Гузориши нави созмонҳои тандурустӣ аз вазъияти Ғазза

Созмонҳои тандурустӣ дар бораи вазъияти тозаи Ғазза, ҷадидтарин гузориши худро ироа кардаанд.

Созмони пизишкони бидуни марз бо судури баёнияе эълон кард, ки дар ҳоли ҳозир беш аз як миллион фаластинӣ дар Рафаҳ дар маърази танишҳои физоянда қарор доранд ва бисёре аз онҳо дар урдугоҳҳо ва чодарҳои муваққат зиндагӣ мекунанд.

Ин гузориш тасреҳ кард, ки ҳеҷ нуқтаи амне дар Ғазза вуҷуд надорад ва муҳоҷирати иҷборӣ ва мукаррари сокинони Ғазза онҳоро ба самти Рафаҳ кашонда ва боис шудааст онҳо ҳеҷ гузинаи дигаре дар ихтиёр надошта бошанд.

Пизишкони бидуни марз эълом кард: тимҳои пизишкӣ ва беморони мо маҷбур шуданд 9 маркази беҳдоштӣ дар Навори Ғаззаро тахлия кунанд.

Ин баёния нисбат ба ҳамлаи заминии эҳтимолии режими саҳюнистӣ ба Рафаҳ ҳушдор дода ва онро фоҷеабор хонда ва хостори таваққуфи фаврии ин ҳамла шуд.

Пизишкон бидуни марз аз тамоми давлатҳо аз ҷумла Амрико хостааст то иқдомоти муҳим барои таҳаққуқи оташбаси комил ва мустамар дар Ғаззаро дар дастури кори худ қарор диҳанд.

Ин баёния тасреҳ мекунад, ки дар шароити кунунӣ фаъолият дар Ғазза тақрибан ғайримумкин аст ва талошҳои ин созмон барои мудовои фаластиниҳое, ки аз иқдомоти хасмонаи Исроил наҷот пайдо кардаанд, коҳиш пайдо кардааст.

Аз сӯи дигар Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ эълом кард, ки 721 маврид ҳамларо аз сӯи режими саҳюнистӣ алайҳи марокизи беҳдоштӣ дар Фаластин аз таърихи ҳафти октябр токунун сабт кардааст. Дар ин гузориш омадааст: 357 маврид аз ин ҳамлаҳо дар Навори Ғазза ва аз таърихи ҳафти октябр токунун рух додааст.

Ториқ Ёсоривич, сухангӯи ин ниҳоди байналимилалӣ дар як конфронси хабарӣ дар Женева таъкид кард: ҳамлаҳои анҷомёфта алайҳи марокизи дармонии Навори Ғазза токунун 645 қурбонӣ ва 818 захмӣ бар ҷой гузоштааст.

Вай дар идома афзуд: ин ҳамлаҳо боиси ворид омадани хисорат ба 98 маркази дармонӣ аз ҷумла 27 бемористон ва аз байн рафтани 90 худрави имдодрсон шудааст.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад