Гуфтугӯи вазири хориҷаи ИМА бо мақомоти Саудӣ дар бораи Ғазза

Вазири хориҷаи Амрико дар сафари ба Арабистони Саудӣ бо мақомоти ин кишвар дидор ва гуфтугӯ кардааст.

Антуни Блинкин, вазири хориҷаи Амрико, ки имрӯз вориди Ҷидда шудааст, бо Файсал ибни Фарҳон Оли Сауд, вазири хориҷаи Арабистон ва Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди ин кишвар дидор ва гуфтугӯ кард.

Вазорати хориҷаи Амрико дар баёнияе изҳор дошт, ки Блинкин бо вазири хориҷаи Арабистон дар бораи “ниёзи мубрам ба муҳофизат аз тамоми ғайринизомён дар Ғазза ва афзоиши фаврии кумакҳои инсонӣ” гуфтугӯ кард.

Тибқи ин баёния, Блинкин ҳамчунин бар “аҳамияти ҳамоҳангиҳои наздик бо шарикони минтақаӣ ва байналмилалӣ барои ҳалли даргириҳо дар Ғазза ва омода шудан барои марҳалаи пасоҷанг” таъкид кард.

Сафар ба Арабистон аввалин бахш аз сафарҳои Блинкин ба Ховари Миёна аст ва Ӯ қарор аст рӯзи панҷшанбе озими Миср шавад.

Блинкин ҳамчунин барои шашумин бор аз замони оғози ҷанги Ғазза вориди Фаластини ишғолӣ хоҳад шуд. Сухангӯи Вазорати хориҷаи Амрико гуфт, ки Блинкин дар он сафар бар “зарурати итминон аз шикасти Ҳамос аз ҷумла дар Рафаҳ, ҳамзамон бо муҳофизат аз ҷамъияти ғайринизомиён” таъкид хоҳад кард.

Давлати Амрико аз замони оғози ҷанг дар Ғазза аслитарин ҳимоятгари режими кӯдаккуши Исроил буда ва ба шаклҳои мухталиф аз ҷумла ветои қатъномаҳои оташбас ва ирсоли таслиҳот ба оташи ҷанг дамидааст.

Чандин гузориши расонаҳои ғарбӣ дар рӯзҳои гузашта ҳикоят аз он дорад, ки давлати Ҷо Байден ба Исроил барои анҷоми амалиёт дар Рафаҳ чароғи сабз нишон додааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад