Эътирофи нахуствазири пешини Исроил ба ноумедӣ дар шикасти Ҳамос

Нахуствазири пешини режими Исроил дар мусоҳибае дар рӯзномаи "Haaretz" эътироф кард, ки ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин, Ҳамос шикаст нахурдааст.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Эҳуд Барак”, нахуствазири пешини режими кӯдаккуши Исроил бо эътироф ба адами дастёбии ин режими ҷинояткор ба аҳдофе, ки барои таҷовузи низомӣ ба Ғазза эълом карда, эътироф кард, ки ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин, Ҳамос шикаст нахурдааст.

Эҳуд Барак, дар мусоҳибае дар рӯзномаи Haaretz навишт: бо вуҷуди дастовардҳои артиши (режими) Исроил, ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин, Ҳамос шикаст нахурда ва шонси бозгардондани гаравгонҳо рӯ ба коҳиш аст.

Нахуствазири пешини режими ҷинояткор ва кӯдаккуши Исроил аз масъулони кунунии ин режими ғосиб хоста тарҳи пешниҳодии Амрико барои идораи Ғазза баъд аз ҷангро қабл аз онки шонси муваффақияташ коҳиш ёбад иҷроӣ кунанд.

Ба навиштаи Барак, ин тарҳ шомили супурдани идораи Ғазза ба дасти неруҳои ҷадид аз кишварҳои арабӣ ва ҳамчунин ташкилоти худгардон, баъд аз тақвият ва навсозии он аст.

Барак ҳамчунин навишта, ки Бенни Гантс ва Гади Эйзенкот, дар ҳоли баррасии хурӯҷ аз кобинаи Нетаняҳу ҳастанд ва ин дар ҳоле аст, ки ин кобина ҳанӯз тасмимҳои муҳимме дар пеши рӯ дорад.

Вай афзуд: касе, ки миёни (режими) Исроил ва расидан ба як роҳиҳалли имконпазир барои Ғазза ҳоил шудааст шахси Нетаняҳу ва ҳомиёни ӯ яъне Итмар Бен Гойер ва Безалел Смотрич ҳастанд.

Нахуствазири пешини режими ҷинояткор ва кӯдаккуши саҳюнистӣ изофа кард: онҳо монеъ аз он мешаванд, ки (режими) Исроил манофеъи худашро пайгирӣ карда ва вориди ҳамоҳангӣ бо Амрико шавад ва (режими) Исроилро барои пешбурди манофеъи шахсии худашон ба дардисар меандозанд ва ин бояд мутаваққиф шавад.

Режими саҳюнистӣ, ки бо ҳадаф аз байн бурдани гурӯҳҳои муқовимати Фаластин аз ҷумла Ҳамос ва озодии усарои худ аз 7 октияб иқдом ба бомбаборони шадиди Навори Ғазза ва сипас лашкаркашӣ ба Ғазза кардааст, баъд аз ҳафтаҳо ҷинояти ваҳшиёна дар ин минтақаи таҳти муҳосира ба аҳдофи худ нарсед ва ба музокира бо муқовимат рӯй овард.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад