13  соли зиндон ба зодаи Исфара ба иттиҳоми ҷосуси барои Қирғизистон

азорати корҳои хориҷии Қирғизистон музокираҳоро бо мақомоти Тоҷикистон дар мавриди ба Қирғизистон интиқол додани як шаҳрвандаш, ки дар Тоҷикистон бо ҷурми ҷосусӣ маҳкум шудааст, идома медиҳад.

Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон музокираҳоро бо мақомоти Тоҷикистон дар мавриди ба Қирғизистон интиқол додани як шаҳрвандаш, ки дар Тоҷикистон бо ҷурми ҷосусӣ маҳкум шудааст, идома медиҳад.

Дар ин бора хадамоти матбуоти вазорати хориҷаи Қирғизистон хабар дод.

Рӯзи 7 март вакили Жогорку Кенеш Султонбой Ойҷигитов дар парлумон масъалаи шаҳрванди Қирғизистон Қувватбек Юлдошев (Кубатбек Юлдашев)-ро бардошт ва хабар дод, ки ӯ моҳи сентябри соли 2022 барои аёдати падару модари пираш ба Исфараи Тоҷикистон рафт, вале ҳамон шабу рӯз дар марз муноқиша сар зад ва Юлдошевро дар Тоҷикистон дастгир ва бо ҷурми ҷосусӣ барои Қирғизистон ба 13 соли зиндон маҳкум карданд. Ойҷигитов аз ҳукумат хост, то ба ин шаҳрванди Қирғизистон кумак бирасонанд.

Вазорати хориҷа дар посух ба масъалаи бардоштаи вакили парлумон Султонбой Ойҷигитов гуфт, ки «вазорати хориҷа ва сафорати Қирғизистон дар Тоҷиктстон дар бораи ҷараёни қазияи К.Юлдошев аз рӯзи боздошташ то имрӯз, дар бораи дар кадом зиндон ва дар чӣ шароит адои ҳукм карданих маълумоти пурра дорад. Ҳамчунин бо модар ва наздикони К. Юлдошев тамоси наздик барқарор карда шудааст ва ба онҳо пайваста маълумот дода мешавад”.

Вазорат хабар дод, ки К.Юлдошев, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Исфараи Тоҷикистон ва шаҳрванди Қтоғизистон, 23 январи соли 2023 аз ҷониби додгоҳи Тоҷикистон бо ҷурми ҷосусӣ маҳкум шудааст. Вазорат гуфт, сафорат пиромуни ба Қирғизистон интиқол додани Юлдошев бо мақомоти марбутаи давлатии Тоҷикистон музокирот пеш мебарад ва тибқи созишномаҳои байналмилалӣ бо ниҳодҳои давлатии Қирғизистон корҳои лозимро анҷом медиҳад.

Вале, таъкид шудааст дар иттилоияи вазорати хориҷа, “ба сабаби вижагии айбномаи зидди шаҳрванди Қирғизистон К. Юлдошев эълоншуда, ҳалли масъалаи интиқоли ӯ ба Қирғизистон назар ба парвандаҳои маъмулӣ вақти бештареро тақозо мекунад”.

Рӯзи 7 март вакили Жогорку Кенеш Султонбой Ойҷигитов дар ҷаласаи парлумон гуфт, ки “Қувватбек Юлдошев, шаҳрванди собиқи Тоҷикистон, ки баъдан шаҳрвандии Қирғизистонро ба даст овард, соли 2022 ба хонаи падару модараш ба Исфараи Тоҷикистон рафтааст. Моҳи сентябри ҳамон сол, вақте ки дар марз муноқиша рух дод, мақомоти амниятии  Тоҷикистон шаҳрванди моро ба он айбдор карданд, ки ӯ “ҷосус” аст ва ӯро дастгир карда, ба 13 соли зиндон маҳкум карданд. Ӯ алакай ду сол боз дар зиндон аст. Ӯ ба ҷосусӣ ягон рабт надорад, балки қурбонии он ҳодисаҳо шуд. Аз вазорати корҳои хориҷӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва омбудсмен хоҳиш мекунам, ки ба ӯ ёрӣ бирасонанд”.

Ёдовар мешавем, моҳи сентябри соли 2022 дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон, аз ҷумла дар Исфара, муноқишаи мусаллаҳонае рух дод, ки дар ҷараёни он 36 нафар аз тарафи Қирғизистон ва 83 нафар аз тарафи Тоҷикистон кушта шуда, беш аз 200 каси дигар захмӣ шуданд. Ин даргириҳо хунинтарин муноқиша дар таърихи натанҳо муноқишаҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, балки дар тамоми Осиёи Марказии пасошӯравӣ дониста мешаванд.

Чанде пеш додситони кулли Қирғизистон Қурмонқул Зулушев хабар дод, ки дар ҳоли ҳозир беш аз 20 шаҳрванди Қирғизистон дар зиндонҳои Тоҷикистон адои ҳукм мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, аксари онҳо, бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир зиндонӣ шудаанд, вале онҳое ҳам ҳастанд, ки дар робита ба муноқишаҳои марзӣ дастгир ва маҳбус шудаанд. Зулушев гуфт, мақомоти Қирғизистон тамоми талоши худро ба харҷ медиҳанд, то қирғизистониҳои дар Тоҷикистон маҳкумшударо ба Қирғизистон баргардонанд.

 

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад