Коҳиши 22 дарсадии мубодилоти тиҷорӣ байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо

Ҳаҷми мубодилоти тиҷорӣ байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар соли гузаштаи мелодӣ нисбат ба як соли қабл коҳиши қобили таваҷҷуҳе доштааст.

Дар Душанбе ба раёсат Ошӯрбой Солеҳзода, муовини Вазорати тавсеаи иқтисодӣ ва тиҷорати Тоҷикистон ва Ремондос Кроблис, сафир ва мудири дафтари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар кишвар нишасте баргузор шуд.

Ин нишаст дар маҳалли Вазорати тавсеаи иқтисодӣ ва тиҷорати Тоҷикистон баргузор шуд ва дар ҷараёни он эълон шуд, ки Душанбе барои иҷрои марҳалаи аввали барномаи шохиси чандсолаи Иттиҳоди Аврупо аз соли 2021 то 2024 барои проектҳои авлавиятдор дар ин кишвар 91 миллион евро аз Иттиҳоди Аврупо дарёфт кардааст.

Намояндагони Иттиҳоди Аврупо тайи ин нишаст эълон карданд, ки проекти ҷадид барномаи шохиси чандсолаи Иттиҳоди Аврупо барои солҳои 2024-2027 дар ҳоли тавсеа буда ва мизони будҷаи он дар соли ҷории мелодӣ мушаххас хоҳад шуд.

Бар асоси гузориши Вазорати тавсеаи иқтисодӣ ва тиҷорати Тоҷикистон, ҳаҷми мутақобили тиҷорати кишвар ва Иттиҳоди Аврупо дар як соли гузашта 401.5 миллион доллар ҳисоб шудааст.

Пеш аз ин, ин вазоратхона, ҳаҷми гардиши молӣ бо Иттиҳоди Аврупо дар соли 2022 мелодиро 490 миллион эълон карда буд. Ба ин тартиб, тиҷорати дуҷонибаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар соли 2023 коҳиши 22 дарсадӣ доштааст.

Бинобар гузориши Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, аъзои ҳайати Иттиҳоди Аврупо ҳамчунин ба шакли ҷудогона бо Қурбон Ҳакимзода, вазири кишоварзии кишвар дидор карданд.

Ҳакимзода тайи ин дидор тарафи муқобилро аз тавсеаи ин ҳавза, зарфияти тавлидӣ ва сордоти колоҳои органик огоҳ кард.

Соро Ринолди, раиси бахши Ховари Миёна ва Осиёи Марказии комиссия Аврупо, дар ҷараёни ин дидор нисбат ба ҳамкории самарабахш ва иҷрои тарҳҳои мухталиф дар бахши кишоварзӣ ибрози алоқа кард.

Барномаи шохиси чандсолаи Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соли 2014 мелодӣ ба тасвиб расид.

Бар асоси додаҳои намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, будҷаи барномаи ахири шохиси чандсолаи ин иттиҳодия барои тавсеаи иқтисоди диҷитол, проектҳое барои тавсеаи зарфиятҳои инсонӣ ва истифодаи мантиқӣ аз манобеи табиӣ дар кишвар, пешбинӣ шуда буд.

Дар ин нишаст намояндагони Иттиҳоди Аврупо омодагии худро барои эътои кумаки молии 45 миллион евроӣ ба Тоҷикистон барои проектҳои энергетика эълон карданд.

Дар бахши дигар, тақвияти ҳамкорӣ дар заминаҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ, санъат, беҳдошт, дармон, омӯзиш, энергетика ва тавсеаи рустоӣ, ҳимоят аз будҷа, амнияти марзҳо, ҳуқуқи башар ва ҳокимияти қонун, иқтисоди сабз, диҷитолӣ шудан, муаррифии системаи тиҷорати электроник, эҷоди поркҳои фановарӣ, мушорикат дар таъмини молии сохти нерӯгоҳи барқи обии Роғун меҳварҳои авлавиятдор дониста шуданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад