Фалаҷ шудани иқтисоди режими саҳюнистӣ бо мушкаҳои Лубнон

Тарси шаҳракҳои шимоли Фаластини ишғолӣ дар натиҷаи амалиётҳои Ҳизбуллоҳи Лубнон сабаби зарбаи шадид ба иқтисоди Исроил шудааст.

Тарсу ваҳшати ҳоким бар шаҳракҳои шимоли Фаластини ишғолӣ дар натиҷаи амалиётҳои Ҳизбуллоҳи Лубнон сабаби таътилии тиҷорат ва тавлид ва ҳамчунин хисорати иқтисодии ҳангуфт ба саҳюнистҳо шудааст.

Ба нақл аз пойгоҳи шабакаи Ал-Маёдин, баъд аз амалиёти Тӯфони Ақсо ва вуруди Ҳизбуллоҳ ба хатти муқобила бо режими ишғолгари саҳюнистӣ, ҷабҳаи шимоли Фаластини ишғолӣ дар бахши иқтисодӣ хисоратҳои фаровоне ба худ дидааст.

Сайидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳ дар нахустин суханронии худ баъд аз оғози набарди Тӯфони Ақсо эълон кард, ки муқовимати исломии Лубнон аз 8-и октябр вориди ин набард шуд ва ба шакли асосӣ ҷабҳаи шимолии заминҳои ишғолиро таҳти таъсир қарор додааст.

Дар заминаи вазъияти нобасомони шаҳракҳои шимоли Фаластини ишғолӣ низ рӯзномаи амрикоии «Вол стрейт журнал» гузориш дод, ки 230 ҳазор шаҳракнишини исроилӣ дар минтақаи шимолӣ овора шудаанд.

Расонаҳои саҳюнистӣ низ аз тарс ва ваҳшати ҳоким бар шаҳракҳои шимолӣ хабар дода ва эълон карданд, ки ин шаҳракҳо холӣ аз сокинон ва табдил ба шаҳри рӯҳҳо шудаанд.

Табиатан бо тахлияи шаҳракҳо ва таътилии касбу кор, иқтисод низ дар заминаҳои мухталифи он дучори хисоратҳои сангин мешавад ва ин ҳамон чизе аст, ки Тумар Фазлун, коршиноси иқтисодӣ дар донишгоҳи Телавив ба он ишора карда ва мегӯяд: таниш дар минтақаи шимолӣ ба иқтисоди ин минтақа дар тӯлонимуддат таъсири зиёде хоҳад гузошт.

Осебҳои шадид дар бахши кишоварзӣ

Вазорати кишоварзии режими саҳюнистӣ ахиран эълон кард, ки мазрааҳои шимоли Исроил (Фаластини ишғолӣ) бештарин мизони тавлидоти ғизоии исроилиҳоро таъмин мекунанд; ба тавре, ки 70 дарсад аз мурғҳои тухмгузор дар манотиқи Ал-Ҷалил ва Ҷавлон ҳастанд ва 40 дарсад аз меваҳои шебҳи устувоӣ низ дар мазрааҳои шимолӣ кишт мешаванд ва ин дар ҳоле аст, ки акнун бахши зиёде аз онҳо тахлия шуда ва наметавонанд фаъолият кунанд.

Рӯзномаи ибризабони иқтисодии Голубс низ дар гузорише дар ин бора таъкид кард, ки ниме аз тавлидоти Исроил вобаста ба мазрааҳои шимолӣ аст, ки дар 5 километрии марзҳои Лубнон қарор доранд.

Аз тарафи дигар рӯзномаи саҳюнистии Идиут Оҳорунут бо ишора ба хисоратҳои ҳангуфти бахши кишоварзии ин режим дар натиҷаи идомаи ҷанг бо Ҳизбуллоҳ эълон кард, ки тарс аз ҳамлаҳои Ҳизбуллоҳ хисоратҳои молии зиёде ба бахши кишоварзӣ дар минтақаи шимолӣ ворид карда ва мазрааҳои ин минтақа тавони фаъолият надоранд. Мизони хисорати иқтисодӣ дар ин бахш беш аз 131 миллион доллар арзёбӣ мешавад.

Бар асоси ин гузориш, ҳамчунин кишоварзон дар шимол мегӯянд, ки наметавонанд ба мазрааҳои худ дар наздикии марзҳо бираванд ва дучори хисорати дуҷониба шудаанд; ба тавре, ки акнун наметавонанд амалиёти бардошти меваҳои себ ва овукоду ва кивӣ ва ғайраро анҷом диҳанд ва аз сӯи дигар наметавонанд парвариши маҳсул барои фасли баъд намебошанд. Ин дар ҳоле аст, ки ниҳодҳои марбутаи исроилӣ ҳанӯз тарҳе барои ҷуброни хисорати кишоварзон ироа надодаанд.

Дубай Омитой, раиси анҷумани кишоварзони режими ишғолгар дар ин замина гуфт, дар ҳар минтақае, ки дар тирраси тарафи лубнонӣ бошад, наметавон зироат кард ва арзёбии хисоратҳо дар ин замина бисёр душвор аст. Мо акнун наметавонем ба сифр то 2 километрии ҳисори марзӣ наздик шавем ва ҳамчунин наметавонем дарахтҳоро барои фасли ҷадид омода кунем. Себҳо рӯи дарахтҳо монда ва пӯсида шудаанд ва имкони парвариши дубораи онҳо вуҷуд надорад.

Аз сӯи дигар расонаҳои саҳюнистӣ гузориш доданд, ки корхонаи Бри Ҳеглил, махсуси меваҳои минтақаи Ал-Ҷлил дар шаҳраки Ҳетсор Ҳогилият маҷбур шуда баъд аз таътилии яке аз бахшҳои тавлиди худ, ниме аз кормандонашро ихроҷ кунад.

Хисоратҳо дар бахши санъат

Рӯзнома Моркери режими саҳюнистӣ дар гузорише дар бораи осебҳои бахши санъати ин режим дар ҷабҳаи шимолӣ баъд аз ҷанг бо Ҳизбуллоҳ ба нақл аз Рон Томр, раиси иттиҳоди кишоварзони исроилӣ эълон кард, ки садҳо тан аз соҳибони корхонаҳои бузург дар Ал-Ҷалил хостори ҳимоят ва низ таҳкими сохтмонҳои худ ҳастанд, то коргарон битавонанд ба сари кор бозгарданд. Корхонаҳои шимол ва Ал-Ҷалил  одат ба ин вазъият надоранд ва бисёре аз онҳо дар манотиқи ғайри ҳифозатшуда қарор доранд ва дар тирраси мушакҳои ҷунбиши муқовимати Ҳизбуллоҳи Лубнон ҳастанд.

Вазорати иқтисоди режими саҳюнистӣ низ эълон кард, ки 85 корхонаи бузург дар шимол ва Ал-Ҷалил тавлидҳои худро то 70 дарсад коҳиш додаанд ва ин ба хотири камбуди нерӯи кор ва тарсидан аз ҳузур дар минтақаи шимолӣ дар сояи ҳамлаҳои Ҳизбуллоҳ аст. Даҳҳо корхонаи кӯчак низ дар наздикии марзҳо таътил шудаанд ва ҷоддаҳо ва меҳварҳои аслӣ то корхонаҳо аз тарси мушакҳои Ҳизбуллоҳ таътил аст. Тибқи баёнияи ин вазоратхона аз замони оғози амалиёти Тӯфони Ақсо токунун наздик ба 15 ҳазор бахши тиҷорӣ ва корхона дар шимол ва ҷануби Фаластини ишғолӣ таътил шудааст.

Аммо мушкил барои саҳюнистҳо замоне бештар мешавад, ки ҳеҷ чашмандозе дар бораи боздорандагии артиши Исроил дар ҷабҳаи шимолӣ вуҷуд надорад. Аз тарафи дигар муқовимати Лубнон низ ҳамчунон ба амалиётҳои худ идома дода ва қасд надорад ҳеҷ гуна тазмини амниятӣ ба саҳюнистҳо бидиҳад.

Ин вазъият сабаб шудааст, то дарсади болое аз шаҳракнишинони сокини минтақаи шимоли Фаластини ишғолӣ ҳаргуна бозгашт ба ин шаҳракҳоро рад кунанд. Ба ин тартиб ҳаргуна шартбандӣ рӯи тавсеа ва рушди санъат дар манотиқи марзии Фаластини ишғолӣ ҳатто дар давраи баъд аз ҷанг ҳам бо шикаст мувоҷеҳ мешавад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад