Муҳимияти ошноӣ бо Қуръон дар кӯдакӣ аз забони омӯзгори индонезӣ

Аз замоне, ки лолоиҳои модарро ба ёд меоварад гӯшаш бо овози шабонае ба ранги Қуръон одат кардааст, ҳар шаб пеш аз хоб Алҳамд ва сураҳои дигарро гӯш медоду такрор мекард, ӯ ва хоҳараш ҳоло аз муаллимони шинохтаи Қуръон дар Индонезия ҳастанд ва ҳазорон ҳофиз ва қории Қуръон тарбият кардаанд.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Мария Улфа, яке аз муаллимони шинохта шудаи Қуръон дар Индонезия мебошад ва бисёре аз қуръономӯзони ин кишвар тиловати Қуръони Каримро аз ин омӯзгор ёдгирифта ва зери назари вай тарбият шудаанд.

Ин муаллими Қуръон мегӯяд, дар Индонезия донишомӯзони мусалмон дарсҳои махсуси қироат ва илмҳои марбут ба Қуръонро дар кӯдакӣ ҳамроҳ бо забони модарӣ меомӯзанд.

Мария Улфа мегӯяд, ман худам ҳарфҳои арабиро аз забони модарам омӯхтам. Модарам шабҳо барои ман ва апаам пеш аз хоб сураҳои кутоҳи Қуръони Карим ба мисли Алҳамд ва сураи Фалақро мехонд ва ҳар шаб ин сураҳоро аз мо мепурсид, бо ин кори модарам, ман пеш аз рафтан ба мактаб пораи 30-юми Қуръонро аз ёд карда будам.

Ин муаллими Қуръони Карим гуфт, дар Индонезия донишомӯзоне, ки истеъдодҳои вижа доранд, ҳифз кардани Қуръони Каримро ба сурати пешрафта идома медиҳанд ва ҳар сола мадраки ҳифзи кулли Қуръон ба ҳофизон дода мешавад. Ҷомеа ҳам ба ин гуруҳ аз ҳофизони Қуръон эҳтироми бисёре мегузоранд.

Мария Улфа илова кард, аз кӯдакӣ ман ва апаам бо ташвиқи модар ва падарам, ки ҳарфҳои арабӣ ва хондани Қуръонро ба мо омӯзониданд, ба ҳифзи кулли Қуръони Карим оғоз кардем. Дар идома назди асотиди шинохта шудаи Қуръони Маҷид рафта ва давраҳои таълимии худро такмил кардем.

Ӯ мегӯяд, ҳамеша ба хонаводаҳои мусалмон тавсия мекунам таълими Қуръони Карим ба кудаконро аз ҳамон кудакӣ оғоз кунанд то Қуръон дар рӯҳ ва ҷони фарзандонашон ҷойгирад. Зеро Қуръони Карим асоси зиндагӣ мебошад ва дастурҳои ин китоби осмонӣ усули зиндагии фардӣ ва иҷтимоии моро дар бармегирад ва ҳар кас, ки дар пайи хайри дунё ва охират аст, метавонад бо ҳамин Қуръон саъодатманд шавад.

Ин муаллими Қуръони Карим гуфт, дар Индонезия хонаводаҳои мусалмон фарзандони худро ба ҳифзи Қуръон ташвиқ мекунанд ва ба ҳофизон дар ин кишвар хело эҳтиром мегузоранд. Ман се фарзанд дорам ва ҳар се нафарашонро ҳофизи кулли Қуръон кардаам ва айни замон пизишк ва мутахассис мебошанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад