Гирифтории беш аз 50 муҳоҷири тоҷик дар Қазоқистон

Рӯзи 12 феврали соли 2024 як автобус бо беш аз 50 шаҳрванди калонсоли Тоҷикистон ва 4 ноболиғ дар атрофи шаҳри Руднийи вилояти Қустанай дар шимоли Қазоқистон дар  наздикии марз бо вилояти Челябински Русия аз роҳ берун шуда, дар ними роҳ дармондааст.

Рӯзи 12 феврали соли 2024 як автобус бо беш аз 50 шаҳрванди калонсоли Тоҷикистон ва 4 ноболиғ дар атрофи шаҳри Руднийи вилояти Қустанай дар шимоли Қазоқистон дар  наздикии марз бо вилояти Челябински Русия аз роҳ берун шуда, дар ними роҳ дармондааст.

Дар ин бора дар саҳифааш дар Инстаграм бо нашри аксҳо ва видео аз ҷои ҳодиса ҳокими Рудний Виктор Ионенко хабар дод. Дар видео ва аксҳо дида мешавад, ки автобус дар як роҳи пурбарф аз ҳаракат мондааст. Дар ин шабу рӯз дар Рудний сардии қаҳратуне ҳукмфармо буда, рӯзона ҳарорати ҳаво то -15 дараҷа ва шабона то -30 дараҷа сард мешавад.

Ҳокими Рудний Виктор Ионенко хабар дод, ки ҳамаи муҳоҷирони тоҷикро ба Рудний оварда, дар Маркази захираҳои ҷавонон ҷой ва бо чою хӯроки гарм таъмин кардаанд.

Ҳокими Рудний дар Инстаграм хабар додааст:

“Дар роҳи Рудний-Қашар ронандаи автобуси мусофирбар аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт баромада натавонист ва дар натиҷа, автобус аз роҳ берун шуда, дармонд. Дар дохили автобус шаҳрвандони Тоҷикистон қарор доштанд: Беш аз 50 калонсол ва 4 кӯдаки ноболиғ. Барои кумак ба онҳо тамоми муассисаҳои давлатии шаҳр, корхонаҳои обу корез (водоканал), шабакаи гармидиҳӣ, хадамоти пулис, ҳолатҳои фаввқулодда ва табибон сафарбар карда шуданд. Ҳамаи мусофиронро оҷилан ба Рудний интиқол доданд. Дар Маркази захираҳои ҷавонон барои онҳо чою нон ташкил карданд. Иловатан ихтиёриён ва соҳибкорон ба онҳо ҳамчун кумак маводи хӯрока ва либосу пойафзоли гарм расонданд. Ва замоне ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар Маркази ҷавонон гарм мешуданд, мқомоти вижа ба тармими автобус машғул шуданд”.

Виктор Ионенко ба ҳамаи онҳое, ки “барои таъмини амнияти шаҳрвандони дар ҳолати вазнини зиндагӣ қароргирифта талоши лозимро ба харҷ доданд”, изҳори сипос кардааст.

Қаблан хабар омада буд, ки шаби 6 ба 7 феврали соли 2024 як автобус бо 68 мусофир, ааз ҷумла 14 зан ва 4 кӯдак, – ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон – дар роҳи сафар аз Тоҷикистон ба Русия ба иллати барфу бӯрон дар ними роҳ дар наздикии деҳаи Оқҷар дар ноҳияи Хромтау дар вилояти Оқтеппа дар шимоли Қазоқистон дармондааст.

Ба кумаки мусофирони дар ҳавои бӯронӣ дар роҳ дармонда кормандони пулиси вилояти Оқтеппа ва ҳокими ҷамоати Оқчар расида, мусофиронро аз байни роҳ ба як кемпинги воқеъ дар масофаи 3 километр аз ҷои ҳодиса интиқол додаанд. Дар он ҷо мусофирони тоҷикро бо ҷои гарму хӯроки гарм таъмин кардаанд. Хушбахтона, касе аз муҳоҷирони тоҷик ба ёрии тиббӣ ниёз надошт.

Дар видеои нашркардаи пулис дида мешавад, ки кӯчондани мусофирон дар шароити бӯрони хеле сахт сурат мегирад. Суръату боду барф чунон тунд аст, ки мусофирон ва ҳатто кормандони пулис бо азоб қадам мемонданд. Ин шаби рӯз дар вилояти Оқтеппа сармои сахти бӯронӣ ҳукмфармост.

Мақомоти Қазоқистон дар ҳафтаҳои охир алакай дар бораи чандин мавриди дар сардӣ дар ними роҳ дармондани муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ дар роҳи сафар ба Русия ваё бозгашт аз он кишвар хабар медиҳанд.

Ба сабаби гарон будани нархи чиптаи ҳавопаймо, ҳазорон нафар аз муҳоҷирон маҷбуранд, ки бо нақлиёти заминӣ ба муҳоҷират бираванд ва сипас бо ҳамин роҳ ба Ватан баргарданд. Сафар бо автобус барои онҳо, албатта, арзонтар тамом мешавад, вале хатарҳои зиёдеро, мисли вайрон шудани автобусу бо ҳар баҳона аз онҳо пул кандани мақомоти маҳаллӣ дар тӯли роҳи тӯлониашон бо худ ба ҳамроҳ дорад.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад