Эътирофи сафири Исроил дар Вашингтон ба куштори дастаҷамъии мардуми бегуноҳи Ғазза

Сафири режими саҳюнистӣ дар Вашингтон ошкоро ба куштори густардаи мардум бегуноҳи Навори Ғазза эътироф кард.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Майкл Ҳертсог сафири Исроил дар Вашингтон ба ҷиноёти ин режим дар куштори густардаи мардум бедифои Навори Ғазза эътироф кард.

Ин мақоми саҳюнист, ки режими муваққати матбуаш аз соли 1948 сарзамини миллати Фаластинро ишғол ва онҳоро овора кардааст, аз вожаи террорист барои мардуми Фаластин, ки ба муқовимат дар баробари ишғолгарон мепардозанд, истифода кард ва гуфт, артиши Исроил қодир ба ташхиси ғайринизомиён аз террористҳо (размандагони муқовимати миллати Фаластин ) нест, мо намедонем чи теъдод аз онҳо террорист (мубориз)-и мусаллаҳ ва чи теъдод ғайринизомӣ ҳастанд.

Сафири режими саҳюнистӣ афзуд: ба ҳамин сабаб бояд хеле дар ин замина муҳтот бошем, чаро, ки ман намедонам чи теъдод аз онҳо террорист (муҷоҳид) ҳастанд. Ин дар ҳолеаст, ки артиши мо мегӯяд бисёре аз террористҳо (муҷоҳидон)-ро дар даргириҳои мусаллаҳона куштааст, дар ҳоле, ки бояд бениҳоят дар ин замина бо эҳтиёт бошем.

Дар ҳамин росто, артиши режими саҳюнистӣ имрӯз эълом кард, ки шаби гузашта 450 ҳадафро дар Навори Ғазза бомбаборон кардааст.

Вазорати беҳдошти Ғазза низ эълом кард, ки тайи 30 рӯз аз ҳамалоти режими Исроил ба Навори Ғаззаи 9770 фаластинӣ, ки 4800 нафари онҳо кӯдак ва 2550 тан аз онҳо зан ҳастанд, ба шаҳодат расидаанд.

Бар асоси гузоришҳои мунташир шуда пайкари занону кӯдакони шаҳиди фаластинӣ дар Ғазза ба хотири пурбудани зарфияти бемористонҳо дар хиёбонҳо афтодааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад