Паёмадҳои ворид шудани Яман ба ҷанги Ғазза

Яман бо ворид шудан ба ҷанги Ғазза арсаро ба режими саҳюнистӣ бисёр танг шудааст ва саҳюнистӣ дар иқтисод ҳам бо чолишҳои ҷиддӣ рӯбарӯ шуданд

Яман бо ворид шудан ба ҷанги Ғазза нишон дод саҳнаи сиёси-низомии минтақаи ғарби Осиё дар ҳоли тағйир аст. Ин кишвар, инсиҷом ва якпорчагии меҳвари муқовиматро ба тасвир кашонд.

Қариби 40 рӯз пас аз оғози наслкушии режими саҳюнистӣ алайҳи борикаи Ғазза, Яман бо ҳамла ба киштиҳои саҳюнистӣ ё киштиҳои озими заминҳои ишғолӣ вориди ҷанги Ғазза шуд. Иқдоми Яман танҳо иқдоми амалӣ барои ҳимоят аз мардуми Ғазза дар муқобили ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ буд. Дар ин навишта ба шакли мухтасар, абъод ва паёмадҳои ин иқдоми яманиҳо баррасӣ хоҳад шуд.

Ҷанги режими саҳюнистӣ алайҳи Ғазза аз 7-и октябр оғоз шуд. Пас аз идомаи ҳамлаҳои режими саҳюнистӣ ва нотавонии ҷомеаи ҷаҳонӣ барои мутаваққиф кардани ин ҳамлаҳо, давлати наҷоти миллии Яман мустақар дар Санъо борҳо ҳушдор дод, дар сурати идомаи ҷанг, алайҳи режими саҳюнистӣ иқдом хоҳад кард.

Саранҷом низ ин ҳушдор дар таърихи 19-и ноябр бо ҳамла ба киштиҳои муртабит бо режими саҳюнистӣ, ҷанбаи амалиётӣ пайдо кард. Яманиҳо аз 19-и ноябр то рӯзҳои охири феврали 2024 ҳаддиақал 57 ҳамла ба киштиҳои тиҷоратӣ ва низомӣ дар Дарёи Сурх ва Халиҷи Адан анҷом додаанд.

Идомаи наслкушии режими саҳюнистӣ дар Ғазза ва ҳамчунин ҳимояти ҳамаҷонибаи Амрико ва се кишвари Фаронса, Олмон ва Бритониё ба ҳамроҳи сукути маргбори кишварҳои арабӣ, се омили аслӣ буд, ки сабаб шуд яманиҳо алайҳи режими саҳюнистӣ вориди ҷанг шаванд. Иқдоми яманиҳо аз ин ҷиҳат арзиши бештаре дошт, ки ин кишвар аз соли 2015 ба муддати 8 сол даргири ҷанги нобаробар бо Арабистони Саудӣ буд, ҷанге, ки сабаб шуд Яман то пеш аз ҷанги Ғазза, дар садри фоҷеаи инсонии ҷаҳонӣ қарор дошта бошад.

Паёмадҳои иқдоми яманиҳо

Иқдоми яманиҳо чанд паёмади муҳим дошт. Паёмади нахуст ин буд, ки яманиҳо ба ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳподӣ алайҳи киштиҳои озими заминҳои ишғолӣ, тавонмандии низомии худро нишон доданд. Ин ҳамалот нишон дод бозигари ҷадиде дар саҳнаи низомӣ ва амниятии ғарби Осиё зуҳур кардааст.

Паёми дувум ин буд, ки бо ин ҳамлаҳо, режими саҳюнистӣ таҳти фишор қарор гирифт. Ин режим пас аз ҷанг дар ҷабҳаи Ғазза дар ҷануб ва Ҳизбуллоҳи Лубнон дар шимол, бояд бо яманиҳо ҳам вориди ҷанг мешуд. Даргир шудан дар чанд ҷабҳаи ҷанг, фишори бештари афкори умумӣ дар дохили заминҳои ишғолиро дар пай доштааст.

Паёмади муҳими дигар ин буд, ки режими саҳюнистӣ иқдоме алайҳи Яман анҷом надод, зеро тавони даргирӣ дар ҷабҳаи севумро надошт. Аз ин рӯ, Амрико ба ҳамроҳи чанд кишвари дигар иқдоми низомӣ алайҳи Яман анҷом доданд. Иқдоми Амрико собит кард, ки амалан ҳуқуқи башар маъное пайдо намекунад.

Паёмади чаҳорум иқдоми яманиҳо, шиддат гирифтани фишорҳои иқтисодии режими саҳюнистӣ буд. Режими саҳюнистӣ дар асари ҷанги Ғазза бо афзоиши мушкилоти иқтисодӣ, аз ҷумла бекорӣ ва таваррум мувоҷеҳ шуд. Ҳамла ба киштиҳои муртабит бо режими саҳюнистӣ ҳамла ба шараёни иқтисодии ин режим буд. Бар асоси оморҳои Бонки ҷаҳонӣ, 34 дарсад аз тавлиди нохолиси дохилии режими саҳюнистӣ ба тиҷорати коло бастагӣ дорад. Ин режим наздик ба 99 дарсад колоҳои мубодилотии худро аз тариқи оброҳҳо ва киштиронӣ ворид ва содир мекунад.

Бахши умдае аз ин воридот, шомили маводи ғизоие аст, ки дар заминҳои ишғолӣ қобили тавлид нест ва ҳамин се меъёр ба равшанӣ ба Яман нишон дод куҷоро ҳадаф қарор диҳад. Таъсири фаврии ҳамлаи Яман бар тиҷорати дарёии режим саҳюнистӣ, худро дар тағйири масири киштиҳо ва интихоби роҳҳои тӯлонитар нишон дод.

Телавив ҳамчунин ночор шуд ба ҳамлу нақли пурҳазинаи ҳавоӣ мутавассил шавад ва дар ин миён нархи биманомаи киштиҳое, ки колои мавриди ниёзи режими саҳюнистиро ҳамл мекунанд, ҳар рӯз болотар рафт. Тахмин зада мешавад, ки аз замони шуруи ҳамлаҳои яманиҳо, бандари аслии Фаластини ишғолӣ дар Илот 85 дарсад коҳиши фаъолият доштааст.

Паёмади муҳими дигар, шикасти Амрико дар иҷмоъсозӣ алайҳи Яман буд. Амрикоиҳо ба Яман дар бораи идомаи ҳамлаҳо алайҳи киштиҳои озими заминҳои ишғолӣ ҳушдор доданд, аммо яманиҳо ба ин ҳушдорҳо таваҷҷуҳе накарданд.

Саранҷом Амрико бо ташкили иътилофе муташаккил аз 10 кишвар ҳамлаҳоеро алайҳи яманиҳо анҷом дод. Иътилофи Амрико дар шароите ташкил шуд, ки аз миёни кишварҳои арабӣ танҳо Баҳрайн буд, ки дар ин иътилоф узвият пайдо кард. Сафарҳои мукаррари мақомоти амрикоӣ ба минтақаи ғарби Осиё ва дидори онҳо бо мақомоти арабӣ сабаби узвияти дигар кишварҳои арабӣ ба хусус Арабистони Саудӣ дар иътилофи зидди Яман нашуд. Амрико ҳатто бори дигар Ансоруллоҳро ба феҳристи террористии худ афзуд, аммо ин иқдом ҳам сабаби таваққуфи ҳамлаҳои яманиҳо ба киштиҳои озими заминҳои ишғолӣ нашуд.

Ин шикаст дар канори ҳазинаҳое, ки Амрико ба хотири ҳамроҳӣ ва ҳимоят аз режими саҳюнистӣ дар наслкушии мардуми Ғазза пардохт кард ва дар шаҳрҳои мухталифи ҷаҳон, мардум бо баргузории тазоҳуроти зидди амрикоӣ, ҳимоят аз ин ҷиноятро маҳкум карданд, сабаб шуд Амрико аз бозндагони аслии ҷанги Ғазза бошад. Ин мавзуъ низ яке аз далелҳои афзоиши ихтилоф миёни давлати Ҷо Байден дар Амрико ва кобинаи Бенёмин Нетаняҳу аст.

Нуктаи муҳими дигар дар бораи иқдоми Яман ин аст, ки аҳамияти геополотикии Яман барҷаста шуд ва дар айни ҳол, ин иқдом сабаби таваҷҷуҳи бештари афкори умумии ҷаҳон ба наслкушии режими саҳюнистӣ дар Ғазза шуд.

Солона қариби 17 ҳазор киштии тиҷоратӣ ва нефтӣ барои ҳамли коло ва нефт байни Осиё ва Аврупо аз тангаи Бобулмандаб убур мекунанд. Дар воқеъ ба таври тақрибӣ ҳар рӯз 50 киштӣ дар ин маҳдуда дар ҳоли рафту омад буда ва умдаи амалиёти нерӯҳои яманӣ низ дар ин маҳдуда дар ҷануби Дарёи Сурх сурат мегирад.

Паёмади муҳими дигар низ ин буд, ки ҳамла ба киштиҳои муртабит бо режими саҳюнистӣ бори дигар паштвонаи мардумии давлати “Наҷоти миллии Яман”-ро ба тасвир кашид. Бо вуҷуди инки, мардуми Яман 8 сол ҷангро пушти сар гузошта ва хисоратҳои инсонӣ ва моддии сангинеро таҷриба кардаанд, аммо аз иқдоми давлати Наҷоти миллӣ дар ҳамла ба киштиҳои озими заминҳои ишғолӣ ҳимоят карда ва ҳамлаҳои Амрико ва муттаҳидонаш алайҳи Яманро низ маҳкум карданд. Ҳузури миллионии мардуми Яман дар тазоҳуроти ҳафтагӣ ба хусус дар Саъда ва Санъо, ба навъе қудратнамои давлати Наҷоти миллии ин кишвар ҳам дар муқобили рақибони дохилӣ ва ҳам дар муқобили душмани берунӣ буд.

Натиҷа

Яман бо ворид шудан ба ҷанги Ғазза нишон дод саҳнаи сиёсӣ-низомии минтақаи ғарби Осиё дар ҳоли тағйир аст. Ин кишвар инсиҷом ва якпорчагии меҳвари муқовиматро ба тасвир кашонд. Ҳокимони арабии муддаӣ дар минтақаи ғарби Осиё ба хотири сукут ва инфиол дар қиболи наслкушии режими саҳюнистӣ зери савол рафтаанд. Иқдоми Амрико алайҳи яманиҳо бори дигар чеҳраи ин кишварро назди афкори умумии ҷаҳонӣ беш аз гузашта тахриб кард, зеро дар ҳимоят аз режими саҳюнистӣ ҳатто талош ба иқдоми низомӣ кард, аммо наслкушии режими саҳюнистӣ алайҳи мардуми Ғаззаро мисдоқи дифои машруи таъриф кард. Иқдоми Яман бар мушкилоти дохилии режими саҳюнистӣ аз ҷумлаи мушкилоти иқтисодии он афзудааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад