Таркише дар Қандаҳор қариб 40 куштаву захмӣ бар ҷой гузошт

Бар асоси гузоришҳо дар пайи таркише дар муқобили Кобул Бонк дар Қандаҳор ҳуҳуди 40 нафар куштаву захмӣ шуданд.

Ба гузориши ТоҷикПресс, манобеи хабарии Қандаҳор гузориш доданд, ки дар пайи таркише дар муқобили намояндагии Кобул Бонк дар Қандаҳор, ҳадди ақал 19 нафар кушта ва беш аз 20 нафар захмӣ шуданд.

Тибқи ин гузориш, ин ҳодиса соати 9:00 субҳи имрӯз (панҷшанбе) ба вақти маҳаллӣ дар чорроҳи шаҳидон дар минтақаи аввали шаҳри Қандаҳор рух додааст.

Бар асоси гузоришҳо, ин таркиш дар байни ҷамъомади неруҳои Толибон, ки барои гирифтани маоши худ ба Кобул Бонк муроҷиъат карда буданд, сурат гирифтааст.

То ҳол аз моҳият ин таркиш гузорише дар даст нест ва ҳануз ҳеҷ гуруҳе масъулияти онро бар уҳда нагирифтааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад