Кумакҳои молии газофу пӯчи ИМА ба режими саҳюнистӣ

Режими саҳюнистӣ бо вуҷуди бештарин ҳазинаи низомӣ шикастҳои пай дар пай хӯрда ва пулҳои Амрикоро бар бод додааст.

Режими саҳюнистӣ бо вуҷуди бештарин ҳазинаи низомӣ шикастҳои пай дар пай хӯрда ва пулҳои Амрикоро бар бод додааст. Агар будҷаи низомии ҳар як аз кишварҳоро ба ҷамъияти онҳо тақсим кунем, саронаи будҷаи низомии кишварҳо омор ва рақамҳои қобили тааммулеро нишон медиҳад, ба тавре ки режими саҳюнистӣ бо ҳазинаи 2589 доллар ба изои ҳар нафар ҷамъият, дар ин рутбабандӣ дар рутбаи аввали ҷаҳон қарор дорад.

Амалиёти барқосои Тӯфони Ақсо ҷаҳонро ба шигифтӣ водоштааст. Рақамҳои аҷибу ғариб ҳазинаҳои низомӣ, илқои шикастнопазирии саҳюнистҳо ва гунбади оҳанин, ҳоло дар муқобили ҷавонони фаластинӣ сар хам кардаанд. Кобинаи саҳюнистҳо шумораи кушташудагони ин режим дар амалиёти Тӯфони Ақсоро 600 нафар зикр карда ва албатта гуфта буданд, ки ҳанӯз иттилои дақиқе аз омори куштаҳо ва ё мафқудиҳо дар даст нест ва бояд шоҳиди афзоиши талафот ҳам бошем. Гузориши пеши рӯ нигоҳе ба омор ва рақамҳои ҳазинаҳои низомии ин режими ғосибу ишғолгар дорад. Оморҳо нишон медиҳад, ки саҳюнистҳо бар асоси рақами сарона, болотарин ҳазинаи низомии ҷаҳонро доранд. Ҳамчунин оморҳои расмии Амрико нишон медиҳад, ки рақами ҳақиқии кумакҳои ин кишвар ба саҳюнистҳо давоми солҳои 1946 токунун ҳудуди 260 миллиард доллар будааст, ки наздик ба 80 дарсади он кумакҳои низомӣ будааст.

 Рутбаи аввали режими саҳюнистӣ дар ҳазинаҳои низомӣ

Ишғолгарии сарзамини фаластиниҳо, ҳазинаҳои сангинеро ба режими ғосиби саҳюнистӣ таҳмил кардааст. Бар асоси гузориши муассисаи таҳқиқотии сулҳи байналмилалии Стокголм (Sipri), тайи соли 2022 режими саҳюнистӣ дар рақами ҳазинакардаи низомӣ бо будҷаи низомии 23.4 миллиард долларӣ, пас аз 14 кишвар шомили Амрико (бо 877 миллиард доллар), Чин (292 миллиард доллар), Русия(86.4 миллиард доллар), Ҳинд (81.4 миллиард доллар), Арабистон (75 миллиард доллар), Англистон(68.5 миллиард доллар), Олмон (55.8 миллиард доллар), Фаронса(53.6 миллиард доллар), Кореяи Ҷанубӣ(46.4 миллиард доллар), Ҷопон (46 миллиард доллар), Украина (44 миллиард доллар), Италия (33.5 миллиард доллар), Австралия (32.3 миллиард доллар) ва Канада (26.9миллиард доллар) дар рутбаи 15-уми ҷаҳон қарор доштааст.

Испания ва Бразилия бо 20 миллиард доллар дар рутбаҳои 16 ва 17-уми ҷаҳон қарор доранд. Полша бо 16.6, Нидерланд бо 15.6 ва Тайван бо 12.5 миллиард доллар кишварҳое ҳастанд, ки дар рутбаҳои 18, 19 ва 20 ҷаҳон қарор доранд. Сингапур, Туркия, Покистон, Колумбия, Алҷазоир, Мексика, Норвегия, Кувейт, Юнон, Шветсия ва Белгия низ аз дигар кишварҳое ҳастанд, ки дар рутбаҳои 21 то 31 ҷаҳон истодаанд ва будҷаи низомии онҳо дар соли 2022 байни 7 то 12 миллиард доллар будааст. Дар ин рутбабандӣ, кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон, ба ҳайси бозигари бузурги минтақаи Осиё ҳам бо 6.8 миллиард доллар будҷаи дифоъӣ дар рутбаи 32 ҷаҳон қарор дорад (албатта ҶИЭ аз ҷиҳати ҷамъият ва вусъат дар рутбаҳои 17 ва 18 ҷаҳон аст). Швейтсария, Қатар, Уммон, Таиланд, Чилӣ, Дания, Руминия ва Португалия низ кишварҳое ҳастанд, ки дар рақами будҷаи низомӣ дар рутбаҳои 33 то 40 ҷаҳон қарор доранд. Рақами будҷаи ин кишварҳо дар соли 2022 байни 5 то 6 миллиард доллар будааст.

Аммо ин ҳамаи моҷаро нест, агар будҷаи низомии ҳар як аз ин кишварҳоро ба ҷамъияти онҳо тақсим кунем, саронаи будҷаи низомии кишварҳо омори қобили тааммулеро нишон медиҳад, ба тавре ки режими саҳюнистӣ бо ҳазинаи 2589 доллар ба изои ҳар нафар ҷамъият, дар ин рутбабандӣ дар рутбаи аввали ҷаҳон қарор дорад. Амрико бо ҳазинаи 2579 доллар ба изои ҳар нафар ҷамъият, дар рутбаи дувум қарор дошта ва қатариҳо бо ҳазинаи 2156 доллар дар рутбаи севум ҳастанд. Арабистони Саудӣ бо 2030 доллар, Сингапур бо 1945 доллар, Кувейт бо 1903 доллар, Норвегия бо 1578 доллар, Уммон бо 1246 доллар, Австралия бо 1187 доллар, Украина бо 1043 доллар, Англистон бо 993 доллар, Дания бо 947 доллар ва Кореяи Ҷанубӣ бо 892 доллар дар рутбаҳои чаҳорум то дувоздаҳум қарор доранд. Дар ин рутбабандӣ, Нидерланд дар рутбаи 13, Фаронса 14 ва Юнон дар рутбаи 15 қарор дорад.

Аммо саронаи ҳазинаи 2589 долларӣ ба изои ҳар нафар ҷамъият дар режими саҳюнистӣ дар ҳоле аст, ки ин миқдор масалан барои Эрон, ба ҳайси бузургтарин мухолифи режими сохтагӣ, ба изои ҳар нафар ҷамъият фақат 80 доллар аст. Ин миқдор Эронро дар байни 40 кишвар бо болотарин ҳазинаи низомӣ дар рутба 37 ҷаҳон қарор медиҳад. Тибқи ин оморҳо, саронаи ҳазинаи низомии бархе кишварҳои осиёӣ ҳам пойин аст. Барои мисол ҳазинаи низомии Покистон ба изои ҳар нафар 41 доллар ва дар Ҳинд 57 доллар аст. Албатта ин кишварҳо муҷаҳҳаз ба таслиҳоти атомӣ ҳастанд ва аз ин манзар пойин будани ҳазинаи низомии онҳо чандон ғайритабиӣ нест. Дар Мексика саронаи ҳазинаи низомӣ ба изои ҳар нафар тайи соли гузашта 64 доллар буда, ин мизон барои Таиланд 81 доллар, дар Бразилия 93 доллар, дар Туркия 125 доллар ва дар Чин 205 доллар будааст.

 Дарёфти кумаки 260 миллиард долларӣ аз Амрико

Яке аз муҳимтарин барномаҳои ҳимояти Амрико аз режими саҳюнистӣ, кумакҳои молӣ ба ин режим аст. Бар асоси гузориши Ожонси тавсеаи ҷаҳонии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, тайи солҳои 1946 то 2023 режими саҳюнистӣ ба қимати ҷории 158 миллиарду 665 миллион доллар ва ба нархи ҳақиқӣ (таъдилшуда бар асоси таваррум), ҳудуди 260 миллиард доллар кумак аз Амрико дарёфт кардааст. Ин гузориш нишон медиҳад, ки аз маҷмӯъи кумакҳои молии мустақими Амрико ба режими саҳюнистӣ наздик ба 22 дарсад аз он кумакҳои иқтисодӣ ва 78 дарсади дигар ҳам кумакҳои низомӣ ва дифоъӣ будааст. Илова бар ин кумаки мустақим, Иёлоти Муттаҳида ба шеваҳои дигаре, ки хориҷ аз будҷаи кумакҳои хориҷӣ мебошад, кумакҳои моддӣ дар ихтиёри режими саҳюнистӣ қарор медиҳад.

Дар китоби «Лобии саҳюнистӣ ва сиёсати хориҷии Амрико» , ки ба қалами Истифон М. Волт ва Ҷон Ҷ. Миршоймер нигошта ва нашр шуда, чунин омадааст: «режими саҳюнистӣ дар соли 1976 бузургтарин дарёфткунандаи кумаки хориҷии Иёлоти Муттаҳида шуд ва ин мавқеиятро то ба имрӯз ҳифз кардааст. Ҳимояти молӣ аз Исроил дар тайии ин давра аз қарз ба кумакҳои билоивази мустақим тағйири шакл ёфт, ва бахши умдаи ин кумакҳо, низомӣ будааст, то ҳимояти иқтисодӣ ё фаннӣ. Ба гуфтаи Клойд Морк, узви сервиси таҳқиқотии Конгресси ИМА, ки бозӯи расмии таҳқиқотии Конгресси Иёлоти Муттаҳида аст, «Исроил ба манзури иҷтиноб аз назорати артиши Амрико бар тарҳи кумакҳои билоиваз ба ин кишвар, тарҷеҳ медиҳад, ки ин кумак ба шакли вом бошад на ба шакли билоиваз. Аз соли 1947 ба баъд, тамом ё қисмате аз кумаки низомии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Исроил ба шакли вом буд, ки бозпардохти он мавриди чашмпӯшӣ қарор гирифт. Ба лиҳози фаннӣ, кумакҳо қарза хонда мешуд, вале дар амал кумакҳои низомии Амрико билоиваз будааст.» дар ҳол ҳозир, Исроил ба таври мутавассит солона се миллиард доллар кумаки мустақими хориҷӣ дарёфт мекунад, ки ин маблағ тақрибан шаш аз яки будҷаи кумаки мустақими хориҷии Амрико ва баробари ду дарсад тавлиди нохолиси миллии Исроил аст. Ҳудуди 75 то 78 дарсади кумаки Амрико ба сурати низомӣ ва бақияи он ба шаклҳои кумаки мухталифи иқтисодӣ тақсим мешавад. Ба лиҳози даромади сарона, ин мизон кумаки мустақими хориҷӣ муодили пардохти 500 доллар ёронаи мустақим ба ҳар исроилӣ дар сол мебошад. Баробари муқаррароти барномаи кумакҳои низомии хориҷӣ, маъмулан дарёфткунандагони кумакҳои низомӣ аз ИМА вазифадор ҳастанд, ки тамоми пулро дар Иёлоти Муттаҳида харҷ кунанд, то ба бозори кори коргарони бахши дифоъӣ кумак шавад. Бо вуҷуди ин, Конгрес дар лоиҳаи эътибори солонаи тахсисӣ ба Исроил, муофияти вижае барои он қоил шудааст, ки тибқи он Исроил метавонад чаҳор аз яки кумаки низомии Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ёронаи ҳимоят аз саноеи дифоъии худ қарор диҳад. Гузориши ҷадиди Сервиси таҳқиқотии Конгресс ёдовар мешавад, ки «ҳеҷ кадом аз дигар дарёфткунандагони кумак аз чунин имтиёзе бархурдор набуда ва даромади ширкатҳои созандаи таҷҳизоти низомӣ аз маҳалли харид анҷом шуда бо пулҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба саноеи дифоъии Исроил иҷоза додааст ба сатҳи даромадзоӣ бирасанд ва ба пешрафти қобил таваҷҷуҳе даст ёбанд. Дар воқеъ, Исроил дар соли 2004 ҳаштумин тавлидкунандаи бузурги таслиҳот дар ҷаҳон шуда буд. Бар ин асос, Исроил танҳо дарёфткунандаи кумаки иқтисодӣ аз Амрико аст, ки иҷборе барои посухгӯӣ дар мавриди чигунагии харҷ кардани он надорад. Кумак ба соири кишварҳо барои пешрафти проектҳои хоссе (пешгирии бемориҳои сироятӣ, барномаи мубориза бо эътиёд, беҳдошти кӯдакон, пешбурди демокрасӣ, иртиқои омӯзиш ва ғайра) тахсис меёбад, аммо Исроил ба таври мустақим кулли маблағро дарёфт мекунад. Ба иллати вуҷуди ин истисно, агар Исроил ёронаҳои дарёфтиро барои мақсадҳои мухолиф бо назари Амрико монанди проекти шаҳраксозӣ дар Каронаи Бохтарӣ ба кор барад, ИМА наметавонад аз он ҷилавгирӣ кунад. Ба гуфтаи Клойд Морк, узви сервиси таҳқиқотии Конгресс, «аз онҷо, ки кумаки иқтисодии ИМА ба Исроил ба сурати ихтиёри будҷаи мустақими давлат ба давлат бидуни ҳеҷгуна барномаи ҳисобарсии хоссе анҷом мешавад ва пул қобили мубодила аст, барои ташхиси наҳваи масрафи кумаки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тавассути Исроил, роҳе вуҷуд надорад.»

 Иқтисоди саҳюнистҳо зери зарбаи Тӯфони Ақсо

Байни солҳои 2008 то 2023, режими саҳюнистӣ панҷ бор бо гурӯҳҳои фаластинӣ даргирии низомии бузург доштааст, ки дар ин миён, осебҳои ҷиддӣ ба зерсохтҳои ҳаётии фаластиниҳо ворид кардааст. Бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, ки бозсозии ин харобиҳо ба даҳаҳо замон ниёз дорад. Аммо ин даргириҳо сарфи назар аз талафоти инсонии режими саҳюнистӣ, барои ин режим ҳазинаҳои моддии сангине низ таҳмил кардааст. Дар бораи ҳазинаи иқтисодии охирин даргирии низомии гурӯҳҳои фаластинӣ ва режими саҳюнистӣ ҳанӯз иттилооти дақиқе нашр нашудааст, аммо бо таваҷҷӯҳ ба талафоти шадиди инсонии режими ғосибу ишғолгари саҳюнистӣ, ба назар мерасад, ки хисорати молии амалиёти Тӯфони Ақсо барои саҳюнистҳо бисёр сангин хоҳад буд.

Барои мисол бар асоси гузоришҳои расмӣ, дар ҷараёни ҷанги 33рӯзаи режими саҳюнистӣ ва Лубнон, ҳудуди 2000 хона ва сохтмон дар нуқтаҳои мухталифи минтақаҳои ишғолӣ вайрон шуд, 9000 мавриди дигар осеб дид ва ҳудуди 400 касбу кор ва мадраса бар асари ҳамлаҳои мушакӣ осебдида ё вайрон шуданд. Иқтисоддонони саҳюнистӣ хисорати мустақими ҷанги 33рӯза барои ин режимро 3.5 миллиард доллар тахмин задаанд, ки шомили зиён дар тавлиди нохолиси дохилӣ ва 37 дарсад коҳиши даромади бахши гардишгарӣ дар давраи билофосила пас аз ҷанг мешавад. Зиёни тавлиди нохолиси дохилӣ ба далели таътилии машғалаҳо ва фарохони неруҳои захираи низомӣ (шоғил дар бахшҳои иқтисодӣ) будааст. Оморҳо нишон медиҳад, ки чаҳор аз яки касбу корҳо дар шимоли минтаақҳои ишғолӣ пас аз ҷанг дар хатари варшикастагӣ қарор доштанд. Утоқи бозаргонии саҳюнистҳо дар ҳамон сол эълон кард, ки даромадҳои аздастрафтаи аъзои утоқ ҳудуди 1.4 миллиард доллар будааст.

Аммо дар рӯзҳои гузашта мушоҳида кардем, ки қимати саҳом ва авроқи қарза дар манотиқи ишғолӣ коҳиши 7 то 9 дарсадиро таҷриба кард. Ҷонотон Котз, иқтисоддони аршади Leader Capital Markets дар бораи паёмадҳои иқтисодии «амалиёти Тӯфони Ақсо» барои саҳюнистҳо мегӯяд: «интизор меравад ин давр даргириҳо нисбат ба давраҳои қаблӣ тӯлонитар ва шадидтар бошад ва ба равшанӣ таъсири манфии бештаре бар иқтисод ва будҷаи молӣ дошта бошад.» Бонки марказии саҳюнистҳо эълон кард, ки барои арзёбии хисорати иқтисодӣ аз сабаби даргирӣ хеле зуд аст, аммо ба ҷанги 50рӯзаи соли 2014 ишора кард, ки хисорате баробар бо 3.5 миллиард доллар ба бор овард. Ағлаби хатҳои ҳавоӣ фаъолияти худ дар манотиқи ишғолиро то иттилои баъдӣ мутаваққиф кардаанд. Мадрасаҳо таътил ва бисёре аз ширкатҳо ва аксари фурӯшгоҳҳо ба ғайр аз мағозаҳои хӯрокворӣ ва дорухонаҳо таътил шуданд.

 Суқути шекел ба камтарин миқдор дар 7 соли ахир

Рӯзҳои гузашта ҳар доллари Амрико ба 3.9 шекел (воҳиди пули режими саҳюнистӣ) расид, ки болотарин миқдор аз моҳи марти соли 2015 ба ин тараф аст. Уйри Гиринфилд, стратегисти аршад дар хонаи сармоягузории Пасогут дар бораи табаоти «амалиёти Тӯфони Ақсо» бар иқтисоди режими саҳюнистӣ ба Таймзи Исроил гуфт: «иттифоқи аҷибе дар рӯзҳои ахир рух дода, ки боис мешавад бигӯем ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки дар ояндаи наздик бояд шоҳиди тазъифи бештари шекел дар баробари доллар ва дигар арзҳо бошем.» Вай гуфт дар муқоиса бо даргириҳо ва амалиётҳои низомӣ қабалии солҳои ахир, ки камтарин таъсирро бар бозори молии режими саҳюнистӣ дошта, интизор меравад, ки ҷанги феълӣ таъсири асоситар бар иқтисоди ин кишвар бигузорад. Гиринфилд афзуд: «далели ин масъала он аст, ки бозорҳои молӣ дар ниҳоят манбаи иқтисоди ин режим ҳастанд ва агар дар амалиётҳои қаблӣ дар ҷанӯб ба иқтисоди ин кишвар осеби ҷиддӣ ворид нашудааст, имрӯз чунин сенария беш аз ҳад хушбинона аст. Агар дар гузашта вокунишҳо дар бозорҳо ҳаддиаксар барои як ё ду рӯз буд, эҳтимолан ин бор вазъият бисёр мутафовит хоҳад буд.»

Ӯ гуфт: «аввал, ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки ҷанги феълӣ барои муддати тӯлоние идома дошта бошад, даврае, ки метавон тасаввур кард бахши қобили таваҷҷӯҳе аз Исроил ҳамчунон дар маърази таҳдиди мушакӣ қарор дорад. Чунин таҳдиде боис мешавад, ки масрафкунандаи исроилӣ камтар ҳазина кунад, ки ин масъала ба рукуд доман хоҳад зад.» Вай афзуд: «фаротар аз он, дар даврае бо чунин билотаклифии шадид, эҳтимолан ҳаҷми сармоягузорӣ дар иқтисод хоҳ дар бахш хусусӣ ва хоҳа дар бахши давлатӣ низ коҳиш хоҳад ёфт. Ҳамчунин интизор меравад, ки ин ҷанг таъсири манфие бар рӯи режими саҳюнистӣ дар ҷаҳон дошта бошад.» Гиринфилд гуфт: «Исроил худро дар мавқеияте мебинад, ки мумкин аст маҷбур ба гирифтани тасмимҳое шавад, ки шояд барои дигар кишварҳои ҷаҳон қобили қабул набошад. Инчунин тасмимҳо, ҳар андоза ҳам, ки зарурӣ бошад, мумкин аст бар рӯи ин режим дар ҷаҳон осеби бештаре ворид кунад.» Ба гуфтаи Гиринфилд, дар чунин шароите ҷараёни сармоягузориҳои байналмилалӣ ба Исроил ва равобити тиҷорӣ бо кишварҳои ахир мумкин аст бо халалҳое мувоҷеҳ шавад, ки метавонад ҳам бар фаъолияти иқтисодӣ ва ҳам бар суботи пули ин кишвар таъсири манфӣ бигузорад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад