Haaretz: Ҳамла ба Рафаҳ фоҷиаи дигар барои Исроил хоҳад буд

Ба навиштаи як расонаи ибризабон ҳамлаи низомӣ ба Рафаҳ метавонад барои режими саҳюнистӣ як фоҷиа дигар ба ҳамроҳ дошта бошад.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Исҳақ Брик дар ёддоште дар рӯзномаи “Haaretz” навишт: Расидан ба пирӯзӣ дар ҷангҳо бо даргириҳои тактикӣ ба натиҷа намерасад, ҳамалоту амалиёти онӣ ва лаҳзаӣ ҳам дар ҳадди худ наметавонанд дар ин замина муфид бошанд, амалиёте монанди озодии ду асири исроилии мавҷуд дар дохили Рафаҳ ҷузви ин даста қарор мегиранд.

Ба эътиқоди нависанда, Исроил ниёзманди як стратегияи баланд муддатаст, ки ҳамаи ҷанбаҳо ва хатарҳое, ки метавонад вуруди артиши Исроил ба Рафаҳро таҳдид кунад, дар назар гирифта ва дар мавриди он тасмимгирӣ ва наҳваи таомул бо ин эҳтимолот дар назар гирифта шавад.

Вай баъд аз матраҳ кардани чандин суол дар мавриди тактикҳои Исроил барои вуруд ба Рафаҳ меафзояд:

Ҳатто агар вориди Рафаҳ ҳам бишавем, қодир нахоҳем буд ба шакли комил Ҳамосро аз байн бибарем, аммо ба ҷои он вориди шароити душвортаре хоҳем шуд ва авзоъ барои мо даҳҳо баробар сахттар аз оне мешавад, ки акнун пеш аз ҳамла ба Рафаҳ дорем. Зеро мумкин аст одамрубоёнро то абад аз даст бидиҳем.

Агар раҳбарии сиёсӣ ва амниятӣ тасмим ба ҳамла ба Рафаҳ бигиранд ин кор зиёнҳои шадиде ба масунияти сиёсӣ, амниятӣ ва ҳатто инсиҷоми миллии Исроил ворид хоҳад кард, илова бар он равобити моро бо тамоми ҷаҳон таҳти таъсири худ қарор хоҳад дод ва Исроил ҳамонанди як туби барфӣ ба сӯи партгоҳ дар абъоди мухталифи иқтисодӣ, амниятӣ, иҷтимоӣ ва равобити байналмилал ба сӯи партгоҳ хоҳад рафт.

Мо замони кӯтоҳе пеши рӯи худ дорем ва баъд аз он имкони ақибгард вуҷуд нахоҳад дошт.

Ба эътиқоди нависанда, агар раҳбарии сиёсӣ ва амниятӣ ҳамчунон ба ин масири ғайри ақлонии худ идома диҳанд, тайи чанд моҳи оянда маҷбур хоҳанд шуд то ба афкори умумии Исроил посух диҳанд, ки чаро натавонистанд ду ҳадафи аслии ҷанг яъне аз байн бурдани Ҳамос ва зинда бозгардондани асиронро иҷро кунанд, ин дар ҳолест, ки барои ин кор аз замони оғози ҳамлаи заминӣ ба Навори Ғазза мо ҳазинаи сангин ва бесобиқаеро пардохта ва садҳо куштаи низомӣ тақдим кардем.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад