Хатари марги дастаҷамъӣ дар Ғазза наздик аст

Яке аз ниҳодҳои байналмилалии муртабит бо Созмони Милал ҳушдор додааст, ки дар бархе манотиқи Ғазза, камбуди маводди ғизоӣ аз сатҳи қаҳтӣ убур карда ва маргҳои дастаҷамъӣ наздик аст.

Ниҳоди байналмилалии нозир бар сатҳи гуруснагӣ дар ҷаҳон рӯзи гузашта (душанбе) дар гузорише ҳушдор дод, ки камбуди ғизои шадид дар бахшҳое аз Навори Ғазза аз сатҳи қаҳтӣ убур кардааст ва дар сурати адами оташбаси фаврӣ ва афзоиши ирсоли маводди ғизоӣ ба ин манотиқ, хатари марги дастаҷамъӣ дар Ғазза наздик хоҳад буд.

Хабаргузории Рейтер гузориш кард, тибқи табақабандии якпорчаи сатҳи амнияти ғизоии (IPC), ки арзёбиҳои он мавриди таъйиди ниҳодҳои Созмони Милал аст, 70 дарсад аз Фаластиниён дар бахшҳое аз шимоли Ғазза бо шадидтарин сатҳи камбуди маводди ғизоӣ мувоҷеҳ ҳастанд, ки беш аз се баробари остонаи 20 дарсадӣ аст, ки қаҳтӣ маҳсуб мешавад.

Гар чи IPC эълом карда, ки додаҳои кофӣ дар хусуси нархи маргу мири ношӣ аз қаҳти дар Ғаззаро дар ихтиёр надорад, аммо баровард кардааст, ки сокинони ин бахшҳо ба зудӣ бар асари қаҳтӣ аз байн мераванд яъне аз ҳар 10 ҳазор нафар, ду нафар дар рӯз бар асари гуруснагӣ ё суъи тағзия ва беморӣ мемиранд.

Вазорати беҳдошт ва тандурустии Ғазза эълом кардааст, ки токунун 27 кӯдак ва се фарди бузургсол бар асари суъи тағзия ҷон бохтаанд.

Ин ниҳоди байналмилалӣ дар гузориши худ навиштааст «иқдомоти лозим барои ҷилавгирӣ аз қаҳтӣ ниёзманд тасмимоти сиёсии фаврӣ барои оташбас ба ҳамроҳи афзоиши чашмгир ва фаврӣ дастрасии инсондӯстона ва тиҷорӣ ба кулли мардуми Ғазза аст».

Дар маҷмӯъ, 1.1 миллион нафар аз мардуми Ғазза, ки ними аз ҷамъияти ин минтақаро ташкил медиҳанд, камбуди «фоҷиабори» маводди ғизоиро таҷриба кардаанд ва 300 ҳазор нафар аз онҳо дар манотиқе аз Ғазза ҳастанд, ки дар ҳоли ҳозир бо чашмандози маргу мири ношӣ аз қаҳти рӯбарӯ ҳастанд.

Сарони ғарбӣ низ танҳо дар ҳафтаҳои ахир ба ибрози нигаронӣ басанда кардаанд ба тавре ки масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Ҷозеп Баррел дар ҷараёни як конфронси марбут ба имдодрасонӣ ба Ғазза гуфт «дар Ғазза, мо дигар дар остонаи қаҳти нестем. Мо дар вазъияти қаҳтӣ ҳастем…гуруснагӣ ба унвони як силоҳи ҷангӣ истифода мешавад. Исроил дар ҳоли эҷоди қаҳтӣ аст».

Аз тарафи дигар, вазири хориҷаи режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ низ ингуна вокуниш нишон дод, ки Ҷозеп Баррел «бояд ҳамла ба Исроилро мутаваққиф кунад ва ҳаққи мо барои дифоъ аз худ дар муқобили ҷиноёти Ҳамосро ба расмият бишносад».

Дабири кулли Созмони Милал, Антонио Гутерриш, гузориши  IPC-ро як иттиҳоми ваҳшатнок тавсиф кард ва гуфт, ки Исроил бояд иҷозаи дастрасии комил ва бидуни маҳдудият ба тамоми манотиқи Ғаззаро барои имдодрасонӣ бидиҳад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад