Қарабоғ меҳвари аслии дидори Путин ва Алиев дар Бишкек

 Сарони Русия ва Озарбойҷон дар ҳошияи нишасти кишварҳои мустақилли муштаракулманофеъ дар Бишкек дидор ва дар бораи Қарабоғ ройзанӣ карданд.

Ба рағми ғайбати нахуствазири Арманистон дар нишасти кишварҳои мустақилли муштаракулманофеъ дар Бишкек, Владимир Путин ва Илҳом Алиев, руасои ҷумҳури Русия ва Озарбойҷон дар ҳошияи ин нишаст бо ҳам дидор карданд.

Манобеи расонаии Озарбойҷон ҳамчун Озар Ниюз хабар додаанд, ки раисҷумҳури ин кишвар ва Владимир Путин ҳамтои русаш дар Бишкек дидори ду ҷониба тартиб доданд.

Тибқи ин гузоришҳо, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар дидор бо Илҳом Алиев ҳамтои худ дар Озарбойҷон таъкид кард, ки дар ин дидор бахше аз мавзӯъот ба вижаи вазъияти Қарабоғ ҷузви дастури кор қарор дорад.

Путин гуфт: «аз дидани шумо бисёр хушҳолам. Охирин бор телефонӣ сӯҳбат кардем. Албатта мавзӯъи шумораи як, вазъият перомуни Қарабоғ аст. Мо ҳамчунин як дастури кор дорем, ки бисёр густарда аст. Пешниҳод мекунам корамонро ба ин сурат танзим кунем: метавонем аз қисмати дувум шурӯъ кунем ва ба ҳамкоронамон фурсате бидиҳем, то назарҳои худашонро баён кунанд ва ҳарф бизананд. Ва сипас рӯ дар рӯ (дидори ду ҷониба) мулоқот хоҳем кард ва дар мавриди кулли мавзӯъот аз ҷумла масоили ҳассос сӯҳбат хоҳем кард».

Бино бар ривояти расонаҳои Озарбойҷон, Илҳом Алиев дар сӯҳбатҳои худ ибтидо аз дидор бо Владимир Путин ибрози хурсандӣ кард ва гуфт: «хушҳолам, ки дубора шуморо мебинам. Ҳамонтавр, ки ишора кардед, мо ахиран сӯҳбат кардем. Бисёр хушҳолкунанда аст, ки дар чорчӯби сафари расмӣ ба Қирғизистон, вақти мулоқоте пайдо кардед».

Раисҷумҳури Озарбойҷон идома дод: «дар воқеъ мавзӯъоти зиёде вуҷуд дорад. Ман мӯътақидам, ки пешниҳодҳои шумо комилан мантиқӣ аст. Мо бо ҳамкорон дар мавриди дастури кори дуҷониба сӯҳбат хоҳем кард, ба хусус, ки мо бояд дар мавриди он сӯҳбати зиёд кунем».

Алиев афзуд: «натоиҷи имсол аз назари гардиши молӣ, ҳамкориҳои санъатӣ ва ҳамкорӣ дар бахши ҳамлу нақл (байни Боку ва Маскав) бисёр чашмрас аст. Тарҳҳои ҷадиди зиёде вуҷуд дорад. Сипас ба масоили минтақаӣ ва амниятӣ хоҳем пардохт. Як бори дигар аз шумо барои ин ҷаласа ташаккур мекунам».

Дидори дуҷонибаи Путин ва Алиев дар шароите анҷом шуд, ки пеш аз ин Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон эълон кард, ки дар нишасти кишварҳои мустақилли муштаракулманофеъ дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон ширкат намекунад.

Пештар, Арарат Мирзуён, вазири хориҷаи Арманистон аз ширкат дар нишасти Шӯрои вазирони хориҷаи кишварҳои мустақилли муштаракулманофеъ, ки 12 октябр дар Бишкек баргузор шуд, худдорӣ кард.

Худдории мақомоти арманӣ аз ҳузур дар Бишкек дар шароите анҷом шуд, ки мақомоти Маскав дар талош барои баргузории нишасти сеҷонибаи мақомоти Русия, Арманистон ва Озарбойҷон буданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад