Таҳсили ҳудуди 120 ҳазор мактабхон ба русӣ дар Тоҷикистон

Дипломати баландпояи Русия гуфт, дар Тоҷикистон 120 ҳазор шогирд дар мактаб ба забони русӣ таҳсил мекунад ва боқимондаҳо ин забонро дар доираи барномаи таълимӣ меомӯзанд.

Дипломати баландпояи Русия гуфт, дар Тоҷикистон 120 ҳазор шогирд дар мактаб ба забони русӣ таҳсил мекунад ва боқимондаҳо ин забонро дар доираи барномаи таълимӣ меомӯзанд.

Семён Григорев, сафири Русия ин нуктаро рӯзи 6 октябр дар конфронсе дар мавзӯи таҳсили гуногунзабона дар Тоҷикистон баён кард.

Ӯ, аз ҷумла, гуфт: «Дар Тоҷикистон 60 мактаб пурра ба забони русӣ таълим медиҳанд ва 178 мактаб соҳиби синфҳои русӣ ҳастанд. Дар маҷмӯъ онҳо 120 ҳазор шогирдро фаро мегиранд». Ӯ гуфт, дар мактабҳои Тоҷикистон 9 ҳазор омӯзгор ба забони русӣ дарс медиҳанд.

Дар Тоҷикистон забони русӣ мақоми забони муошираи байни миллатҳоро дорад.

Мунаққидон аз фаъолтар шудани таълими забони русӣ дар паҳнои Муштарак-ул-Манофеъ, аз ҷумла Тоҷикистон чун як роҳи тақвияти таблиғоти сиёсати ҳукумати Маскав интиқод мекунанд.

Бархе аз мактабҳои русии Тоҷикистон, ки танҳо тобеи Вазорати маорифи Рсуия ҳастанд, дар қабули хонандагон интихобӣ рафтор мекунанд ва шикояти бархе аз падару модарон дар ин бобат расонаӣ шудааст.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Сафорати Русия дар Тоҷикистон ба сокинон тавзеҳ додааст, ки чӣ гуна метавон фарзанди худро ба навтаъсиси мактабҳои русӣ дар кишвар дохил кард.

ба интихоби мактаббачагон ба муассисаҳои нави таълимӣ – мактабҳои русии шаҳрҳои Бохтар, Хуҷанд, Душанбе, Кӯлоб ва Турсунзода Вазорати маорифи Тоҷикистон машғул аст.

Дар ин бора иттилоъ додааст сафорати Русия дар Тоҷикистон ва мушаххас кард, ки ба ин раванд ҳеҷ иртиботе надорад.

Изҳороти мазкур пас аз муроҷиатҳои сершумори волидайн ба сафорати Русия дар Душанбе расонаӣ шуд.

Манбаъ афзуд

“Тибқи мувофиқаи тарафайн масъалаи интихоби мактаббачагон дар салоҳияти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ мебошад”.

Дар ҳамин ҳол, дар робита ба дохилшавӣ ба мактаби русии ба номи Ю. Гагарини шаҳри Душанбе, сафорат қайд кардааст, ки ин масъаларо метавон бевосита бо рохбарият ин мактаб ҳал кард.

Директори муассисаи таълимӣ Владимир Гудков шурӯъ аз рӯзи 16 сентябр ҳар рӯзи ҷумъа бо волидон дар масъалаи дохилшавии кӯдакон мулоқот хоҳад кард.

Қобили зикр аст, ки ҷониби Русия, дар симои Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтой бо дархости Вазорати маорифи Русия ба интихоби омӯзгорон ва риояи стандартҳои таълимии Русия ҷавобгар мебошад.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад