Се далели тӯлонӣ шудани ҷанг алайҳи Ғазза

Дар ин навишта ба ин савол посух дода мешавад, ки чаро ҷанг алайҳи Ғазза тӯлонитарин ҷанги таърихи 76 солаи режими саҳюнистӣ шудааст.

Дар ин навишта ба ин савол посух дода мешавад, ки чаро ҷанг алайҳи Ғазза тӯлонитарин ҷанги таърихи 76 солаи режими саҳюнистӣ шудааст.

Панҷумин моҳи ҷанги Ғазза ҳам рӯ ба поён аст. Мутобиқи охирин омори эълоншуда, токунун режими саҳюнистӣ дар ин ҷанг муртакиби наслкушӣ шуда ва беш аз 28 ҳазор нафарро ба шаҳодат расонда ва 68 ҳазор нафарро ҳам захмӣ кардааст. Дар ин навишта бо баҳрагирӣ аз мудели мудирияти буҳрони Майкел Бречер, ба ин саволи муҳим посух дода хоҳад шуд, ки чаро ҷанги кунунии Ғазза тӯлонитарин ҷанги таърихи 76 солаи режими саҳюнистӣ шуда ва ҳанӯз нишонае аз поёни ҷанг дида намешавад?

Майкел Бречер, андешаманди канадаӣ дар китоби худ бо унвони «Буҳрон дар сиёсати ҷаҳон», дар таърифи буҳрон унвон мекунад, буҳрон вазъияте аст, ки тайи он арзишҳо ва манофеи муҳими кишварҳо таҳдид мешавад ва давлатҳо бо вуқуи ҳолати буҳронӣ бо асли ғофилгирӣ мувоҷиҳ мешаванд. Майкел Бречер барои таъйини шиддат ва мизони буҳрон шаш асосро таъйинкунанда медонад, ки иборатанд аз аҳамияти геостратегӣ, мавзуи буҳрон, хушунат байни бозигарон, теъдоди бозигарон, нобаробар будани қудрати низомӣ ва ҳамчунин мизони дахолати қудратҳои бузург. Се шохиси мавзуи буҳрон, ҳамвазн набудани тавону таҷҳизоти низомӣ ва мизони дахолати қудратҳои бузургро метавон барои табйини чароии тӯлонӣ шудани ҷанги Ғазза ба кор гирифт.

  1. Мавзуи буҳрон

Майкел Бречр дар китоби «Буҳрон дар сиёсати ҷаҳон» мегӯяд, яке аз далелҳои тӯлонӣ шудани буҳронҳо, мавзуе аст, ки сабаби буҳрон шудааст. Дар ҷанги кунунии Ғазза, мавзуи буҳрон муҳимтарин масъалае аст, ки сабаби тӯлонӣ шудани ҷанг шудааст. Амалиёти Тӯфони Ақсо, ки ба таъбири раҳбари инқилоби исломии ҶИЭ «шикасти тармимнопазир»-е ро бар режими саҳюнистӣ таҳмил кард, зарбаи асосӣ ба «эътибори боздорандагӣ ва қудрат»-и ин режим буд. Ин режим барои худ эътибори низомӣ ва иттилоотӣ ва дар кул, эътибори боздорандагӣ дар сатҳи олӣ қоил буд, аммо Тӯфони Ақсо ҳамаи ин масъалаҳоро аз байн бурд. Дар ҳамин ҳол, режим тайи ҳудуди 5 моҳи гузашта муваффақ нашуд асирони худ назди Ҳамосро озод кунад, ки ҳамин мавзуъ ҳам эътибори иттилоотии Телавивро бештар зери савол бурдааст. Галант, вазири дифоъ, аз як ҷанги тӯлонӣ ва сахт, ки ҳазинаҳои сангин ҳам дорад, сӯҳбат мекунад ва мӯътақид аст, ки Ҳамос ба хотири ҳамлаҳояш бояд муҷозот шавад, ҳар чанд ин масъала моҳҳо ва ё солҳо тӯл кашад. Бинобарин, бардошти Телавив ин аст, ки поён додани ҷанг бидуни аз байн бурдани Ҳамос ва озодии асирон, натанҳо сабаби бозгардони эътибори он намешавад балки ҳатто аз рӯзи аввали ҷанг ҳам эътибораш бештар зери савол меравад.

Илова бар эътибори аз даст рафтаи режими саҳюнистӣ, Бенёмин Нетаняҳу, нахуствазири ин режим низ эътибори худро дар саҳнаи сиёсии Исроил аз даст рафта мебинад. Нетаняҳу бо маҷмуи 16 сол тӯлонитарин давраи нахуствазириро дар ихтиёр дорад ва Тӯфони Ақсо ҳам дар замони нахуствазирии вай рух додааст. Доктор Шоуел Кимчӣ, равоншиносе, ки барои сервиси иттилооти низомии Исроил (Амон) кор мекард ва дар донишгоҳи Телавив ҳам дарс медиҳад, дар мутолиаҳое, ки дар заминаи ҷанбаҳои рафторӣ ва шахсиятии Нетаняҳу аз соли 1999 то 2017 доштааст, бо баррасии мусоҳибаҳо ва изҳорот, ва ҳамчунин мусоҳиба бо афроде, ки бо вай кор кардаанд, Нетаняҳуро фарде, ки худро бартар аз дигарон мепиндорад; худшефта, сиёсатмадори бо истеъдоди боло муаррифӣ мекунад, ки барои пешбурди аҳдофи худ ва муҳимтар аз ҳама барои тазмини бақои сиёсии худ ҳар коре анҷом медиҳад. Ин шахс акнун шоҳиди аз байн рафтани эътибори худ ва ҳамчунин ба хатар афтодани ҳаёти сиёсияш аст. Пас, поёни ҷанг бидуни аз байн бурдани Ҳамос ва озодии асиронро намепазирад ва бо вуҷуди инки таҳти фишори дохилӣ ва ҳатто афкори умумии хориҷӣ қарор дорад, ба идомаи ҷанг пойфишорӣ дорад.

  1. Нобаробар будани қудрат миёни тарафайни даргир

Яке дигар аз муҳиммтарин далелҳои тӯлонӣ шудани ҷанги Ғазза ва иртикоби режими саҳюнистӣ ба наслкушӣ дар ин борикаи Ғазза, нобаробар будани қудрати низомии тарафайни даргир аст. Қудрати низомии режими саҳюнистӣ ва Ҳамос натанҳо баробар нест, балки наздик ҳам нест. Режими саҳюнистӣ, ки мавриди ҳимояти таслиҳотии ҳамаҷонибаи Амрико ва чанд кишвари аврупоӣ қарор дорад, аз ҷиҳати таҷҳизотӣ қобили муқоиса бо ҷунбиши Ҳамос нест ва зимни инки тавлидкунандаи таҷҳизоти низомӣ аст, дарёфткунандаи таҷҳизоти рӯз аз сӯи қудратҳои ғарбӣ ба вижа Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аст. Ҳамос дар ҷанги кунунӣ зарбаи бузурге ба эътибори режими саҳюнистӣ задааст, аммо ҳамвазн набудани тарафайн дар қудрати низомӣ сабаб шуд, режими саҳюнистӣ ба шакли ҳамаҷониба ба бомбаборони Ғазза идома диҳад ва ҳатто тамоюле барои оташбаси ҷадид аз худ нишон надиҳад. Ҷанги Ғазза беш аз ҳама нишон дод, ки тақвияти қудрати низомии ҳамчунон ба унвони яке аз муҳимтарин муаллифаҳои қавӣ будан ва қудрати як кишвар аст.

  1. Мизони дахолати қудратҳои бузург

Омили муҳими дигар дар тӯлонӣ шудани ҷанги Ғазза, навъи нақше аст, ки қудратҳои бузург ба вижа Амрико дар ин ҷанг ифо мекунанд. Майкел Бречер дар китоби худ баён мекунад, ки поёни буҳрон ба ин мавзуъ бастагӣ дорад, ки қудратҳои бузург чӣ нақше дар буҳрон ифо мекунанд. Вай ҳамчунин ба ин мавзуъ ишора мекунад дар сурате, ки қудратҳои бузург иродае барои поён додан ба буҳронҳо дошта бошанд, эҳтимоли муваффақият дар хотима додан ба буҳрон вуҷуд дорад.

Воқеият ин аст, ки қудратҳои бузург ба вижа Амрико, Англис, Олмон ва Фаронса натанҳо дар ҷиҳати таваққуфи ҷанги Ғазза ҳаракат накардаанд, балки иддао карданд, ки наслкушии режими саҳюнистӣ дар борикаи Ғазза мисдоқи дифои машрӯъ аст. Онтуни Блинкин, вазири хориҷаи Амрико дар ҳудуди 5 моҳи ахир 5 бор ба минтақаи ғарби Осиё, аз ҷумла заминҳои ишғолӣ сафар кардааст. Амрико ва ду қудрати аврупоӣ ҳар се қатъномаи марбут ба таваққуфи ҷанги Ғаззаро дар Шӯрои амният вето карданд. Дахолати қудратҳои бузург дар ҷанги Ғазза сирфан дар қолаби ҳимояти эъломӣ ва сиёсӣ набуд, балки Амрико, Англис, Олмон ва Фаронса ба як тарафи ҷанг алайҳи Ғазза табдил шудаанд. Ин улгуи рафтори ғарб омили муҳим ва асосӣ барои тӯлонӣ шудани ҷанги Ғазза аст ва ба назар мерасад то замоне, ки ин қудратҳо иродаи ҷиддӣ барои поён додан ба ҷанг аз худ нишон надиҳанд, ҷанги режими саҳюнистӣ алайҳи Ғазза ҳам поёне нахоҳад дошт.

Илова бар қудратҳои ҷаҳонӣ, қудратҳои бузурги минтақаӣ ҳам дар идома ёфтани ҷанги Ғазза нақш доранд. Расади рӯйкард ва улгуи рафтории қудратҳои минтақаӣ нишон медиҳад, ки бархе кишварҳои арабӣ ва Туркия, намехоҳанд равобити тиҷорӣ ва иқтисодии худро бо Исроил ба хатар андозанд. Ҳамчунин бархе аз кишварҳо аз ҷумла Арабистон, Имороти Муттаҳидаи Араб, Миср дар ҷиҳати рақобатҳои минтақаӣ бемайл нестанд, ки Ҳамос заиф шавад. Ин рафтор ва рӯйкарди кишварҳои арабӣ дар масъалаи Ғазза дар ҳоле аст, ки мардуми Ғазза ҳам дар мазҳаб (аҳли суннат) ва ҳам дар ҳувият (арабӣ) бо ин кишварҳо муштарак ҳастанд.

Натиҷа

Панҷумин моҳи ҷанги Ғазза рӯ ба поён аст ва ҳанӯз чашмандозе барои поёни ин ҷанг дида намешавад. Бо баҳрагирӣ аз мудели Майкел Бречер метавон гуфт зарба хӯрдани эътибори режими саҳюнистӣ ва Нетаняҳу, нобаробар будани қудрат миёни Ҳамос ва режими саҳюнистӣ ва ҳамчунин қарор гирифтани қудратҳои ғарбӣ дар канори режими саҳюнистӣ ва хомӯшии қудратҳои арабӣ ва Туркия аз муҳимтарин далелҳои тӯлонӣ шудани ҷанги режими саҳюнистӣ алайҳи Ғазза аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад