Афзоиши савдои чакана дар кишварҳои ИИАО

Департаменти омори Комиссияи иқтисодии АвруОсиё ҳаҷми савдои чакана дар қаламрави кишварҳои узви иттиҳодияро таҳлил карда, ҷаҳишро сабт намудаст.

Департаменти омори Комиссияи иқтисодии АвруОсиё ҳаҷми савдои чакана дар қаламрави кишварҳои узви иттиҳодияро таҳлил карда, ҷаҳишро сабт намудаст.

Ба гузориши манбаъ:

Соли гузашта гардиши савдои чакана дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё нисбат ба соли қаблӣ 6,6% зиёд шудаст.

Шарҳи таҳлилии нишондиҳандаҳои асосии иҷтимоию иқтисодии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё барои моҳҳои январ-декабри соли 2023 аз ҷониби Департаменти омори КИАО нашр шудааст.

Тибқи ин ҳисобот, фурӯшаи чаканаи молҳо аз тариқи тамоми василаҳои фурӯш дар давлатҳои узв зиёд шудаст.

Аз ҷумла афзоиши савдои чакана дар Арманистон – 14,2%, Қирғизистон – 11,5%, Белорус – 8,5%, Қазоқистон – 7,7%, Русия – 6,4% сабт гардидаст.

Дар зимн маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё низ соли гузашта қариб ба 2,4 трлн доллар расид. Тавре дар шарҳи таҳлилии нишондиҳандаҳои асосии иҷтимоию иқтисодӣ зикр гардид, ММД 3,8 % афзуд.

Дар моҳҳои январ-декабри соли 2023 аз ҷумла афзоиши маҳсулоти саноатӣ – 3,7 %, ҳаҷми корҳои иҷрошудаи сохтмонӣ – 8,6 % ба қайд гирифта шудаст.

Дар баробари ин афзоиши муомилоти бор дар ин давра дар Қирғизистон – 8,2 % Қазоқистон – 3,1%, мусофиркашонӣ дар Арманистон – 63,3%, Русия – 12,8% ва Беларус – 7,8% зиёд гардидаст.

Пештар дар хабарҳо омада аст:

Дар саросари кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) афзоиши назарраси нархҳои истеҳсолкунандагон дар саноати маъдан ба мушоҳида мерасад.

Шохиси нархҳои истеҳсоли саноатӣ дар ИИАО 117,4 % ташкил дод. Дар ин бора Комиссияи иқтисодии Авруосиё хабар додааст.

Дар муқоиса бо моҳи декабри соли 2022, афзоиши назарраси нархҳои истеҳсолкунандагон дар саросари иттиҳод дар соҳаҳои истихроҷи маъдан ба қайд гирифта шудааст. Афзоиш 36,5 % ташкил дод.

Дар баробари ин, нархҳои истеҳсолкунанда дар саноати коркард 13,5% афзоиш ёфтанд, таъкид кардааст Комиссияи иқтисодии АвруОсиё.

Дафтари матбуоти комиссия хабар медиҳад:

“Дар бахшҳои таъмини барқ, газ, буғ арзиши 7,6 % афзоиш ёфтааст”.

Дар ҳоле ки аз рӯи намуди фаъолият “обтаъминкунӣ, канализатсия, назорат ба ҷамъоварӣ ва тақсими партовҳо” 7 % ташкил медиҳад, хулоса кардааст ташкилот.

Ёдовар мешавем, ки дар охири соли гузашта сарони кишварҳои “панҷгона”-и Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё эъломияеро дар бораи рушди минбаъдаи равандҳои иқтисодӣ дар доираи ИИАО барои дарозмуддат имзо карданд, ки номи “Роҳи иқтисодии АвруОсиё”гирифт.

 

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад