Таъкиди мақомоти Қазоқистону Амрико ба мубориза бо фасоди молӣ

Мақомоти ду кишвари Қазоқистону Амрико ба мубориза бо фасоди молӣ ва афзоиши ҳамкориҳо дар ин арса таъкид карданд.

Намояндагони ожонси мубориза бо фасод дар Қазоқистон бо ҳамкорони худ аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар бораи ҳамкорӣ дар ин арса гуфтугӯ карданд.

Осхот Жумоглӣ, раиси ожонси мубориза бо фасоди Қазоқистон ва Кайл Айҷимо, мушовири дафтари равобити байналмилали муборизаи маводи мухаддир, коршиноси иҷрои барномаҳо ва проектҳо дар минтақаи Осиё ва намояндагони созмонҳои муҷрии қонуни Вазорати хориҷаи Амрико бо якдигар дидор карданд.

Тарафайн ҳамкорӣ дар заминаи мубориза бо фасоди молиро мавриди баҳс ва баррасӣ қарор доданд.

Дар ҳамин росто, намояндагони ожонси мубориза бо фасоди Қазоқистон ва Вазорати умури хориҷаи Иёлоти Муттаҳида тавофуқ карданд, ки фаъолиятҳои муштаракеро дар мавриди масоили таҳқиқоти молӣ, бозёбии дороиҳо ва мубориза бо ҷароими фасоди молӣ бо истифода аз дороиҳои молии диҷитол, саррофиҳои арзи диҷитол ва дигар платформҳои диҷитол анҷом диҳанд.

Жумогли аз фаъолиятҳо ва ислоҳоти ҷории ожонс хабар дод ва ҳамчунин ба аҳамияти ҳимоятҳои тарафи амрикоӣ дар иҷро ва пешбурди проектҳои мубориза бо фасод ишора кард.

Айҷимо нисбат ба тавсеаи бештари мушорикатҳо ва омодагӣ барои ироаи кумак дар иҷрои тавофуқҳои ҳосилшуда ибрози алоқа кард.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад