Нуктаҳое аз суханронии муҳимми Сайид Ҳасан Насруллоҳ (1)

Суханронии сарнавиштсози дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар бораи таҳаввулоти ахири Фаластин ва Ғазза бо меҳварияти Тӯфони Ал-Ақсо таваҷҷуҳи ҳамаи ҷаҳониён ба хусус сарони режими ғосиб ва ҳамчунин ҳомиёни рӯсиёҳи ғарбии онро ба худ ҷалб кард. Суханронии Сайид Ҳасан Насруллоҳро метавон «Маншури ҳаққонияти дифои Ғазза дар муқобили ҷиноятҳои режими ғосиб» номид.

Сайид Ҳасан Насруллоҳ дар суханронии рӯзи ҷумъа сеюми ноябри 2023 нуктаҳои бисёр асосӣ ва муҳиммеро баён кард. Бино дорем чанд нуктае аз ин суханрониро пешкаши шумо намоем.

Нуктаи аввал: Машруияти инкорнопазири амалиёти «Тӯфони Ал-Ақсо»

Яке аз муҳимтарин мавзуъ дар ҷангҳо машруъ будани он аст. Ҷанги машруъ аз нигоҳи динӣ “ҷанги муқаддас” аст. Дар чунин ҷанге додани ҳар баҳое барои расидан ба аҳдофи бузург равост. Размандаи ҷанги муқаддас дар баробари сахтиҳо ва мушкилот зону намезанад ва шубҳаафканиҳо ва фитнаҳо ӯро дилсард ва музтариб намекунад. Дар ин ҷанг ҳаводиси сахт ва ҳазинаҳои сангини инсонӣ ва молӣ марди майдонро ба тардид намеандозад ва пойдорияшро намешиканад.

Суханони Сайид Ҳасан Насруллоҳ машруияти амалиёти бузурги «Тӯфони Ал-Ақсо»-ро, ки чанд рӯз баъд аз оғози ҳамлаҳои девонавори режими ғосиби саҳюнистӣ ба Борикаи Ғазза аз тарафи  минбарҳо ва расонаҳои арабӣ ва ғарбӣ ба қурбонгоҳи шаку тардид бурда шуд, баён кард ва ҷои холии баёни Ҷунбиши Исломии Муқовимати Фаластин «Ҳамос»-ро дар ин мавзуъ пур кард.

Ишон чаҳор далели аслӣ барои зарурати анҷоми амалиёти бузург ва таҳоҷумии фаластиниҳоро баён кард, ки бе чунин фидокорӣ ва қаҳрамонӣ он мушкилот бартараф намешуд ва дастовард ба даст намеомад.

1) Сарнавишти асирони фаластинӣ

Мавзуи ҳазорон асири марду зан ва кӯдакони фаластинӣ буд, ки хеле аз онҳо солиёни дароз дар зиндонҳои хавфноки режими ҷинояткор гирифтор буданд ва бисёре аз онҳо дар асари шиканҷа ҳамон ҷо шаҳид мешуданд ва ҳеҷ фарёдрасе дар ҷаҳон ва аз ҷумла дар кишварҳои арабӣ надоштанд.

2) Дифоъ аз масҷиди “Ал-Ақсо”

Мавзуи Қудс ва масҷиди Ал-Ақсо буд, ки тайи моҳҳо ва ба хусус ҳафтаҳои пеш аз ин амалиёт дар маърази беэҳтиромиҳо ва таҳдидҳои бесобиқа аз замони 1967 то кунун қарор гирифта буд.

3) Муҳосираи 20-солаи “Борикаи Ғазза”

Мавзуи муҳосираи наздик ба 20-солаи “Борикаи Ғазза” ва маҳрумияти комили беш аз ду миллион ҷамъияти он буд, ки ҳеҷ кас ба он аҳамият намедод ва сахтиҳо ва марги пайдарпайи кӯдакон ва занони он ба амри оддӣ табдил шуда буд.

  • Сарнавишти “Каронаи Бохтарӣ”

Таҳдидҳои сахт ва пайдарпайи “Каронаи Бохтарӣ” буд, ки ҳудуди се миллион нафар ҷамъияти онро дар ҳолати куштор ва маҷруҳ шудан ва асорати паёпай қарор дода буд, ба гунае ки дар тӯли яке-ду моҳи ахир ҳудуди 7000 нафар аз онон дастгир шуда буданд. Ҳамчунин бештар шудани иқдомҳои ифротии вазири амнияти дохилии режими ғосиб тасаллути комили саҳюнистҳоро бар ин минтақа ҳатмӣ карда буд ва бо вуҷуди он ки иқдомоти Исроил бо ҳамаи қонунҳои байналмилалӣ зиддият дошт, диққати касеро ҷалб накарда буд.

Дастоварди муҳимми «Тӯфони Ал-Ақсо»  

Пас аввалин шоҳкори амалиёти Тӯфони Ал-Ақсо асли бозгардондани мавзуи Фаластин ва мардуми ситамдидаи он ба арсаи таваҷҷуҳи ҷаҳониён аст. Ҷанги фаластиниҳо барои бартараф кардани ин мушкилот азиму сутуданӣ аст ва мушкилоти кунунии Ғазза дар баробари он дастовард қобили таҳаммул аст.

Дар воқеъ Сайид Ҳасан Насруллоҳ дар ин саҳна санадеро ба дасти муқовимати Фаластин дод, ки дар баробари ҳуҷумҳои сангин ва бесобиқаи Исроил ва тардидофаринии расонаии истикбор ва дунболаравонаш биистанд ва кореро, ки шурӯъ кардаанд, ба охир бирасонанд. Ин табйини огоҳона ва шуҷоонаи дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон шубҳаафканиҳо ва шайтанатҳои расонаии зидди муқовиматро беасар кард.

Ин далелҳо афродеро, ки хоҳони фаҳми бештари ҳақиқат ҳастанд, водор мекунад то бо доштани маълумоти кофӣ ба арзёбии вазъияти кунунии Фаластин ва иқдоми муқовимати Ғазза бипардозанд ва онгоҳ изҳори назар кунанд то дар ҳаққи миллати муқовим ва муҷоҳиди Фаластин ва Ғазза зулм накунанд ва фиреби шайтанати расонаии душманонро нахӯранд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад