Кумаки 2 миллион долларии Чин ба Тоҷикистон

Чин барои бунёди толори конфронс дар бинои нави ҳукумати Тоҷикистон 2 миллион доллар кумаки бебозгашт ихтисос додааст.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Завқӣ завқизода, вазири тавсеаи иқтисодӣ ва тиҷорати Тоҷикистон ва Сзи Шумин, сафири Чин дар Душанбе санади таҳвил ва дарёфти кумаки бебозгашти ин кишвар ба маблағи 2 миллион доллар барои сохти толори конфронс дар бинои нави ҳукумати Тоҷикистонро имзо карданд.

Ин кумаки бебозгашт ҳосили тавофуқномаҳоест, ки дар сафари Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори пойтахт ба Чин дар августи соли гузашта имзо шуда буд.

Завқизода дар ин дидор хотирнишон кард, ки ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ байни ду кишвар ба сатҳи ҷадиде расида ва ҳаҷми тиҷорати хориҷии мутақобил ҳар сола дар ҳоли афзоиш аст.

Мубодилоти тиҷории Тоҷикистону Чин дар як соли гузашта бо афзоиши 24 дарсадӣ мувоҷеҳ шуд ва Пекин дар сохтори гардиши тиҷорати хориҷии Душанбе муқеъияти дувумро ба худ ихтисос дод.

Дар ин дидор, ду тараф дар мавриди заминаҳои авлавиятдори ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодии дуҷониба аз ҷумла эҷоди ширкатҳои санъатии муштарак дар Тоҷикистон, ҳамкорӣ дар ҳавзаи иқтисоди диҷитал ва сабз ва ҳамчунин пешрафти сохти бинои ҷадиди давлати Тоҷикистон табодули назар карданд.

Қобили зикр аст, ки тибқи барнома, бинои нави ҳукумати Тоҷикистон дар соли ҷорӣ ба баҳра бардорӣ мерасад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад