Сарони кишварҳои Покистон, Арабистон ва Озарбойҷон солгарди пирӯзии Инқилоби Эронро табрик гуфтанд

Имрӯз якшанбе 11 феврал ҳамзамон бо ҷашни пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон, мақомҳои кишварҳои мухталиф дар бораи ин муносибат паём содир кардаанд.

Сарони кишварҳои Покистон, Арабистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон имрӯз якшанбе 11 феврал бо ирсоли паёмҳои ҷудогона чиҳилу панҷумин солгарди пирӯзии Инқилоби Исломии Эронро ба миллат ва давлати Эрон табрик гуфтанд.

Ба гузориши ТоҷикПресс, вазорати хориҷаи Покистон бо интишори як паём, ба муносибати солгарди пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон, ба мардум ва давлати Эрон самимона табрик гуфт.

Дар идомаи вокунишҳои сарони кишварҳои ҷаҳон ба чиҳилу панҷумин солгарди пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон, вазорати хориҷаи Покистон ин рӯзи миллиро ба мардуми Эрон табрик гуфт.

Вазорати хориҷаи Покистон дар сафҳаи маҷозии худ дар шабакаи Твиттер, ба муносибати ҷашни пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон, аксе аз парчамҳои ду кишвар ва майдони Озодии Теҳрон мунташир кард.

Дар паёми вазорати хориҷаи Покистон омадааст, ки «Ба муносибати рӯзи миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон, мо самимонатарин табрикоти худмонро ба мардум ва давлати Эрон иброз мекунем».

Дар ҳамин бора, “Малик Салмон ибни Абдулазиз”, дар паёме фарорсидани ин рӯзи миллиро ба ҷаноби оқои доктор Иброҳими Раисӣ, раисҷумҳури Эрони исломӣ табрик гуфта ва самимона барои ишон, давлат ва миллати бародар оризӯи саломатӣ ва шодкомӣ кард.

Хабаргузории расмии давлати Арабистони Саудӣ дар гузориши дигаре навишт, ки Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди Арабистон ва нахуствазири ин кишвар ҳам дар паёме ин рӯзи миллиро ба ҷаноби оқои доктор Иброҳими Оаисӣ табрик гуфта ва барои давлат ва миллати бародар Эрон, оризӯи пешрафт ва беҳрӯзтии рӯзафзун кард.

سران عربستان سالگرد پیروزی انقلاب را تبریک گفتند

Сафири Арабистони Саудӣ, дар Ҷумҳурии Исломии Эрон, Абдуллоҳ ибни Сауд Ал-Анзӣ низ рӯзи гузашта дар дидор бо Ҳусайни Амирабдуллҳиён вазири хориҷаи ин кишвар, паёмҳои табрики шоҳи Саудӣ ва валиаҳди Риёз Муҳаммад ибни Салмон барои доктор Раисӣ ба муносибати солгарди пирӯзии Инқилоби Исломиро ба вазири умури хориҷа иблоғ карда буд.

Илҳом Алиев, раисҷумҳури ҷумҳури Озарбойҷон низ дар паёми табрик ба ҳамтоии эронии худ дар чиҳилу панҷумин ҷашни Инқилоби Исломии Эрон, таомули ду кишварро дар сатҳи ризоятбахшӣ донист.

علی‌اف جشن انقلاب را به رئیسی تبریک گفت

Алиев гуфт: «Аз тарафи худам ва мардуми Ҷумҳурии Озарбойҷон, ба шумо ва тамоми миллат ба муносибати ҷашни миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи пирӯзии инқилоби исломиро табрик мегӯям» ин бахше аз паёми раисҷумҳури Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, ба раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Эрон, Сайид Иброҳими Раисӣ дар чиҳилу панҷумин солгарди пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон буд.

Хабаргузории “Azar News”-и Ҷумҳурии Озарбойҷон гузориш кард, Илҳом Алиев дар номае бо таъкид бар равобити дӯстонаи Теҳрон ва Боку тасреҳ кард «Арзишҳои маънавии муштарак байни мардумони мо асоси хубе барои тавсеаи равобит ва ҳамкориҳои байнидавлатҳои (Ҷумҳурии) Озарбойҷон ва Эрон аст».

Алиоф тасреҳ кард: «Таомюл байни кишварҳои мо дар ҳавзаҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ, ҳамлу нақл ва дигар ҳавзаҳо имрӯз ба сатҳи ризоятбахшӣ расидааст».

Вай дар поён таъкид кард, ки равобит миёни Боку ва Теҳрон ҳамчунон дар муҳити дӯстона ва ҳамкорӣ «дар ростои манофеи миллатамон» ҳамчунон тавсеа хоҳад ёфт.

Миллионҳо эронӣ аз субҳи имрӯз дар саросари Ҷумҳурии Исломии Эрон, бо ба даст гирифтани парчами Эрон ва плакордҳои бо шиорҳои инқилобӣ, чиҳилу панҷумин солгарди пирӯзии Инқилоби Исломии Эронро ҷашн гирифтанд, ки бозтоби он дар саросари ҷаҳон мунъакис шуд. Раҳбарони ҷаҳон аз ҷумлаи кишварҳои Туркия ва Қатар бо ирсоли паёмҳое ба раисҷумҳури Эрон, ҷашни Инқилобро табрик гуфтанд.

رویترز: ایرانیان پرچم‌های آمریکا و اسرائیل را آتش زدند

Рӯзи гузашта низ ҷашни чиҳилу панҷумин солгарди пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон дар Туркия, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Гурҷистон, Буркинофосу, Шветсия, Япония ва Туркманистон бо ҳузури мақомоти ин кишварҳо, суфаро ва руасои намояндагиҳои хориҷӣ ва эрониёни муқим баргузор шуда буд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад