Кишварҳои ғарбӣ ба думболи даргирии низомӣ бо Русия нестанд

Раисҷумҳури Фаронса дар конфронси ҳимоят аз Украина дар Париж эълом кард: «кишварҳои ғарбӣ қасде барои ҷанг бо мардуми Русия надоранд ва аз ташдиди танишҳо дар Украина ҷилавгирӣ хоҳанд кард.»

Ба гузориши манобеи хабарӣ, раисҷумҳури Фаронса дар нишасте эълом кард: «кишварҳои ғарбӣ қасд надоранд бо мардуми Русия вориди ҷанг шаванд, балки ба думболи ҷилавгирӣ аз ташдиди таниш дар Украина ҳастанд.»

Пойгоҳи хабарии “Русия Ал-Явм” рӯзи душанбе гузориш дод, ки Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса рӯзи душанбе дар ҷараёни ифтитоҳияи конфронси ҳимоят аз Украина дар Париж гуфт: «ҳамаи мо иттифоқи назар дорем, ки тамоюле надорем, ки бо мардуми Русия вориди ҷанг шавем.»

Вай хотирнишон кард: «мо ба думболи илтизом ба боздорандагӣ дар баробари ташдиди таниш ҳастем, ҳамонгуна, ки аз оғози даргириҳо бо муваффақият анҷом додаем.»

Гуфтнӣ аст Фаронса мизбони конфронси кишварҳои ҳомии Украина аст, ки дар он Олаф Шултс, садри аъзами Олмон, «Андрей Дуда», раисҷумҳури Полша ва руасои давлатҳои ҳудуди 20 кишвари Иттиҳодияи Аврупо ширкат хоҳанд кард.

Дар ин конфронс Ҷеймс Обрайен, дастёри вазири умури Амрико дар умури Аврупо ва Евразия ва Дейвид Камерон, вазири умури хориҷаи Англис ҳузур хоҳанд дошт.

Хабаргузории Фаронса пештар ба нақл аз манобеи худ гузориш дода буд, ки интизор намеравад дар поёни ин нишаст, кумаки низомии ҷадиде ба Украина эълом шавад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад