139-умин рӯзи ҷанг ва охирин таҳаввулоти Ғазза

Гурдонҳои Қассом, шохаи низомии Ҳамос эълон кард, ки муборизони ин гурдонҳо дар меҳвари ҷануби маҳаллаи Зайтун, веқеъ дар шаҳри Ғазза вориди даргириҳои шадиде бо низомиёни режими саҳюнистӣ шуданд.

Ҳамлаҳои тӯпхонаӣ ва ҳавоии артиши режими саҳюнистӣ алайҳи бахшҳои мухталифи Навори Ғазза тайи рӯзҳои ахир ҳамчунон идома дошта ва чандин шаҳид ва захмӣ бар ҷой гузоштааст.

Сароё Ал-Қудс бо TBJ ишғолгаронро ҳадаф қарор дод

Гурдонҳои Қудс, шохаи низомии ҷунбиши Ҷиҳоди исломии Фаластин аз амалиёти ҷадиди муборизонаш алайҳи низомиёни режими саҳюнистӣ хабар дод.

Дар баёнияи Сароё Ал-Қудс омадааст: муборизони мо, нерӯҳои артиши ишғолгарро, ки дар як манзил дар ғарби Хон Юнус ҳузур доштанд ва теъдоди онҳо болиғ бар 6 нафар буд, бо мушаки TBJ ҳадаф қарор доданд ва шуморе аз онҳоро кушта ва бархе дигарро захмӣ карданд.

Гурдонҳои шаҳидони Ақсо низ эълон кард, ки тактирандозонаш ду низомии ишғолгарро, ки бар болои яке аз манзилҳо дар ғарби Хон Юнус мустақар буданд, ҳадаф қарор дода ва шикор карданд.

Зарбаҳои дардноки ҷадиди муборизони Қассом ба низомиёни саҳюнист ва таҷҳизоти низомии ишғолгарон

Гурдонҳои Қассом, шохаи низомии Ҳамос эълон карданд, ки муборизони ин гурдонҳо дар меҳвари ҷануб ва маҳаллаи Зайтун дар шаҳри Ғазза вориди даргириҳои шадиде бо низомиён режими саҳюнистӣ шуданд ва чандин болгарди ишғолгарон дар ин минтақа дида шуда, ки дар ҳол интиқоли куштаҳо ва захмиҳо буданд.

Ҳамчунин Қассом эълон кард ду тонки мерковои артиши режими саҳюнистиро дар ҷануби маҳаллаи Зайтун дар шаҳри Ғазза бо ракети зиддизерҳии Ёсин 105 ҳадаф қарор додааст.

Гурдонҳои шаҳидони Ақсо низ эълон кард, ки бо тирборон ва гулӯлаҳои RPJ нерӯҳо ва таҷҳизоти ҷангии ишғолгаронро дар шарқи шаҳри Ғазза ҳадаф қарор дода ва бо онҳо вориди даргириҳои шадиде шудааст.

Омори ҷадиди шаҳидон

Вазорати беҳдошти Ғазза бо судури баёнияе эълон кард, ки режими саҳюнистӣ тайи 24 соати гузашта 9 ҷинояти ҷудогона дар Навори Ғазза анҷом дода, ки дар натиҷаи ин иқдомҳо 103 фаластинӣ ба шаҳодат расида ва 142 нафари дигар захмӣ шудаанд.

Бар асос гузоришҳо, бо изофа шудани омори шаҳидони тоза, ба маҷмӯаа шаҳидони ҷанги Ғазза аз рӯзи 7-и октябр токунун, теъдоди шаҳидон ба адади 29195 нафар ва теъдоди захмиҳо ҳам ба 69170 нафар расидааст.

Ин баёния тасреҳ кард, ки режими саҳюнистӣ иҷозаи дастрасии нерӯҳои имдодӣ ва дифои маданӣ ба пайкари шаҳидонро намедиҳад ва теъдоде аз ин шаҳидон ҳамчунон дар зери оворҳо ё дар масирҳо раҳо шудаанд.

Аз сӯи дигар хабарнигори Алҷазира эълон кард ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ як блоки маскунии комилро дар урдугоҳи Насирот дар маркази Навори Ғазза бомбаборон карданд. Дар ин ҳамлаи ҷинояткорона ва бар асоси оморҳои аввалия, беш аз 10 нафар шаҳид ва маҷрӯҳ шуданд.

Ҳамос вокуниши СММ дар маҳкумияти таҷовуз ба занони фаластиниро сутуд

Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин бо судури баёнияе эълон кард, ки баёнияи содиршуда аз сӯи маҷмӯае аз гузоришгарон ва коршиносони Созмони Милали Муттаҳид, ки таҷовузҳои ошкори анҷомшуда алайҳи ҳуқуқи башар дар баробари занон ва духтарони фаластинӣ дар Навори Ғазза ва Каронаи Бохтариро мустанад кардааст, далел ва таъкиди дигар бар ҷинояти наслкушӣ ва поксозии нажодии режими саҳюнистӣ ба саркардагии Бенёмин Нетаняҳу алайҳи миллати Фаластин аст.

Ҳамос илова кард, ки мавориди зикршуда дар бораи таҷовузҳои мутааддид алайҳи занони фаластинӣ аз сӯи артиши ишғолгари саҳюнистӣ назири эъдом ва боздошти кӯркӯрона ва зарбу шатми шадид ва ҷилавгирӣ аз додани ғизо ва дорӯ ба онон дар замони боздошт ва ҳамчунин таҳдид ба таҷовуз ба занон ва тавҳин дар ҷараёни таҳқиқ ва бозҷӯиҳо металабад, ки таҳқиқоти байналмилалӣ аз ин режими туғёнгар анҷом гирифта ва саркардагони он нисбат ба ҷиноятҳои ваҳшиёнае, ки анҷом медиҳанд, муохиза ва муҳокима қарор шаванд.

Ин баёния зимни қадрдонӣ аз судури ин баёнияи муҳим хостори таваҷҷуҳ ба он ба унвони як санади дигар дар чаҳорчуби даъвои матраҳшуда дар девони байналмилалии додгустарии Гаага барои баррасии ҷиноятҳои наслкушии режими саҳюнистӣ алайҳи миллати Фаластин шуд.

Рим Солим гузоришгари вижаи хушунат алайҳи занон ва духтарон, сабаб ва паёмадҳои он ва Фронческо Албанияз, гузоришгари вижа дар бораи вазъияти ҳуқуқи башар дар сарзаминҳои фаластинӣ, ахиран бо мушорикати аъзои гурӯҳи кории Созмони Милал дар мавриди табъиз алайҳи занон ва духтарон, баёнияеро дар бораи нақзи ҳуқуқи занон ва духтарони фаластинӣ аз сӯи режими саҳюнистӣ нашр карданд.

Ин баёния эълон кард, ки асирони зани фаластинӣ дар зиндонҳо ва боздоштгоҳҳои режими саҳюнистӣ дар маърази анвои таарруз ва хушунати ҷинсӣ қарор гирифтанд.

Онҳо бо ишора ба бозрасии асирони зани фаластинӣ ба дасти низомиён марди саҳюнист, аз пахши тасовири тавҳиномез ва таҳқиромези асирони зани фаластинӣ дар фазои маҷозӣ ба дасти сарбозони саҳюнист ба шиддат интиқод карданд.

Дар ин баёния ҳамчунин ба дастикам як гузориш аз нигаҳдории як асири зани фаластинӣ дар қафасе дар боду борон ишора шудааст.

Баёнияи коршиносон ва гузоришгарони Созмони Милал ҳамчунин овардааст, ки садҳо зан ва духтари фаластинӣ аз ҳафтуми октябри 2023 ба таври худсарона боздошт шуда ва мавриди рафтори ғайриинсонӣ ва таҳқиромез аз ҷумла тааррузи ҷинсӣ, шиканҷа, маҳрумият аз ғизо ва дорӯ ва … қарор гирифтанд.

Ин баёния ҳамчунин қатли худсаронаи занон ва кӯдакони Ғазза дар ҷараёни ҷанги режими саҳюнистӣ алайҳи Ғаззаро маҳкум ва эълон кард, ки қатли занон ва кӯдакони фаластинӣ замони фирор аз ҳамлаҳои режими саҳюнистӣ ё паноҳ гирифтан барои дар амон мондан аз ин ҳамлаҳо шоккакунанда аст.

Дар бахше дигар аз ин баёния низ омадааст, ки гузоришҳои нигаронкунандае аз ҷудосозии иҷбории кӯдакон ва навзодон аз хонаводаҳояшон тавассути артиши режими саҳюнистӣ вуҷуд дорад; аз сарнавишти кӯдакон ва навзодони ҷудошуда иттилое дар даст нест.

Коршиносон ва гузоришгарони Созмони Милал хостори таҳқиқоти мустақил дар мавриди ин иттиҳомҳо шуда ва таъкид карданд, ки бар асоси қавонини кайфарии байналмилалӣ, инҳо ҷароими ҷиддӣ ҳастанд, ки бар асоси асосномаи Рим метавон онҳоро таҳти таъқиб қарор дод.

Ҳооретс: эъмоли маҳдудият дар қиболи Масҷидулақсо товони амниятии сангине дорад

Рӯзномаи ибризабони Ҳооретс дар гузориши рӯзи сешанбеи худ навишт: тасмими Телавив мабнӣ бар маҳдуд кардан вуруди намозгузорони фаластинӣ ба Масҷидулақсо тайи моҳи мубораки Рамазон хатарноктарин тасмиме аст, ки кобинаи шикастхӯрда аз замони оғози ҷанг алайҳи Навори Ғазза токунун гирифтааст.

Дар идомаи ин гузориш омадааст: Бенёмин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил як марди шикастхӯрда ба шумор меравад, ки Исроилро ба лабаи партгоҳ кашондааст.

Дар ин гузориш таъкид шудааст: кобинаи Нетаняҳу бадтарин кобина дар Исроил ба шумор меравад ва Бен Гуер, вазири тундрави Нетаняҳу ин кобинаро мечархонад. Нетаняҳу бори дигар таслими Бе Гер шуда ва тасмиме гирифта, ки таҷрибаҳои гузашта нишон медиҳад, товони амниятии сангине дорад.

Ҳооретс идома дод: ин дар ҳоле аст, ки сервисҳои амниятӣ дар Исроил нисбат ба шӯълавар шудани ҷабҳаҳои ҷадид дар Қудси ишғолӣ ва Каронаи Бохтарӣ дар сурати иҷроӣ шудани ин тасмим ҳушдор додаанд.

Ба тозагӣ шабакаи 13 телевизиони режими саҳюнистӣ эълон кардааст, ки Нетаняҳу бо тарҳи Бен Гуер барои эъмоли маҳдудият ҷиҳати вуруди фаластиниҳо ба Масҷидулақсо дар айёми моҳи мубораки Рамазон мувофиқат кардааст.

Бар асоси ин тарҳ вуруди фаластиниҳои сокини заминҳои мавсум ба 1948 ба Масҷидулақсо дар моҳи мубораки Рамазон маҳдуд хоҳад шуд.

Тирандозии густарда ба самти фаластиниҳо дар сафи интизори дарёфти кумак

Артиши режими саҳюнистӣ дар ҷинояти ҷадид ба шакли ваҳшиёна ба самти оворагони фаластинӣ, ки дар ғарби шаҳри Ғазза мунтазири дарёфти кумакҳои башардӯстона буданд, тирандозӣ кард.

Ин дар ҳоле аст, ки ғарби шаҳри Ғазза шоҳиди густариши шадиди қаҳтӣ ва гуруснагӣ дар миёни оворагони фаластинӣ аст.

Ҳамлаи ишғолгарони саҳюнист ба фаластиниҳои мазлум дар ҷараёни интизор кашидани онҳо барои расидани комюнҳои ҳомили кумакҳои башардӯстона дар бахшҳои мухталифи Навори Ғазза такрор шуда ва даҳҳо шаҳид ва захмӣ бар ҷой гузоштааст.

Пеш аз ин низ ҷангандаҳои артиши режими саҳюнистӣ чандин навбат комюнҳои ҳомили ин кумакҳоро дар бахшҳои мухталифи Навори Ғазза бомбаборон карда буданд.

Вазорати беҳдошти Навори Ғазза ҳам дар гузориши нави худ эълон кард, ки режими саҳюнистӣ фақат давоми 24 соат 9 ҷинояти ҷадид дар бахшҳои мухталифи ин борика анҷом дод, ки сабаби шаҳодати 107 нафар ва захмӣ шудани 145 нафари дигар шуд.

Дар ин баёния омадааст: бо эҳтисоби шаҳидони ҷадид, шумораи шаҳидони таҷовузҳои режими саҳюнистӣ ба Навори Ғазза аз ҳафтуми октябр то рӯзи душанбе ба 29 ҳазору 92 нафар афзоиш ёфт.

Талоши Телавив барои поён додан ба амалиёт дар Хон Юунус

Радио артиши режими саҳюнистӣ ба нақл аз масъулони низомии саҳюнист муддаӣ шуд, ки бар асоси баровардҳои анҷомшуда, амалиёти заминии артиши ин режим дар Хон Юнус, воқеъ дар ҷануби Навори Ғазза рӯ ба итмом аст.

Ин манобеъ изофа карданд: амалиёт дар дармонгоҳи пизишкии Носир дар Хон Юнус рӯ ба итмом аст.

Ин дар ҳоле аст, ки артиши режими саҳюнистӣ аз 2 ҳафтаи қабл ин дармонгоҳро таҳти муҳосираи худ қарор додааст; дармонгоҳе, ки дарбаргирандаи захмиҳо, беморон ва кадри дармон буда ва ҳеҷ асаре аз нерӯҳои муқовимат дар он нест.

Ишғолгарони саҳюнист илова бар муҳосираи ин дармонгоҳ монеи вуруду хуруҷи афрод ва интиқоли маводи ғизоӣ ва таҷҳизоти пизишкӣ ба он шудаанд.

Радио режими саҳюнистӣ изофа кард, ки артиши ин режим дар ҳоли ниҳоӣ кардани мавозеи худ дар бораи ҳамлаи заминӣ ба шаҳри Рафаҳ аст.

Шаҳри Рафаҳ дар ҳоли ҳозир дарбаргирандаи яку ним миллион фаластинӣ буда ва шумораи зиёде аз оворагон аз шаҳрҳои мухталифи Навори Ғазза ба ин шаҳр муҳоҷират кардаанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад