Тавсеаи ҳамкориҳои варзишӣ меҳвари дидори мақомоти Тоҷикистон ва Эрон

Дар дидори раиси Кумитаи умури ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон бо сафири ҶИЭ дар бораи тақвият ва густариши ҳамкорӣ байни ду кишвар табодули назар шуд.

Дар дидори раиси Кумитаи умури ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон бо сафири ҶИЭ дар бораи тақвият ва густариши ҳамкорӣ байни ду кишвар табодули назар шуд.

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси нави Кумитаи умури ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон бо Алиризо Ҳақиқиён, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон бо дидор ва гуфтугӯ кард.

Ҳақиқиён бо ҳузур дар Кумитаи умури ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ба раванди рӯ ба рушди ҳамкориҳои ду кишвар дар арсаҳои мухталиф аз ҷумла дар бахши ҷавонон ва варзиш ва имзои ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Вазорати варзиш ва ҷавонони Эрон ва Кумитаи умури ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон дар сафари раисҷумҳури ҶИЭ ба Душанбе дар сентябри 2021 ишора кард ва гуфт: иҷрои тафоҳумномаи мазкур, паштвонаи қавӣ барои тақвияти ҳамкориҳои ду кишвар ва шукуфоии зарфиятҳо ва тавонмандиҳои мавҷуд дар ин арса хоҳад буд.

Гулаҳмадзода низ зимни ишора ба сиёсатҳо ва барномаҳои давлати Тоҷикистон дар арсаи ҷавонон ва варзиш изҳор дошт, ки тарафи Тоҷикистон аз тақвият ва густариши ҳамкориҳо бо кишвари ҳамфарҳангу ҳамзабони Эрон истиқбол мекунад.

Вай бо ишора ба сафари ахири ҳайати баландпояи кумитаи мазкур ба Эрон тавофуқоти анҷомёфта дар ин сафар, аз омодагии кумитаи мазкур барои тавсеаи ҳамкориҳо хабар дод.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад