Вазири дифои Русия: Фақат ба самти пирӯзӣ!

Ба гуфтаи вазири дифои Русия неруҳои ин кишвар барои расидан ба пирӯзӣ дар амалиёти вижа, бояд сахт кор кунанд.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Сергей Шойгу, вазири дифои Русия дар мақарри гуруҳи муштараки неруҳои русӣ гуфт, ки неруҳои мусаллаҳи Русия бояд сахт кор кунанд то ба пирӯзӣ даст ёбанд.

Вазорати дифои Русия эълом кард, Шойгу мукофотҳои давлатиро ба неруҳои низомие, ки дар ҳини анҷоми маъмуриятҳои размӣ бо дигарон фарқ доштанд, эҳдо кард.

Вай дар ин маросим гуфт: “Дӯстону ҳамкорони азиз! Шуморо бо ин мукофотхо самимона табрик менамоям. Бовар дорам ин мукофотҳо охирин мукофот нахоҳанд буд. Мо кори зиёде дар пеш дорем. Шумо бо иззат меҷангед ва барои ин ба шумо нишони давлатӣ эҳдо шуд. Кишвар ба дурустӣ аз хизмати сарбозии шумо қадрдонӣ кардааст. Фақат ба пеш, фақат ба самти пирӯзӣ!»

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад