Муовини Шӯрои амнияти Русия; Аз Ғарб интиқом мегирем

Медведев, як рӯз баъд аз эъмоли таҳримҳои ҷадиди Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо гуфт, ки Маскав интиқом таҳримҳоро мегирад.

Муовини Шӯрои амнияти Русия “Дмитрий Медведев”, як рӯз баъд аз эъмоли таҳримҳои ҷадиди Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо гуфт, ки Маскав интиқом таҳримҳои зидди русии Ғарб дар ду соли гузаштаро мегирад.

Дмитрий Медведев гуфт; «Мо ба маҳдудиятҳои бепоёни онҳо одат карда ва ёд гирифтаем бо он зиндагӣ кунем», ин вокуниши имрӯзи ноиби раиси Шӯрои амнияти Русия Медведев ба таҳримҳои ҷадиди зидди русӣ аст, ки ҳамзамон бо дувумин солгарди ҷанги Украина аз сӯи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо ба таври ҷудогона вазъ шуд.

Дмитрий Медведев гуфт «далеле (пушти таҳримҳо) равшан аст: ҳар чӣ барои шаҳрвандони Русия бадтар бошад, барои ҷаҳони Ғарб беҳтар аст» ва аз русҳо хост, ки ин душманро ба хотир бисипоранд ва то ҷои мумкин аз душманон интиқом бигиранд.

Бар асоси Инфографияи Спутник, аз соли 2022, Русия беш аз 15000 таҳримро дар бахшҳои мухталиф таҳаммул кардааст.

Аммо инъитофпазирии иқтисоди Русия дар баробари фишори таҳрими бесобиқа, ки ба бовари коршиносон ба думболи фурӯпошии иқтисоди ин кишвар ва бесубот кардани авзоъи сиёсии дохилии он буд, пурсишҳои тозаеро дар мавриди асарбахшии давраи мутааддиди таҳримҳои Ғарб эҷод кардааст.

Бар асоси гузориши 30 январи Сандуқи байналмилалии пул, пешбинӣ мешавад, ки тавлиди нохолиси дохилии Русия (рушди иқтисодии он) дар соли 2024, 2.6 дарсад афзоиш ёбад, ки беш аз ду баробари рақами пешбинишудаи ин ниҳод дар октябр ва болотар аз рушди иқтисодӣ пешбинӣ шуда барои Амрико муодили 2.1 дарсад аст.

Дмитрий Медведев, аз русҳо хост барои Ғарб мушкилоте дар иқтисод эҷод кунанд ва «норизоиятии умумиро нисбат ба сиёсатҳои нокоромади мақомоти ғарбӣ барангезанд». Ӯ ҳамчунин бидуни ишора ба ҷузъиёт гуфт, ки Русия бояд «фаъолиятҳои дигареро дар қаламрави онҳо анҷом диҳад, ки наметавон дар умум дар бораи онҳо сӯҳбат кард».

Дар ҳамин робита вазорати дифои Русия рӯзи шанбе 24 феврал эълом кард неруҳои украинӣ дар пайи кантроли неруҳои рус бар шаҳри роҳбурдии Аводиока дар минтақа Донбасс, беш аз 10 километр аз мавозеи худ ақиб ронда шуданд.

Вазорати дифои Русия эълом кард; «Имрӯз, аз назари нисбати неру, бартарӣ бо мост» ин изҳороти вазири дифои Русия Сергей Шойгу хитоб ба неруҳои рус дар як маркази фармондеҳӣ дар ҷараёни боздиди вай аз минтақаи ҷангӣ дар Украина аст.

Дар баёнияи вазорати дифои Русия дар дувумин солгарди оғози даргириҳо дар Украина омада, ки «дар ҷараёни амалиёти Русия барои озодсозии Аводиока, неруҳои украинӣ беш аз 10 километр аз мавозеи худ ақиб ронда шуданд ва неруҳои украинӣ, ки дар Аводиока боқӣ мондаанд дар теъдоди зиёд таслим мешаванд ва ҳудуди 200 сарбози  украинӣ асир шудаанд».

Русия ҳамчунин эълом кард тайи ду ҳафтаи охири феврал, паҳподҳои таҳоҷумии ин кишвар беш аз 700 ҳадафи украиниро дар меҳвари Аводиока мунҳадим карданд.

Тибқи эъломи Маскав, неруҳои Русия пас аз тасарруфи маркази санъатии Аводиока дар ҳоли ҳамла ва «дар минтақаи амалиёти низомии вижа, тақрибан бо кулли зарфияти низоми-санъатии НАТО рӯбарӯ ҳастанд».

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад