Имрӯз, Фаластин ва Ғазза масъалаи дараҷаи яки байналмилалӣ аст

Дар масоили муҳими байналмилалӣ, имрӯз, масъалаи Фаластин ва Ғазза масъалаи дараҷаи як аст. Дар ин замина ҳам ман чанд ҷумлаеро арз мекунам. «Муқовимат» дар минтақаи ғарби Осиё имрӯз масъалаи асосие аст, ки дунёро ба худаш мутаваҷҷеҳ кардааст. Аз чанд зовия мешавад ба масъалаи Фаластин нигоҳ кард.

Аввалан қазоёи Ғазза нишон дод, ки чӣ зулм ва чӣ зулмате бар дунё ҳоким аст. Ин дунёи ғарб, ин дунёи ба истилоҳ мутамаддин, ки иддаои ҳуқуқи башар ва амсоли инҳо мекунанд, нишон доданд, ки чӣ зулмате бар зиндагӣ, афкор ва амали инҳо ҳоким аст. Дар зарфи муддати кутоҳе беш аз сӣ ҳазор нафар аз кӯдаки навзод то навҷавонҳо, ҷавонҳо, пирон, занону мардон ва беморон қатли ом ва нобуд мешаванд, хонаҳояшон хароб мешавад ва зерсохтҳои кишварашон аз байн меравад ва дунёи мутамаддин нигоҳ мекунад; на фақат пешгирӣ намекунад, ки кумак ҳам мекунад! Дар ҳамон рӯзҳои аввали таҳоҷуми ваҳшиёнаи режими саҳюнистӣ ба мардуми Ғазза, амрикоиҳо мураттаб рафтуомад карданд, аврупоиҳо яке пас аз дигарӣ доиман рафтуомад карданд, ҳамроҳӣ ва пуштибонии худашонро аз ҷинояткорони саҳюнист нишон доданд, сареҳан эълом карданд; фақат ҳам эълом набуд, силоҳ ва имконот фиристоданд, анвоъ ва ақсоми кумакҳоро карданд. Зулмати дунёи имрӯз ин аст. Мо имрӯз бо ин дунё мувоҷеҳе . Ин як нигоҳ; ин нигоҳ аз як зовия, ки нишондиҳандаи вазъияти дунёи имрӯз буд.

Аз зовияи дигар, ки нигоҳ кунем, ин қазия ҳаққонияти ташкили ҷабҳаи муқовиматро нишон дод. Баъзе матраҳ мекарданд, ки хуб ин ҷабҳаи муқовимат дар ғарби Осиё чӣ лузуме дошт; нишон дода шуд, ки ҳузури ҷабҳаи муқовимат дар ин минтақа ҷузви ҳаётитарин масоил аст ва рӯз ба рӯз ҳам бояд ин ҷабҳаи муқовимат тақвият бишавад. Табиӣ аст инсонҳое, ки виҷдони бедор доранд, дар ин минтақа, вақте зулми саҳюнистҳоро мебинанд, ки ҳафтод сол аст, ин зулм идома дорад, сокиту ором нанишинанд ва ба фикри муқовимат биафтанд; ташкили ҷабҳаи муқовимат барои ин аст; барои мувоҷиҳа бо ин зулми мустамари доимии ҷинояткорони саҳюнистӣ зидди миллати Фаластин ва ҳомиёни Фаластин аст.
Аз як зовияи дигар ба ин масъала нигоҳ кунем, мебинем, ки дар ин чанд моҳи ахир, ҷабҳаи муқовимат аз вазъи воқеии худ рӯнамоӣ кард. Шояд на амрикоиҳо, на ғарбиҳо ва на давлатҳои минтақа қудрати муқовимат ва тавоноии муқовимат дар ин минтақаро, он тавре ки воқеан вуҷуд дошт ва вуҷуд дорад, намедонстанд ва ҳоло фаҳмиданд. Ин муқовимати Фаластинро шумо нигоҳ кунед! Ин сабри мардуми мазлуми Ғаззаро бибинед! Ин ирода ва ангезаи муборизони муқовимати фаластинӣ аз Ҳамос ва бақияи гурӯҳҳоро мушоҳида кунед! Ин қудрати ирода дар муқовиматро дар Лубнон, Яман ва Ироқ бибинед! Муқовимат ин аст ва аз вуҷуди воқеӣ ва тавоноиҳои худ ва аз вазъи худ рӯнамоӣ кард ва ба дунё нишон дод, ки муқовимат чист. Ҳамаи муҳосиботи Амрикоро инҳо ба ҳам рехтанд. Амрикоиҳо дар садади он буданд, ки бо ҳузури худашон бар ҳамаи авзоъ ва аҳволи ин минтақа ҳокимият пайдо кунанд; чӣ дар Ироқ, чӣ дар Сурия, чӣ дар Лубнон ва чӣ дар ҳамаи минтақа; бо як муҳосибаи ғалат чунин фикре мекарданд; қудрати муқовимат ин муҳосибаро ба ҳам рехт ва нишон дод, ки чунин чизе мумкин нест ва амрикоиҳо наметавонанд дар ин минтақа бимонанд ва ночоранд минтақаро тахлия кунанд.

Як нукта ва зовияи дигар барои дидани ин масъала ин аст, ки вазъияти режими саҳюнистӣ ҳам барои ҳама равшан шуд. Маълум шуд, ки режими саҳюнистӣ на фақат дар ҳифозат аз худ дучори буҳрон аст, балки дар берун омадан аз буҳрон ҳам дучори буҳрон аст вақте дар ботлоқ гир мекунад, наметавонад худашро наҷот бидиҳад. Вуруди режими саҳюнистӣ дар Ғазза барои ӯ эҷоди ботлоқ кард; имрӯз агар аз Ғазза берун бияёд, шикаст хӯрда ва берун ҳам наёяд, шикасти хӯрдааст. Вазъи режими саҳюнистӣ ин тавр аст. Ҳамин таноқузе, ки дар тасмимҳои онҳо вуҷуд дорад ва саргиҷае, ки ба он дучоранд, сабаб шуда дар дохили режими саҳюнистӣ ихтилофоти амиқ байни масъулони режими саҳюнистӣ ва байни худашон ба вуҷуд бияёд, ки натавонанд тасмим бигиранд. Имрӯз режими саҳюнистӣ наметавонад тасмим бигирад; ин ӯро ба суқути ҳар чӣ бештар “ин шоа Аллоҳ” наздик мекунад.
Ва аммо Амрико. Амрико дар масъалаи Ғазза бадтарин вазъияти мумкинро дар пеш гирифт ва бадтарин вазъияти мумкинро дар минтақаи Ғазза интихоб кард; коре кард, ки дар ҳамаи ҷаҳон манфур шуд. Ин касоне, ки дар хиёбонҳои Лондон ва Порис ва бақияи кишварҳои аврупоӣ ва худи Амрико ба нафъи Фаластин тазоҳурот мекунанд, инҳо дар воқеъ эъломи нафрат аз Амрико мекунанд. Амрико дар дунё манфур шуд; дар минтақа манфур буд ва даҳ баробар бештар манфур шуд. Ҳам фаҳмашон аз масоили минтақа ғалат аст ва ҳам тасмимҳояшон, ки бар асоси ин фаҳм мегиранд, ғалат аст. Дар ҳар куҷои ин минтақа дар Яман, Ироқ, Сурия ва Лубнон ҳар иқдоме аз сӯи неруҳои муборизу шуҷои муқовимат анҷом мегирад, амрикоиҳо дар муҳосиботашон онро ба Эрон нисбат медиҳанд ва қатъан ин муҳосибаи ғалат, Амрикоро билохира ба зону дархоҳад овард. Мардумро намешиносанд ва ба миллатҳо ва ҷавонони шуҷои ин миллатҳо ҳам иҳонат мекунанд; инҳо худашон аҳли фикру ирода ва шуҷоъ ҳастанд ва азми росих доранд.

Мо, албатта, аз муқовимат дифоъ мекунем. Мо то он ҷое, ки бароямон имкон дошта бошад, аз гурӯҳҳои муқовимат ҳимоят ва пуштибонӣ ҳам мекунем, аз кори онҳо тамҷид ҳам мекунем, аммо онҳо худашон ҳастанд, ки тасмими мегиранд ва ҳаракат мекунанд ва дар ин ҳаракат ҳақ бо онҳост. Мо муътақидем, ки ба василаи вуҷуди режими саҳюнистӣ, зулми бузурге дар минтақа дар ҳоли анҷом аст; ин зулми бисёр бузургест, ки даҳҳо сол аст идома дорад ва бояд қатъ бишавад. Ҳар касе дар ин ҷиҳоди бузург ва инсонӣ ва исломӣ ва ҷиҳоди виҷдонӣ вориди бишавад, мо тарафдори ӯ ҳастем ва аз ӯ ҳимоят мекунем ва ба ӯ кумак мекунем ва ба тавфиқи илоҳӣ ва ба ҳавлу қувваи илоҳӣ ба мақсуди худамон ҳам ноил хоҳем шуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад