Афви Байналмилал: Исроил монеи расидани кӯмакҳои инсонӣ ба Ғазза мешавад

Созмони Афви Байналмилал гуфт: режими Исроил бо мумониат аз расидани кӯмакҳо ба Навори Ғазза, аз ҳукми додгоҳи байналмилал сарпечӣ мекунад.

Афви Байналмилал, тайи баёнияе бо интиқод аз коршикании режими палид ва ҷинояткори Исроил дар расидани кӯмакҳои инсонӣ ба Ғазза эълом кард, ки ин режими саҳюнистӣ ҳатто аз иттихози тадобири муваққати аввалия низ барои муҳофизат аз Фаластинён коршиканӣ мекунад.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, Созмони Афви Байналмилал дар мавозее эълом кард, ки режими ғосиби Исроил бо мумониат аз расидани кӯмакҳо ба Навори Ғазза, аз ҳукми додгоҳи байналмилалии додгустарӣ барои мумониат аз наслкушӣ дар Навори Ғазза сарпечӣ мекунад.

Бар пояи ин гузориш, Агнес Каламар, дабири кулли Созмони Афви Байналмилал рӯзи душанбе дар суханоне таъкид кард, ки ҷаҳониён бояд бидонанд, ки поён додан ба ишғолгарӣ пешшарте барои таваққуфи нақзи мукаррари ҳуқуқи башар дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин аст.

Дар ҳамин иртибот, Созмони Афви Байналмилал дар баёнияи худ таъкид кард, ки режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ монеъ аз расидани кӯмакҳои инсонӣ ба Навори Ғазза мешавад ва бадин гуна, аҳкоми девони додгустарии байналмилалӣ дар заминаи мумонаъат аз наслкушӣ дар ин борикаро ба чолиш мекашад.

Ин Созмон дар идома афзуд: режими ғосиб ва кӯдаккуши саҳюнистӣ натавониста ҳатто тадобири муваққати аввалияро ҳам барои муҳофизат аз ғайри низомиёни фаластинӣ иттихоз кунад.

Афви Байналмилал хотирнишон кард, ки режим ҷинояткори саҳюнистӣ дар тазмини расидани кӯмакҳои кофӣ ба дасти фаластиниёне, ки дар маърази наслкшӣ ва қаҳтӣ қарор доранд, номувафақ будааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад