Таҷлили Рӯзи падар дар Тоҷикистон+аскҳо

Ба гузориши ТоҷикПресс, сафорати Теҳрон дар Душанбе аз таҷлили мелоди ҳазрати Алӣ (к) ва Рӯзи падар дар маҳалли ин сафорат хабар дод.

Сафорати Эрон дар Тоҷикистон гузориш дод, ки ҷашни мелоди ҳазрати Алӣ (к) ва Рӯзи падар дар маҳалли ин сафорат ва бо ҳузури сафирон, аъзои сафорат, эрониёни муқим, шахсиятҳои фарҳангӣ ва адабии тоҷик ва ҳамчунин ҷамъи зиёде аз дустдорони хонадони Паёмбари Акрам (с) баргузор шудааст.

Ин маросими шодиву сурур бо хондани оятҳое аз Қуръони Карим оғоз ва дар идома барномаҳои мухталифе аз қабили мавлудхонӣ, наътхонӣ, мусобиқаи саволу ҷавоб ва тақдими ҷоизаҳо ва ҳамчунин суруд аз ҷониби донишомӯзони ниҳоди таълимии сафорат иҷро шудааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад