Ҳамкориҳои пажӯҳишӣ миёни Тоҷикистону Эрон густариш хоҳад ёфт

Дар дидори раиси Маркази таҳқиқоти стратежики раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафири Эрон дар Душанбе бар алоқамандии ду кишвар нисбат ба густариши ҳамкориҳои пажӯҳишӣ таъкид шуд.

Ба гузориши ТоҷикПресс, дар дидори Хайриддин Усмонзода, раиси Маркази таҳқиқоти стратежики раёсат ҷумҳурии Тоҷикистон бо Алиризо Ҳақиқиён, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе бар алоқамандии ду кишвар нисбат ба густариши ҳамкориҳои пажӯҳишӣ таъкид шуд.

Усмонзода дар ин дидор зимни ироаи гузорише аз фаъолиятҳо ва иқдомоти Маркази таҳқиқоти стратежики раёсат ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ишора ба пайвандҳои таърихӣ, фарҳангӣ, тамаддунӣ ва забонӣ байни ду кишвар ва ҳамчунин мавозеи муштарак дар хусуси мавзуъҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз омодагии маркази номбурда барои тақвияти ҳамкориҳо бо ниҳодҳои пажӯҳишии Эрон хабар дода бар лузуми афзоиши ин ҳамкориҳо ва ифои нақши бештари тарафайн дар раванди рӯ ба рушди муносиботи дӯстона ва бародарона байни ду кишвар таъкид кард.

Ҳақиқиён ҳам дар ин дидор бо ишора ба таомулоти рӯ ба афзоиши марокизи пажӯҳишӣ ва ҳамчунин ҳамкориҳои пажӯҳишгарону таҳлилгарони Душанбе ва Теҳрон, нақши ниҳодҳои пажӯҳишӣ дар тақвияту густариши муносиботу шиносоии зарфиятҳои ҷадиди ҳамкориро бо аҳамият донист.

Сафири Эрон дар Душанбе афзуд: Тайи моҳҳои ахир, шоҳиди сафарҳои мутақобили мақомоти олирутбаи ду кишвари дӯсту ҳамзабон, аз ҷумла раисҷумҳур ва вазири дифои Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон ва баргузарии Намоишгоҳи тахассусии колоҳои сохти Эрон, ҳамзамон бо баргузарии шонздаҳумин Камиссиюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ дар Душанбе будем. Ҳамчунин ахиран раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ва шаҳрдори шаҳри Душанбе ҳам сафари самарабахшеро ба Теҳрон анҷом дод.

Қобили зикр аст, ки тайи ду соли ахир байни Маркази таҳқиқоти стратежики раёсат ҷумҳурии Тоҷикистон ва теъдоде аз марокизи марбутаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, аз ҷумла Дафтари мутолиоти сиёсӣ ва байналмилалии Вазорати умури хориҷа, Муассисаи мутолиоту таҳқиқоти байналмилалии Теҳрон ва донишгоҳи Аллома Таботабоии Эрон тафоҳумномаҳои ҷадиди ҳамкорӣ ба имзо расидааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад