Шаҳид шудани 3 фарзанди раиси сиёсии Ҳамос

Манобеи хабарӣ аз шаҳодати се тан аз фарзандони раиси дафтари сиёсии ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) ва теъдоде аз набераҳои вай дар ҳамлаи режими саҳюнистӣ дар Ғазза хабар доданд.

Ба гузориши ТоҷикПресс, шабакаи Ал-ҷазира гузориш дод, ки дар пайи ҳамлаи режими саҳюнистӣ дар Ғазза се тан аз фарзандони Исмоил Ҳниая, раиси дафтари сиёсии ҷунбиши Ҳамос ва шуморе аз набераҳои вай ба шаҳодати расиданд.

Манобеи фаластинӣ номҳои шаҳидонро Ҳозим, Амир ва Муҳаммад” фарзандони раиси дафтари сиёсии Ҳамос эълом карданд.

Вокуниши Ҳания ба шаҳодати фарзандонаш дар пайи ҳамлаҳои режими саҳюнистӣ

Исмоил Ҳания зимни таъиди хабари шаҳодати 3 фарзанд ва теъдоде аз аз набераҳояш гуфт: Худовандро ба хотири ин ифтихоре, ки бо шаҳодати се фарзанд ва набераҳояш насиби мо кард, шукр мегӯям.

Вай афзуд, бо ин дардҳо ва хунҳо, мо барои миллат ва масъалаи Фаластин ва уммати худ умед, оянда ва озодӣ меофаринем.

Раиси дафтари сиёсии Ҳамос гуфт, ҳамаи сокинони Ғазза бо додани хуни фарзандони худ ин шаҳрро ҳифз кардаанд, ман ҳам аз ҷумлаи ин мардум ҳастам.

Ҳания таъкид кард, ки хуни фарзандонам ва фидокории онҳо барои озодӣ Қудс ва Масҷидулақсо аст.

Ҳамос
фарзандони Исмоил Ҳания
Пайкарҳои аъзои хонаводаи Ҳания

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад