассисаи таҳқиқотии контор ба сурати интернитӣ анҷом гирифтааст ва назарсанҷии канали 12 низ тавассути муассисаи таҳқиқоти Мигдом ва аз тариқи интернит ва ҳамчунин ба сурати телефонӣ анҷом гирифтааст.

Пеш аз оғози ҷанги Ғазза низ ба сурати ҳафтагӣ тазоҳуротҳои густурдае дар Телавив ва дигар манотиқи арозии ишғолӣ алайҳи амалкарди Нетаняҳу баргузор мешуд, ки мӯътаризон дар он замон низ хоҳони истеъфои Нетаняҳу буданд, ки пас аз ҷанги Ғазза фишорҳо барои барканории нахуствазири режими саҳюнистӣ ташдид шудааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад