Дидори Путин ва Бен Салмон дар Риёз

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар Дуюмин сафари худ ба кишварҳои ҳошияи халиҷи Форс ба Арабистон рафту бо Муҳамад Бен Салмон, валиаҳди ин кишвар дидору гуфтугӯ кард.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Бен Салмон дар ин дидор гуфт, ки ҳамоҳангии оянда дар абъоди сиёсӣ-амниятӣ, амнияти Ховари Миёна ва ҳамаи ҷаҳонро тақвият хоҳад кард.

Вай афзуд: “Фурсатҳое, ки дар оянда дар пеши рӯи мо қарор дорад, бисёр зиёд аст ва мо бояд ҳамагӣ дар ростои манофеи миллатҳои худ, минтақа ва ҷаҳон бо якдигар ҳамкорӣ кунем”.

Бен Салмони афзуд: “Путин меҳмони вижа ва барои давлату миллати Арабистон бисёр азиз ва муҳтарам аст”.

Дар ҳамин росто, Путин низ гуфт: дар ҳафт соли гузашта, равобити Русия ва Арабистон ба сатҳи бесобиқае расидааст”.

Раисҷумҳури Русия ҳамчунин гуфт, ки вай дар интизори дидани валиаҳди Арабистон дар Маскав мебошад”.

Путин изофа кард: “Бархе тағирот дар ҷадвали замонӣ пешомада, инро медонем, аммо ҳеҷ чизе монеи тавсеаи равобити дӯстона ва ҳамкорӣ миёни Маскав ва Риёз нахоҳад шуд”.

Вай пеш аз вуруд ба Арабистон, ба Иморот рафту бо Муҳаммад Бен Зоид раиси ин кишвар дидору гуфтугӯӯ кард.

Раисҷумҳури Русия Иморотро ба таври амалӣ асоситарин шарики кишвараш дар миёни кишварҳои арабӣ донист.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад