Ҳукми Гаага содир шуд; чӣ бозтобе ба ҳамроҳ дошт?

Ҳукми аввалияи додгоҳи байналмилалии Гаага содир шуд ва бозтобҳои зиёдеро бо худ ба ҳамроҳ дошт; нигаронии Исроил ва истиқболи ҶИЭ бархе аз он бозтобҳо мебошад.

Додгоҳи Байнулмилалии Ҷиноӣ дар Ҳейг (Гаага) аз Исроил талаб кард, дар ҷараёни амалиёташ дар Ғазза аз ҳар гуна рафторе, ки метавонад ҳамчун наслкушӣ арзёбӣ шавад, худдорӣ кунад. Вале 17 додраси ин додгоҳ иҷрои тақозои Африқои Ҷанубиро, ки мехост оташбаси фаврӣ ҷорӣ шавад, дастгирӣ накарданд.

Ҷаласа рӯзи 26-уми январи имсол гузашт. Раиси додгоҳ ҳангоми қироати ҳукми муқаддамотӣ гуфт, Исроил бояд “чораҳои фаврӣ ва муассир биандешад”, то расондани ёриҳои бештари башарӣ ба фаластиниён имконпазир гардад.

Ӯ афзуд: “Додгоҳ аз миқёси фоҷиаи башарӣ, ки дар минтақа шудааст, хабар дорад ва аз идомаи талафоту ранҷи одамон сахт нигарон аст.”

Африқои Ҷанубӣ рӯзи 29-уми декабри соли 2023 ба зидди Исроил шикоят карда, Телавивро ба нақзи Эъломияи пешгирӣ ва муҷозот барои наслкушӣ муттаҳам намуд.

Исроил ин иттиҳомро рад кард ва дар ҷараёни баррасии далелҳо гуфт, ки ташбеҳи амалиёти нерӯҳояш бо ҷанги Русия дар Украина “бемаъност”. Ҳукумати Исроил, баръакс, аз Додгоҳи Ҳейг (Гаага) дархост карда буд, ки парвандаро пурра бекор кунад.

Додгоҳи Байнулмилалии Созмони Милал ба Исроил як моҳ фурсат додааст, ки дар бораи чораҳои андешидааш дар мавриди ҳукм гузориш бидиҳад.

Ҷанг дар Ғазза рӯзи 7-уми октябри соли 2023 бо ҳамлаи гурӯҳи “Ҳамос” ба Исроил оғоз шуд. Дар ин ҳамла 1200 исроилӣ кушта ва 240 кас ба гарав гирифта шуданд. 130 тан аз ин гаравгонҳо ҳанӯз дар ихтиёри гурӯҳҳои фаластинӣ ҳастанд.

Ба гуфтаи мақомоти тандурустии Фаластин, аз оғози ин даргириҳо то кунун бар асари ҳамлаҳои Исроил зиёда аз 25 ҳазор фаластинӣ ҷон бохтаанд, ки қисме аз онҳо занону кӯдакон ҳастанд.

Бо вуҷуди талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои даст ёфтан ба як оташбаси доимӣ, Исроил ба он розӣ нашуда ва мегӯяд, ки то аз байн бурдани гурӯҳи “Ҳамос” ба ҷанг идома медиҳад.

Дастури Нетаняҳу ба кобина пас аз ҳукми Гаага

Гуфта мешавад нахуствазири режими саҳюнистӣ ба аъзои кобинаи худ дастур додааст, то аз вокуниш ба раъйи додгоҳи Гаага худдорӣ кунанд ва дар ин бора ҳеҷ сухане нагӯянд.

Ба думболи судури ҳукми таърихии девони байналмилалии кайфарии Гаага алайҳи режими саҳюнистӣ дар парвандаи шикояти Африқои Ҷанубӣ аз ин режем ба иттиҳоми наслкушӣ дар Навори Ғазза, Бенёмин Нетаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ ба аъзои кобинааш дастур дод, то аз изҳори назар ва вокуниш ба ин ҳукм худдорӣ кунанд.

Тазочи Ҳонгбӣ, раиси шӯрои амнияти дохилии режими саҳюнистӣ дастури Нетаняҳуро ба аъзои кобина мунтақил карда ва аз онҳо хостааст, ки то замони судури мавзеи кобина дар бораи ин мавзуъ, аз изҳори назари аланӣ иҷтиноб кунанд.

Оҳорун Барак, қозии исроилӣ дар изҳори назари мустақил навишт, ки «ҳарчанд мӯътақидам, ки иттиҳоми наслкушӣ ҳеҷ ҷанбаи ақлонӣ надорад» аммо ба ду маврид аз аҳкоми додгоҳи Гаага раъй додааст. Ба гуфтаи Барак, Ӯ дар бораи ҳукми додгоҳи Гаага мабнӣ бар илзоми Телавив ба иҷтиноб аз таҳрики умумӣ ва ҳусули итминон аз дастрасӣ ба кумакҳои башардӯстона дар Навори Ғазза, раъйи мусбат додааст.

Дар ҷараёни ҷаласаи судури ҳукми додгоҳи Гаага, режими саҳюнистӣ борҳо ва борҳо ба далели истифода аз зӯр дар Ғазза, изҳороти таҳриккунандаи мақомоти аршади режими саҳюнистӣ, ки бо ҳадафи салби шаъни инсоният аз фаластиниён ва таҳрики ҷомеаи ҷаҳонӣ матраҳ шуда ва ҳамчунин ба далели куштори даҳҳо ҳазор нафар ва маҷруҳ кардани бешумори ғайринизомии бегуноҳ дар борикаи Ғазза, ба шиддат ҳадафи интиқод қарор гирифт.

Мавқеи Африқои Ҷанубӣ нисбати ҳукми Гаага

Вазорати хориҷаи Африқои Ҷанубӣ бо интишори баёнияе тадобири муваққатиеро, ки девони байналмилалии кайфарии (Гаага) алайҳи режими саҳюнистӣ таҳмил кард, ситоиш кардааст.

Ба нақл аз торнамои Вазорати хориҷаи Африқои Ҷанубӣ, давлати ин кишвар таъкид кард, ки ҳукми додгоҳи Гаага як пирӯзии қотеъ барои ҳокимияти қонун ва нуқтаи муҳим дар ҷустуҷӯи адолат барои миллати Фаластин аст.

Дар баёнияи Вазорати хориҷаи Африқои Ҷанубӣ омадааст: Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид акнун ба таври расмӣ аз ҳукми додгоҳ огоҳ хоҳад шуд. Ҳаққи ветои бархе кишварҳо наметавонад монеи барқарории адолати байналмилалӣ шавад ба вижа дар авҷи шароити вахими Ғазза, ки ҳар лаҳза ба воситаи иқдомоти Исроил ва нақзи конвансияи наслкушӣ, вахимтар мешавад.

Ҳамчунин дар ин баёния таъкид шудааст: кишварҳои севум ҳамакунун гӯш ба занги вуҷуди хатари ҷиддии наслкушӣ алайҳи мардуми Фаластин дар Ғазза ҳастанд ва дар натиҷа бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз наслкушии Исроил ва ҳусули итминон аз инки худашон аз тариқи кумак ва мушорикат дар иртикоби наслкушӣ, нақзкунандаи конвансияи наслкушӣ нестанд, бояд ба таври мустақил ва онӣ иқдом кунанд. Ин масъала қатъан тамоми кишварҳоро нисбат ба таваққуфи таъмини будҷа ва тасҳили иқдомоти низомии Исроил, ки бар пояи мантиқ, наслкушӣ аст, мулзам мекунад.

Дар ин баёния омадааст: Африқои Ҷанубӣ бо ҳадафи дифоъ аз ҳуқуқи башар аз ҷумла ҳаққи аввалия яъне ҳаққи ҳаёти фаластиниён дар Ғазза, ки таҷовузи низомии Исроил, қаҳтӣ ва беморӣ ҳамчунон онро дар хатари газоф қарор додааст, ҳамчунон ба иқдом дар чаҳорчӯби муқаррароти ҳукмронии ҷаҳонӣ идома хоҳад дод ва ҳамчунин дар ростои эъмоли одилона ва баробари қавонини байналмилалӣ барои ҳама ва дар ҷиҳати манофеи ҷамъии тамоми башарият, қадам бармедорад. Ҳукми ин додгоҳ дар бораи тадобири муваққатии ҳамгом бо конвансияи наслкушӣ, гоми таърихӣ ва чашмгир дар ҷиҳати расидан ба ин ҳадаф аст.

Нолиди Пондур, вазири умури хориҷаи Африқои Ҷанубӣ низ гуфт: он чизеро, ки лозим буд барои ҳифозат аз ҷони ҳазорон фаластинӣ дар Навори Ғазза анҷом додем. Дастурҳои девони байналмилалии кайфарӣ бидуни оташбас қобили иҷро нест. Дӯст доштем додгоҳи Гаага ҳукми таваққуфи ҷанг дар Ғаззаро содир кунад. Мо бояд аз Исроил бихоҳем ба қавонини байналмилал пойбанд бошад. Дар канори миллати Фаластин истодаем ва аз онҳо мехоҳем умеди худро аз даст надиҳанд.

Вокуниши Ҳамос ба ҳукми аввалияи додгоҳи Гаага

Сомӣ Абузаҳрӣ, аз раҳбарони ҷунбиши Ҳамос ҳам дар вокуниш ба ҳукми аввалияи додгоҳи Гаага дар бораи наслкушии режими саҳюнистӣ дар Ѓазза онро таҳаввули муҳиме барои мунзавӣ кардани режими саҳюнистӣ ва ифшои ҷинояти ин режим дар Ғазза донист.

Вай афзуд: тасмими девони байналмилалии додгустарӣ таҳаввули муҳиме аст, ки ба инзивои ишғолгар ва ифшои ҷиноятҳои он дар Ғазза кумак мекунад ва мо хоҳони маҷбур кардани ишғолгарон ба иҷрои тасмимҳои додгоҳи Гаага ҳастем.

Мустафо Бурғусӣ, дабири кулли ҷунбиш ибтикори миллии Фаластин ҳам дар ин бора гуфт: пазириши парвандаи наслкушии режими саҳюнистӣ тавассути девони олии додгустарии байналмилалӣ, ба маънои муҳокимаи “Исроил” ба сабаби ҷиноятҳояш барои аввалин бор аст.

Истиқболи ҶИЭ аз ҳукми Гаага

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҳукми девони байналмилалии додгустарӣ (Гаага) алайҳи режими саҳюнистӣ истиқбол кард.

Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон муваффақияти Африқои Ҷанубӣ дар девони додгустарии байналмилалӣ дар ҷараёни тарҳи шикоят аз режими саҳюнистиро ба давлат ва миллати Африқои Ҷанубӣ, миллати Фаластин ва хонум Нолди Пондур, вазири умури хориҷаи ин кишвар табрик гуфт.

Вазири хориҷаи Эрон гуфт: «‏бори дигар бар ҳимояти Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ибтикори амали давлати Африқои Ҷанубӣ таъкид мекунам. Мақомоти режими ҷаълии Исроил имрӯз манфӯртарин афрод назди афкори умумии ҷаҳон ҳастанд, ки бояд ба далели иртикоби наслкушӣ ва ҷиноятҳои бесобиқаи ҷангӣ алайҳи фаластиниҳо фавран ба дасти адолат супурда шаванд.»

Вай ҳамчунин кард: «аз ҳамаи ҳамтоёнам дар кишварҳои ҷаҳон тақозо дорам аз иқдоми Африқои Ҷанубӣ дар девони кайфарии байналмилалӣ ҳимоят кунанд.»

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад