Афзоиши таҳдидҳо алайҳи мусулмонон ва яҳудиён дар Амрико

Идораи тафтишотии федерали Амрико нисбат ба ташдиди таҳдидот алайҳи мусулмонон ва яҳудиён дар Иёлоти Муттаҳида ҳушдор дод.

Ба гузороши ТоҷикПресс, Кристофер Врей, раиси Идораи тафтишотии федерали Амрико (FBI) нисбат ба афзоиши таҳдидот алайҳи мусулмонон ва яҳудиён дар ин кишвар ҳушдор дод.

Полис бо суръат барои мутаваққиф кардани таҳдидҳое талош мекунад, ки дар пайи ҷанги Исроил алайҳи Ғазза дар ҳоли афзоиш аст.

Раиси FBI таъкид кардааст, ки ифротгароёни хашин ба дунболи ҳадаф қарор додани мусулмонон ва яҳудиён дар Иёлоти Иуттаҳида аз тариқи ҳамалоти физикӣ, таҳдид ба бомбагузорӣ ва иртиботот дар фазои маҷозӣ ҳастанд, ки метавонад ба талафоти густарда мунҷар шавад.

Вай бо ишора ба инки ин ифротгароён ба ҷанги кунунии Исроил ва Ҳамос вокуниш нишон медиҳанд, хотирнишон кард, ки муҳтамалтарин таҳдид барои амрикоиҳо ба вижа мусулмонону яҳудиён ва арабҳо ҳастанд.

Изҳороти раиси FBI дар ҷараёни шаҳодаташ дар кумитаи қазоии сенатаи Иёлоти Муттаҳида баён шуд, ҷое ки вай таъкид кард, ки нигаронии аслии FBI муҷримоне ҳастанд, ки таҳти таъсири ҷанги феълӣ қарор гирифтаанд ва аз он барои анҷоми аъмоли хушунатомез ва таҳдид алайҳи мусулмонону яҳудиён дар Иёлоти Муттаҳида сӯи истифода мекунанд.

Гузоришҳои хабарӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико нишон медиҳад, ки ҷиноятҳо бар асоси нафратпароканӣ алайҳи мусулмонон ва яҳудиён пас аз 7 октябр ба мизони қобили таваҷҷуҳе афзоиш ёфтааст. Амре ки таъид мекунад чигуна даргириҳои хориҷ аз Амрико бар амрикоиҳои дар дохил таъсир мегузорад.

Ин дар ҳолест, ки ниҳодҳои мазҳабӣ ҳам ба намояндагӣ аз мусулмонон ва яҳудиён нисбат ба ташдиди ҷиноёти ношӣ аз нафратпароканӣ алайҳи пайравони ҳар ду дин ҳушдор додаанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад