Чӣ гуна метавон фарзандро ба мактабҳои русӣ дохил кард ?

Сафорати Русия дар Тоҷикистон ба сокинон тавзеҳ додааст, ки чӣ гуна метавон фарзанди худро ба навтаъсиси мактабҳои русӣ дар кишвар дохил кард.

Сафорати Русия дар Тоҷикистон ба сокинон тавзеҳ додааст, ки чӣ гуна метавон фарзанди худро ба навтаъсиси мактабҳои русӣ дар кишвар дохил кард.

ба интихоби мактаббачагон ба муассисаҳои нави таълимӣ – мактабҳои русии шаҳрҳои Бохтар, Хуҷанд, Душанбе, Кӯлоб ва Турсунзода Вазорати маорифи Тоҷикистон машғул аст.

Дар ин бора иттилоъ додааст сафорати Русия дар Тоҷикистон ва мушаххас кард, ки ба ин раванд ҳеҷ иртиботе надорад.

Изҳороти мазкур пас аз муроҷиатҳои сершумори волидайн ба сафорати Русия дар Душанбе расонаӣ шуд.

Манбаъ афзуд

“Тибқи мувофиқаи тарафайн масъалаи интихоби мактаббачагон дар салоҳияти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ мебошад”.

Дар ҳамин ҳол, дар робита ба дохилшавӣ ба мактаби русии ба номи Ю. Гагарини шаҳри Душанбе, сафорат қайд кардааст, ки ин масъаларо метавон бевосита бо рохбарият ин мактаб ҳал кард.

Директори муассисаи таълимӣ Владимир Гудков шурӯъ аз рӯзи 16 сентябр ҳар рӯзи ҷумъа бо волидон дар масъалаи дохилшавии кӯдакон мулоқот хоҳад кард.

Қобили зикр аст, ки ҷониби Русия, дар симои Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтой бо дархости Вазорати маорифи Русия ба интихоби омӯзгорон ва риояи стандартҳои таълимии Русия ҷавобгар мебошад.

ҳамчунин дар хабарҳо омада буд :

Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин ҳамзамон 5 мактаби русӣ дар шаҳрҳои мухталифи Тоҷикистонро ифтитоҳ карданд.

ин мактабҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода, ба сурати маҷозӣ тавассути Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин, ҳамзамон бо ибтидои соли таҳсилӣ ифтитоҳ шуданд.

Дар ибтидои ин маросим Раҳим Саидзода, вазири маорифи Тоҷикистон ва Сергей Кравтсов, вазири омӯзиши Русия иттилоотеро дар мавриди ин муассисоти омӯзишии ҷадид ироа карданд.

Раисони ҷумҳурии Тоҷикистону Русия низ дар мавриди вазъияти кунунӣ ва чашмандози равобит байни ду кишвар бавижа дар мавриди асарбахшии ҳамкориҳо дар заминаи илму омӯзиш суханронӣ карданд.

Русия барои сохти ин 5 мактаб 150 миллиондоллар ҳазина кардааст.

Дар ҳоли ҳозир 39 мактаби русӣ бо 27 ҳазор донишомӯз дар Тоҷикистон фаъол ҳастанд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад