Ҳамкориҳои иқтисодӣ меҳвари дидори вазири молияи Тоҷикистон бо сафири Фаронса

Дар дидори вазири молияи Тоҷикистон бо сафири Фаронса дар мавриди тавсеаи ҳамкориҳо дар заминаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ табодул назар шуд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Файзиддин Қаҳҳорзода” вазири молияи Тоҷикистон бо “Элза Пикнол” сафири Фаронса дар кишвар дидор ва гуфтугӯ карданд.

Тайи ин дидор тавсеаи ҳамкориҳо дар заминаҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ аз ҷумла диҷитолишудани иқтисод, энергия, санъат, фроварии кишоварзӣ, беҳдошт ва дармон ва ғайра муҳимм унвон шуд.

Равобити дипломатик байни Тоҷикистон ва Фаронса дар 3 марти 1922 барқарор шуд. Сафорати Фаронса дар шаҳри Душанбе дар таърихи 3 ноябри 2001 ва сафорати Тоҷикистон дар Порси дар соли 2013 ифтитоҳ шуд.

Байни Тоҷикистон ва Фаронса 21 санади мухталиф имзо шуда, ки мабнои ҳуқуқии равобити ду кишвар дар заминаҳои сиёсати хориҷӣ, тиҷорӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, омӯзишӣ, фарҳангӣ, илмӣ, фаннӣ, гардишгарӣ, мусофирати ҳавоӣ, навсозии зерсохтҳои фурудгоҳи Душанбе, дифоъ, амнияти дохил ва … ташкил медиҳанд.

Вузарои хориҷаи ду кишвар ҳамчунин дар 16 марти 2022 «нақшаи роҳи тавсеаи ҳамкории байни Тоҷикистон ва Фаронса барои солҳои 2021-2026»-ро имзо карданд.

Гардиши молии Тоҷикистон ва Фаронса дар моҳҳои январ ва сентябри 2023 мелодӣ 11 ҳазор ва 580 доллар баровард шудааст.

Сармоягузориҳои мустақими хориҷии Фаронса дар Тоҷикистон дар солҳои 2007 – 2022 болиғ бар 77.3 миллион доллар ва ҳаҷми куллӣ сармоягузории ин кишвар 125 миллион долларро ташкил медиҳад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад