Фаҷри 45: 22 баҳман солрӯзи пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон

Дар рӯзи 22 баҳман 1357,(11-уми феврали 1979) Инқилоби Исломии мардуми Эрон ба раҳбарии Имом Хумайнӣ (раҳ) ба нуқтаи атфи худ расид ва саранҷом муборизоти мардуми мусалмони Эрон ба бор нишаст.

Дар воқеъ пирӯзи Инқилоби Исломии Эрон дар 22 баҳман 1357 нуқтаи атфе дар таърихи чанд ҳазор солаи Эрон маҳсуб мешавад. Ин инқилоб сабаби таҳаввулоти бунёдин дар арсаҳои мухталифи чомеаи Эрон гузашта аз таҳавуллоти сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ шудааст.

Имом Хумайнӣ (рҳ) Раҳбари Кабири Инқилоби исломӣ, ки ҳидояд ва раҳбарии миллати бузурги Эронро бар уҳда доштанд, шахсяти бе ҳамто дар таърихи муъосири Эрон буда ва таъсироти қотеъ ва асоси бар равандҳои сиёсӣ ва таърихи муъосири Эрон доштаанд. Акнун пас аз гузашти беш аз се даҳҳа аз риҳлати ин бузургмарди таърихи Эрон ва ҷаҳони ислом ҳанӯз ҳам афкор ва андешаҳои Имом Хумайнӣ (рҳ) ҳам чунон ба манзалаи чароғи фароравии низоми Ҷумиҳӯрии исломӣ буда ва ёду номи Имом дар қалби миллати Эрон зиндааст.

Дар бораи Имом Хумайнӣ (рҳ) ба унвони Раҳбари Инқилоби исломӣ ва ҳидоятгари хезиши мардумӣ ва расидан ба пирӯзии ин инқилоби шукӯҳманд, бояд ишора кард, ки Ишон Раҳбарӣ муддабир, шуҷоъ, мутафаккир, огоҳ ба замон ва масоъили ҷаҳонӣ буд, ки бо баҳраманди аз шиваҳои навин ва бадеъ, бузургтарин инқилоби муъосирро ҳидоя кард.

Ишон дар курони инқилоб, ба унвони чеҳраи таърихсоз ва падидаи истисноӣ ва коризмотик ҷилва кард. Инқилобе, ки Имом Хумайнӣ (рҳ) парчамдор ва поягузори он буд, тавонист дар рӯзи 22 баҳман ғубор аз чеҳраи Ислом зудуда ва симои ҳақиқии онро пас аз 14 қарн ба ҷаҳони ташнаи адолат бинамоёнад. Ба ҳамин далел аст, ки Инқилоби Исломии Эрон дар ҷаҳони Ислом ба унвони ” Инқилоби Имом Хумайнӣ” шинохта шудааст.

Имом Хумайнӣ (рҳ) дар паёме ба муносибати чаҳорумин солгарди пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон, 22 баҳманро оғози пирӯзии миллати Эрон бар мустакбирон ва ғоратгарон, сароғози паричида шудани дастгоҳи ситамгари тоғутиён, сароғози ҳукумати Аллоҳ бар ҷаҳон, сароғози барафрошта шудани парчами адолати исломӣ ва бедории музтаъзафон хонданд.

Дар айни ҳол рӯз 22 баҳман ба унвони рӯзи пирӯзии Инқилоби исломиро метавон руйдоди муҳим ва шигифтангез барои ҷаҳониён донист. Ин рӯйдоди бузурги қарни бистум, аз як сӯй муъодилоти сиёсии истекборро дар чорчӯби низоми султа ва тақсими истеъмори ҷаҳон барҳам зад аз ва аз сӯйи дигар, яке аз устувортарин режимҳои вобаста ба Ғарб ба вижа Амрико яъне режими Паҳлавиро решакан сохт ва дар кишвари бузург ва паҳновари Эрон, бо таваҷҷӯҳ ба аҳамияти стратежикӣ ва иқтисодӣ ва жеополетики он таҳаввули аззимро ба вуҷҷӯд овард ва як бори дигар Ислом ба унвони қудрати таъин кунанда дар ҷаҳон матраҳ шуд.

Оятуллоҳ Хоманаӣ Раҳбари муаззами Инқилоби исломӣ; агар имоми бузургавори мо набуд ва агар Ислом парчамдори инқилоб ва таҳаввул дар ин кишвар набуд, ҳеҷ умеди вуҷӯд надошт, ки салтаи ҷаҳаннами таҳқиромези Амрико ва ҳукумати диктотурии Қаси-Алқалби Паҳлавӣ аз ин мамлакат барканда шавад.

Инқилоби Исломии Эрон чашандози ваҳдати ҷаҳони Ислом ва истодагӣ дар баробари истекбори ҷаҳонӣ ба саркардагии Амрикоро бо ироаи ҷадид ва эҷоди марказе барои ҳимоят аз мустазъафон ва озодихоҳони ҷаҳон дар баробари дидагони муштоқи беш аз як миллиард мусалмонон гушуд ва мавҷе аз ҳаросро дар дили мустакбирони олам ба вуҷӯд овард. Дар воқеъ яке аз абъоди муҳими таъсиргузории Инқилоби Исломии Эрон, шаклгирии раванду фарояндаҳои навин ва бе собиқа дар арсаи сиёсати хориҷаи Эрон буда, ки бар мабнои истекборситезӣ ва муқобила бо салтагарии устувор аст.

Акнун дар чилупанҷумин солгарди пирӯзии Инқилоби исломии, Ҷумҳӯрии Исломии Эрон ба изъони коршиносон ба унвони қудрати муҳими минтақаӣ ва бозигари таъсиргузор дар арсаи байналмиллалӣ шинохта мешавад. Кошиноси масоъили Ғарби Осиё ишора бар нақши минтақаии Эрон мегӯяд: Эрон бо бархурдорӣ аз ҷойгоҳи мутамоизи жеополетики дар Халиҷи Форс борҳо собит кардааст, ки таъсиргузортарин қудрати минтақааст ва тавони тағиири равандҳоро дорад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад