Афзоиши 20 дарсадии боздид сайёҳони хориҷӣ аз кишвар дар соли 2023

Кумитаи сайёҳии Тоҷикистон дар ҷамъбасти натиҷаҳои соли 2023 эълон намуд, ки тайи ин муддат аз кишвар шаҳрвандони 121 давлати дунё боздид намудаанд.

Кумитаи сайёҳии Тоҷикистон дар ҷамъбасти натиҷаҳои соли 2023 эълон намуд, ки тайи ин муддат аз кишвар шаҳрвандони 121 давлати дунё боздид намудаанд.

Ба гузориши мнбаъ:

Соли 2023 аз Тоҷикистон беш аз 1,25 млн сайёҳ боздид кардаанд, ки нисбат ба соли қаблӣ 20% бештар мебошад.

Дар ин бора раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, аз шумораи умумии сайёҳон зиёда аз 92%-ашонро шаҳрвандони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ташкил медиҳанд. Ин ниҳод мегӯяд, тайи ин муддат дар маҷмуъ аз ҷумҳурӣ шаҳрвандони 121 давлати дунё боздид намудаанд.

Дар садри феҳраст, аз рӯи теъдоди сайёҳон Ӯзбекистон қарор дорад, ки 806 ҳазор шаҳрвандаш давоми сол ба Тоҷикистон омадаанд.

Шумораи сайёҳон аз Русия низ қариб ду баробар зиёд шуда, ба беш аз 262 ҳазор нафар расидааст ва баъди Ӯзбекистон дар зинаи дуюм қарор дорад.

Дар соли 2022 шумораи сайёҳоне, ки аз Русия ворид шуданд, 136,1 ҳазор нафарро ташкил дод, ки нисбати соли 2021-ум 3,3 маротиба зиёд арзёбӣ шуда буд.

Инчунин аз Қазоқистон дар соли 2023 беш аз 31,5 ҳазор аз Тоҷикистон боздид намудаанд, ки наздики 32% дар қиёс бо соли қаблӣ зиёд аст.

Сайёҳон аз Чин дар Тоҷикистон қариб 5 баробар зиёд шуда, ба 13 ҳазор нафар расидаанд.

Панҷгонаи аввали кишварҳоро аз рӯи теъдоди сайёҳонаш дар Тоҷикистон, Туркия ҷамъбаст намудаст, ки қариби 11 ҳазор шаҳрвандаш ба сайёҳат омадаанд.

Дар мавриди даромади иқтисоди Тоҷикистон аз сайёҳӣ, Кумитаи соҳавӣ таъкид намуд, ки ҳар сайёҳ ба ҳисоба миёна 335 доллар сарф кардааст.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Теъдоди шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ бо ҳадафҳои мухталиф ба Тоҷикистон сафар кардаанд, 260 ҳазор нафарро ташкил додааст. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти кишвар, нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 ин шумора 30,2% зиёд мебошад.

Аз ин шумора 209 ҳазор нафар тибқи методологияи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ сайёҳ маҳсуб мешаванд, ки шумораи онҳо нисбат ба семоҳаи аввали соли 2022 44,5 фоиз зиёд шудааст.

Зиёда аз 70% шаҳрвандони хориҷӣ аз Ӯзбекистон (185,9 ҳазор нафар) ва зиёда аз 20% аз Русия (53,2 ҳазор нафар) омадаанд.

Инчунин 6,7 ҳазор нафар Қазоқистон, 3,5 ҳазор – Чин, 2,3 ҳазор – Туркия, 1,4 ҳазор – ИМА, 1,2 ҳазор нафар шаҳрвандони Афғонистон ва Эрон вориди Тоҷикистон шудаанд. Аз баъзе кишварҳои дигари ҷаҳон низ вуруди нисбатан кам (камтар аз 1 ҳазор нафар) ба қайд гирифта шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба хориҷа рафтаанд, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 812,1 ҳазор нафарро ташкил дод, ки 38,4% нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 бештар аст.

Бино ба маълумоти Агентии омор, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 240 ширкати сайёҳӣ фаъолият доштаанд.

Инчунин 185 меҳмонхона, 27 хобгоҳ ва мотел, 52 осоишгоҳ, 5 осоишгоҳ ва лагери бачагона, 7 маркази истироҳату дармонбахшӣ, 6 хонаи истироҳат, 1 кемпинг ва 5 базаи сайёҳӣ амал кардаанд.

Қобили зикр аст, ки сайёҳӣ аз ҷониби мутахассисон яке аз се бахши (дар баробари саноати кӯҳӣ ва гидроэнергетика) такондиҳандаи рушди иқтисоди Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад