Таъкиди Арабистону Эрон бар таъсири афзоиши равобит дар ҳамбастагии ҷаҳони Ислом

Мақомоти Арабистону Эрон тайи дидоре дар Риёз бар таъсири афзоиши равобити илмӣ, фарҳангӣ ва динӣ дар ҳамбастагии ҷаҳони Ислом таъкид карданд.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Шайх Муҳаммад Ал-исо, дабири кулли “Робитат-ул-олам ал-исломӣ” ва Алиризо Иноятӣ, сафири Эрон дар Риёз дар ин дидор Иттиҳоду ҳамбастагии кишварҳои исломӣ ва ваҳдати мусулмононро сабаби афзоиши тавонмандиҳои ҷаҳони Ислом ва баҳрамандӣ аз зарфиятҳои мавҷуд донистанду бар нақши марокизи исломӣ ва уламои Ислом дар тақвияти ҷойгоҳи Ислом дар муодилоти ҷаҳонӣ таъкид карданд.

Сафири Эрон бо ишора ба ин ки дидори мутақобили уламои исломӣ муҷиби наздикии дидгоҳҳо хоҳад шуд, гуфт: Яке аз мавориди ҳамкорӣ анҷоми пажӯҳишҳои муштарак дар масоили ҷадиди дунёи Ислом аст.

Шайх Муҳаммад Ал-исо низ дар ин дидор бо ишора ба масъулияти ҷамънигари “Робитат-ул-олам” гуфт: Робитат-ул-олам бар ҳамбастагии исломӣ бо вуҷуди танаввуи мазоҳиб таъкид дорад.

Ду тараф дар ин дидор бар ҷанбаҳои муштарак миёни мусулмонон таъкид карда ва таъмиқи равобити илмӣ, фарҳангиву динӣ миёни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Арабистони Саудиро гоме муассир дар ростои ҳамбастагӣ ва пайвастагии ҷаҳони Ислом донистанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад