Соли 1403 соли «Ҷаҳиши тавлид бо мушорикати мардум»

Оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар паёме ба муносибати оғози соли 1403 ҳиҷрӣ-шамсӣ, соли ҷадидро соли «Ҷаҳиши тавлид бо мушорикати мардум» номгузорӣ кард.

بسم الله الرّحمن الرّحیم

یا مقلّب الْقُلوبِ و الأبصار، یا مدبّر الّیلِ و النّهار، یا مُحوّل الْحَولِ و الأحوال، حَوّلْ حالَنا إلی أحسَنِ الْحال

Табрик арз мекунам ба ҳамаи миллати азизи Эрон иди Наврӯз ва соли ҷадидро, ки имсол бо моҳи мубораки Рамазон ва баҳори дилҳо ва баҳори маънавият ҳамроҳ шудааст. Ба таври хос табрик арз мекунам ба хонаводаҳои исоргарон ва ба ҳамаи миллатҳои дигаре, ки Наврӯзро гиромӣ медоранд.

Ёд мекунам аз шаҳидони азиз ва аз имоми шаҳидон, ки ин роҳро ба рӯи миллати Эрон кушод. Орзу мекунам баҳрамандии миллати Эронро аз ҳар ду баҳор, ҳам баҳори табиат ва ҳам баҳори маънавият.

Нигоҳе ба соли 1402, ки ин лаҳза ба поён расид бикунем ва нигоҳе ба соле, ки вориди он шудем. Соли 1402 мисли ҳамаи солҳои дигари зиндагӣ анбошта буд аз шириниҳо ва талхиҳо, аз хостаҳо ва нохостаҳо, ин табиати дунё ва табиати зиндагӣ аст. Дар масоили дохилии кишвар пешрафтҳои чашмгири илмӣ, пешрафтҳои фанноварӣ, тавлидоти зербиноӣ, ки дар саросари кишвар анҷом гирифтааст, ин ҷузви шириниҳо ва хабарҳои хуш буд. Аз сӯи дигар, мушкилоти иқтисодӣ ва маишатии мардум ҷузви хабарҳои талх буд. Ҳузури ҳамосии мардум дар иҷтимооти рӯзи Қудс ва рӯзи 22 баҳман, баргузории амни ин тазоҳуроти бузург, баргузории амну солими интихоботи охири сол ва ҳузурҳои мардумии дигар, ҷузви хабарҳои хушу хостаҳои ширини соли гузашта буд. Ҳодисаи талхи Кирмон дар солгарди шаҳиди Сулаймонӣ, сели Балучистон дар авохири сол, ҳаводисе, ки барои маъмурони амният ва ҳофизони амният дар тӯли ин моҳҳо иттифоқ афтод, ҷузви ҳаводиси талх буд ва талхтар аз ҳама ҳодисаи Ғазза буд, ки ҷузви масоили муҳими байналмилалии мост ва ҳодисае талхтар аз он имсол мо надоштем. Дар масоили хориҷӣ таҳарруки байналмилалии давлат дар арсаҳои гуногуни иқтисодӣ ва сиёсӣ ҷузви хабарҳои ширину ҳаводиси матлуб буд ва ҳодисаи Ғазза, ҳам ки арз кардем ҷузви талхтарин ҳаводис, балки талхтарин ҳаводиси масоили хориҷии мо буд. Аз Худованди Мутаол масъалат мекунем, ки талхиҳоро ҷуброн кунад ва идомаи шириниҳоро ба миллати Эрон ва миллатҳои мусулмон арзонӣ бифармояд ва он чиро, ки мояи хайру баракати уммати исломӣ аст ва мояи хайру баракати миллати Эрон аст, ба онҳо лутф бифармояд.

Дар мавриди шиори соли 1402, ки иборат буд аз маҳори таваррум ва рушди тавлид, корҳои хубе анҷом гирифт. Дар ҳар ду бахши шиор корҳое анҷом гирифт, пешрафтҳое ҳам иттифоқ афтод, албатта на ба қадри матлуб, ки ҳоло “ин шоа Аллоҳ” тафсили онҳоро дар суханронии имрӯз арз хоҳам кард ба миллати Эрон ва он чи ки анҷом гирифта хуб буд, вале бояд идома пайдо кунад. Ва ин шиор шиоре нест, ки дар як сол таваққуъ дошта бошем, ки ба наҳви матлуб анҷом бигирад, ин шиор ҳамчунон идома хоҳад дошт.

Дар соле, ки пеши рӯи мост ва вориди он шудем, корҳои зиёде ҳаст, ки боистӣ анҷом бигирад ва бояд худамонро ба он мутааҳҳид бидонем, ҳам масъулини кишвар, давлатиҳо, маҷлис, қувваи қазоия ва дигарон ва ҳам якояки мардум, ҳама бояд худамонро ба он корҳо мутааҳҳид бидонем дар заминаҳои мухталиф, локин дар ин сол ҳам масаълаи умдаи кишвар иборат аст аз иқтисод. Нуқтаи заъфи асосии кишвар иборат аст аз масъалаи иқтисод, бояд дар ин заминаҳо фаъол амал кунем.

Банда бо мутолиаи назароти коршиносони ин масъала ба ин натиҷа мерасам, ки як калиди асосӣ барои ҳали мушкилоти иқтисодии кишвар иборат аст аз масъалаи тавлид; тавлиди дохилӣ, тавлиди миллӣ, барои ҳамин ҳам ҳаст, ки дар ин чанд соли гузашта бар рӯи тавлид мо такя кардем. Агар рушди тавлид ва ҳаракати рӯ ба ҷилав дар тавлиди миллӣ ба наҳви матлуб анҷом бигирад, бисёре аз мушкилоти муҳими иқтисодӣ мисли масъалаи таваррум, масъалаи иштиғол ва масъалаи арзиши пули миллӣ, ин масоили асосии иқтисод ба наҳви хубе ба самти ҳал пеш хоҳад рафт. Масъалаи тавлид бинобар ин масъалаи муҳимест ва ба ҳамин ҷиҳат имсол ҳам рӯи масъалаи тавлид такя мекунам ва таваққуъ дорам, интизор дорам, ки “ин шоа Аллоҳ” як ҷаҳише дар кори тавлид иттифоқ биафтад имсол ва ба ҷид эътиқод дорам, ки ин ҷаҳиш бидуни мушорикати мардум ва бидуни ҳузури мардум иттифоқ нахоҳад афтод. Агар мо бихоҳем ҷаҳиши тавлид дошта бошем, боистӣ иқтисодро мардумӣ кунем, бояд пои мардумро ба арсаи тавлид ба наҳви маҳсусе боз кунем, мавонеи ҳузури мардумро бартараф кунем. Дар бахши мардумӣ зарфиятҳои бузурге вуҷуд дорад, ки ман “ин шоа Аллоҳ” тавзеҳ хоҳам дод дар ин бора ва ин зарфиятҳо боистӣ фаъол бишавад, бояд аз онҳо ба нафъи кишвар ва ба нафъи мардум истифода бишавад. Лизо ман ба ин муносибат шиори имсолро ин қарор додам: «Ҷаҳиши тавлид бо мушорикати мардум». Ин шиори имсол аст.

Умедворем “ин шоа Аллоҳ” ин шиор ба беҳтарин ваҷҳе таҳаққуқ пайдо кунад. Барномарезони кишвар барномарезӣ кунанд, соҳибназарон ҳамкории фикрӣ кунанд ва фаъолони иқтисодӣ ба наҳви амалӣ дар ин кор “ин шоа Аллоҳ” мушорикат кунанд.

Аз Худованди Мутаол тавфиқи миллати бузургу азизи Эронро масъалат мекунам ва саломи хозеъона арз мекунем ба пешгоҳи ҳазрати Бақиятуллоҳ (Арвоҳуно фидоҳ) ва аз Худованд таъҷил дар фараҷи он бузургворро, ки фараҷи башарият аст, масъалат мекунем.

 

Вассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ.

1 фарвардини 1403 ҳиҷрӣ-шамсӣ

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад