Назари коршинос бар суду зиёни муҳоҷирон барои Русия

Мавзӯи муҳоҷирони корӣ баҳсбарангез аст: бархе мегӯянд, хориҷиҳо ҷойи кори русиягиҳоро мегиранду қисми дигар бовар доранд, ки бе онҳо кор мушкил хоҳад буд.

Мавзӯи муҳоҷирони корӣ баҳсбарангез аст: бархе мегӯянд, хориҷиҳо ҷойи кори русиягиҳоро мегиранду қисми дигар бовар доранд, ки бе онҳо кор мушкил хоҳад буд.

Ба гузориши манбаъ:

Соҳаи муҳоҷират дар Русия хеле печида аст, зеро маълумоти дақиқ дар бораи чӣ қадар бояд шаҳрвандони хориҷӣ бояд ба кор ҷалб шаванд, вуҷуд надорад.

Ин нуктаро дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон муовини раиси комиссияи равобити байнимиллӣ ва байнидинӣ ва муҳоҷирати Палатаи ҷамъиятии Русия, узви Шӯрои муносибатҳои байни миллатҳои назди президент Маргарита Лянге баён дошт.

Коршинос ба маълумоти Вазорати меҳнат истинод кард, ки тибқи он Русия танҳо ба 140 ҳазор мутахассиси соҳибихтисос ниёз дорад.

Вай афзуд:

“Аммо ба мо чӣ қадар муҳоҷирони бе касбу тахассус лозиманд, ки вазифаи “овардану бурдану кофтан”-ро иҷро мекунанд, касе аниқ намегӯяд, мутаассифона, мо ба ин савол ҷавоб гирифта наметавонем”.

Ба гуфтаи Лянге, барои посух додан ба ин суол, ки оё Русия ба муҳоҷирон ниёз дорад, бояд рақамҳои дақиқро таҳлил кард ва дар ҳоли ҳозир касе наметавонад онҳоро пешниҳод кунад.

Дар баробари ин, вай аз таҷрибаи вилояти Калуга мисол овард, ки ду сол пеш дар як қатор соҳаҳо ва ҷойҳои корӣ барои муҳоҷирон манъ карда шуд.

Лянге ёдовар шуд, ки қабл аз ин минтақа аз барномаи ба истилоҳ қабули ҳамватанон, ки тибқи он муҳоҷирон аксар вақт бидуни риояи тамоми меъёрҳо шаҳрвандии Русияро ба таври суръатбахш мегирифтанд, хориҷ шуда буд.

Коршинос изҳор дошт:

“Мо ба наздикӣ дар Палатаи ҷамъиятӣ муҳокимаҳо баргузор кардем ва вазири сиёсати дохилии вилояти Калугаро даъват кардем. Пурсидем, ки иқтисод чӣ аст? Ва ман аз ҷавоби ӯ дар ҳайрат мондам, ки гуфт таконе нашудааст”.

Дар баробари ин, Лянге мутмаин нест, ки “иқтисод дар тамоми минтақаҳои Русия такон нахоҳад хӯрд”.

Аммо изҳороти ҷонибҳои манфиатдор дар бораи он ки ҳама чиз дар Русия ба дасти муҳоҷирон аст ва бидуни онҳо фурӯ хоҳад рафт, як фиреби хеле бузург аст, ба эътиқоди ӯ.

Лянге пешниҳод кард:

“Ман фикр мекунам, ки ин он қадар даҳшатнок нест, ки ҳоло ба мо мегӯянд. <…> Шояд ин [мушкилот]-ро тавассути механизатсия ҳал кардан мумкин аст? Бо ҷалби одамон на, балки бо ҷалби техникаи бештар”.

Ба эътиқоди узви Шӯрои равобити байни миллатҳои назди президенти Русия, дар кишвар танҳо лозим аст, ки тартибот дар соҳаи муҳоҷират барқарор шавад, дар он сурат муносибат бо хориҷиён беҳтар ва шароити кори онҳо беҳтар мешуд.

“Зеро ҳоло баъзан, вақте ки ҳама гуна рейдҳо рух медиҳанд, мо мебинем, ки ин бечораҳо дар чӣ шароит ба сар мебаранд, медонед, ин барои корфармоёни мо шармовар аст”, – шикоят кард коршинос.

Дар ҳамин ҳол, Лянге аз вазъияте пуштибонӣ намекунад, ки муҳоҷирони кории ба Русия омада хешовандон ва хонаводаҳоро бо худ мебаранд.

Ба ақидаи вай, агар одам ба кор рафтанӣ бошад, пас бояд ҳатман бе оила равад. Вай афзуд, хоҳиши муҳоҷирон барои гирифтани оилаи худ ба вазъи соҳаи иҷтимоӣ марбут аст, ки дар Русия назар ба як қатор кишварҳое, ки мардум аз он ҷо мераванд, хеле беҳтар сохта шудааст.

Лянге гуфт:

“Аммо ин як бори иловагӣ аст, ки бигӯем, меҳнати муҳоҷиронро барои шаҳрвандони Русия беқурб мекунад, зеро маълум мешавад, ки мо барои ин корманд, назар ба даромадаш хеле бештар харҷ мекунем”.

Нигоҳ доштани оилаҳо ва фарзандони муҳоҷирон хеле гарон аст. Аз чумла, хизмати тиббӣ, мактаб. Илова бар ин, омӯзгорон ба онҳо вақт сарф мекунанд, то каму беш забони русиро омӯзанд ва онро ба кӯдакони маҳаллӣ бахшанд, мегӯяд коршинос.

Узви Шӯро афзуд:

“Албатта, агар одамон ба Русия накӯчанд, пас барои мо чунин оилаҳо лозим нест. Аммо агар шаҳрванди Русия шуданист, албатта, барои фарзандонаш, таҳсил ва ҳама чизи дигарро таъмин мекунем”.

Аммо дар мавриди пиронсолон, бо назардошти вазъи демографии Русия, муҳоҷирон бояд худашон дар бораи онҳо ғамхорӣ кунанд. Ба гуфтаи коршинос, ин набояд бори гарон бар сари ҷомеа бошад.

Вай қайд кард, ки қонунгузории муҳоҷиратро бояд тартиб дод, то аз ҷониби русиягиҳо норозигӣ набошад, масалан барои ҳамон андозҳое, ки шаҳрвандон ба буҷаи умумӣ месупоранд, вале онҳо барои муҳоҷирон мераванд.

Лянге хулоса кард:

“Агар шахс нияти шаҳрванди Русия буданро дошта бошад, пас ӯ бояд марҳилаҳои муайянро тай кунад, ки зимни он на танҳо хоҳиш, балки маҳорати худро низ нишон медиҳад. Дар ин ҳолат, албатта, инҳо фарзандони мо, шаҳрвандони мо ҳастанд ва мо бо онҳо машғул мешавем”.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Мақсади асосии муҳоҷират ба Русия – фаъолияти меҳнатӣ буда, дар соли 2022 беш аз 9,5 миллион нафар ба ин мақсад ворид шудаанд, таъкид кард мутахассис.

Масъалаҳои муҳоҷират ва мутобиқшавии шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия хеле шадиданд.

Михаил Бурда, коршиноси умури муҳоҷират, номзади илмҳои сиёсӣ, ҳамзамон – дотсенти Академияи хоҷагии халқ ва идораи давлатии Русия дар бораи омори вуруди шаҳрвандони Осиёи Марказӣ ба Федератсияи Русия сухан гуфт.

Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон дар ин чорабиние, ки дар бинои Палатаи ҷамъиятии кишвар баргузор гардид ва ба мушкилоти мутобиқшавӣ ва ҳамгироии муҳоҷирон бахшида шуда буд, ширкат дошт.

Зикр гардид, ки ҳадафи аслии муҳоҷират ба кишвар фаъолияти меҳнатӣ буда, дар соли 2022 беш аз 9,5 миллион нафар ба ин мақсад ворид шудаанд, таъкид кард мутахассис.

Коршинос, ҳамчунин, аз кишварҳое ном бурд, ки шаҳрвандонашон бештар ба Русия меоянд.

Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, соли гузашта аз Тоҷикистон ҳудуди 3,1 миллион нафар омадаанд. Ин дар ҳоле ки теъдоди муҳоҷирон аз Ӯзбекистон – 4,9 миллион ва аз Қирғизистон – 1 миллион нафарро ташкил медиҳад.

Қаблан вазорати корҳои дохилии Русия хабар дода буд, ки соли 2023 дар ин кишвар ҳудуди 6,6 миллион муҳоҷир ба сар мебаранд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад