Тасвиби се қатънома ба суди Фаластин дар ЮНЕСКО

ИКНА - Шӯрои иҷроии Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО) пас аз тасвиб ду қатънома дар ҳимоят аз Фаластин дар рӯзи чаҳоршанбе, тайи нишасти рӯзи ҷумъаи худ, ки дар Париж пойтахти Фаронса баргузор шуд, севумин қатъномаро низ ба нафъи Фаластин тасвиб кард.

Ба гузориши Алҷазира, Шӯрои иҷроии Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО) рӯзи ҷумъа, севумин қатъномаро низ ба нафъи Фаластин тасвиб кард.

Вазорати умури хориҷаи ташкилоти худгарони Фаластин дар баёнияе эълом кард: ЮНЕСКО рӯзи ҷумъа пас аз тасвиби ду қатънома ба иттифоқи оро, қатъномаи севумеро бо унвони: «Таъсир ва паёмадҳои вазъияти кунунии Навори Ғазза бар тамоми абъоди маъмурияти ЮНЕСКО» ба тасвиб расонд. Ду қатъномаи пешин дар заминаи Фаластини ишғолӣ ва муассисоти фарҳангӣ ва омӯзишии Фаластин будааст.

Риёзул-Моликӣ, вазири умури хориҷаи ташкилоти худгардони Фаластин аз тасвиби қатъномаи севум истиқбол кард ва гуфт: судури қатъномаҳо барои ҳифзи ҳуқуқи мардуми Фаластин дар ҳавзаҳои кории ЮНЕСКО бо таваҷҷуҳ ба ҷиноёт ва нақзи қавонин аз сӯи ишғолгарон ба вижа дар Навори Ғазза ҳоизи аҳамият аст.

Вай идома дод: тасвиби ин қатъномаҳо гувоҳӣ бар тавонои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар амал ба масъулиятҳои худ аз тариқи муқобила бо тахаллуфот ва расади осебҳо барои иҷрои як барномаи иқдоми фаврӣ барои ҳифозат аз мардуми Фаластин, мероси фарҳангӣ ва таърихи онҳо аст, ки аз сӯи режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ таҳдид мешавад. Ин иқдомот ҳамчунин барои бозсозии Навори Ғазза низ зарурат дорад.

Бар асоси баёнияи вазорати умури хориҷаи ташкилоти худгардони Фаластин, Шӯрои иҷроии ЮНЕСКО рӯзи чаҳоршанбе ба иттифоқи оро ду қатъномаи «Фаластини ишғолӣ ва муассисоти фарҳангӣ ва омӯзишӣ»-ро дар робита бо давлати Фаластин тасвиб карда буд.

Тасвиби ин се қатънома дар сояи ҳамлаи ҳамаҷонибаи режими ҷинояткор ва кӯдаккуши саҳюнистӣ алайҳи Ғазза анҷом шуда, ки илова бар шаҳодати беш аз 32 ҳазор Фаластиние, ки бештари онҳоро кӯдакон ва занон ташкил медиҳанд, мунҷар ба вайрониҳои азим шудааст. Аз сӯе қаҳтӣ ва камбуди об ва маводди ғизоӣ ҷони бисёре аз мардумро гирифта ва режими палид ва хуношоми саҳюнистӣ ба далели ин иқдомот барои нахустин бор бо иттиҳоми иртикоби наслкушӣ дар девони байналмилалии додгустарӣ мувоҷеҳ шудааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад