Арманистон дар талош барои беҳбуди равобит бо ғарб

Стратегияи Арманистон мумкин аст эҷоди як ҷиҳатгирии ғарбгаро бо ҳадафи ҷалби ҳимоят алайҳи Озарбойҷон бошад.

Стратегияи Арманистон мумкин аст эҷоди як ҷиҳатгирии ғарбгаро бо ҳадафи ҷалби ҳимоят алайҳи Озарбойҷон бошад. Пашинён мӯътақид аст, ки барои беҳбуди равобит бо ғарб бояд коре кунад, ки Русия асабонӣ шавад ва мехоҳад Русияро муқассири тамомии нокомиҳо ва бадбахтиҳои Арманистон бидонад.

Русия аз рӯзҳои аввалияи густариши императории Русия ба Қафқоз беш аз ду қарни пеш ва аз замони фурӯпошии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ, зомини аслии амнияти Арманистон будааст.

Маскав як пойгоҳи низомӣ бо чанд ҳазор неру дар гюмерӣ наздики марзи Туркия дорад ва неруҳои марзии Русия аз марзҳои Арманистон бо Туркия ва Эрон муҳофизат мекунанд.

Арманистон яке аз аъзои Созмони Паймони Амнияти Ҷамъӣ ба раҳбарии Русия аст.

Пас аз ҷанги 2020 Қарабоғ, 2 ҳазор неруи ҳофизи сулҳи русӣ дар Қарабоғи кӯҳистонӣ, минтақаи ҷудоиталаби таҳти контроли аромана дар маркази даргирии Арманистон бо Озарбойҷон мустақар шудаанд.

 Ереван сиёсати хориҷии худро дар чанд ҷиҳат мутанаввеъ мекунад

Пас аз Русия, ки таъминкунандаи суннатии таслиҳот аст, Арманистон Ҳиндро ба унвони як таъминкунандаи ҷадиди таслиҳот мебинад.

Пас аз оғози ҷанги Украина, Арманистон низ дар ҳоли тавсеаи равобити худ бо ҳамсояи ҷанубии худ, Эрон аст.

Боризтарин тағйир дар сиёсати хориҷии ин кишвар, тақвияти равобит бо кишварҳои ғарбӣ аст. Арманистон аз истиқрори нозирони Иттиҳоди Аврупо дар марзҳои худ истиқбол мекунад.

Иттиҳоди Аврупо нақши раҳбариро дар музокирот байни Арманистон ва Озарбойҷон барои ҳалли муноқиша бар ӯҳда гирифтааст.

Агарчи равобит бо Эрон ва Ҳинд сабаби нигаронии Маскав нест, аммо равобит бо кишварҳои ғарбӣ аз ҳассосияти бештаре бархурдор аст.

Микоил Зулён, таҳлилгари сиёсӣ дар Ереван, мӯътақид аст, ки эҳтимоли зиёде вуҷуд дорад, ки Русия бо ҳаракати Арманистон ба самти ғарб ба шиддат ҳассос мешавад. Арманистон ҳар коре кунад, агар тарафдори Русия набошад, Русия онро тарафдори ғарб ва зидди Русия мебинад.

 Ҷанги ошкор байни Маскав ва Ереван?

Дар 12 сентябр, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия гуфт, ки кишвараш ҳеҷ мушкиле бо Арманистон надорад. Аммо рӯзи баъд, Маря Захарова, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Русия, теъдоде аз изҳороти мақомоти Арманистон алайҳи Русияро баршумурд ва афзуд: мо ин иқдомотро ғайридӯстона медонем ва онҳоро бо ҳамкорон, шарикон ва дӯстони армании худ дар каналҳои дуҷониба мавриди баҳс қарор додаем, аммо замони он фаро расидааст, ки дар мавриди он ба мардум тавзеҳ диҳем. Зеро саволҳо бештару бештар матраҳ мешавад.

Дар чунин замоне, Арманистон ва Амрико размоиши низомии муштаракеро дар марокизи омӯзишӣ дар наздикии Ереван анҷом медиҳанд. Интизор меравад, ки ин тамринҳо дар 20-уми сентябр ба поён бирасад.

Агарчи ин размоиш ба худи худ аз назари низомӣ аҳамияти чандоне надорад, аммо таҳлилгарон бар ин бовар ҳастанд, ки ин як сигнали возеҳ дар пасзминаи парҳез ва худдории Арманистон аз ширкат дар размоишҳои Созмони Паймони Амнияти Ҷамъӣ ба раҳбарии Русия аст.

Боб Ҳамилтун, вобастаи собиқи дифоъии Амрико дар Қафқоз ва пажӯҳишгари кунунӣ дар коллеҷ ҷанги артиши Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Пенсилвания эълон кард: созмондиҳандагони размоиши Арманистон бо Амрико аз вазъияти душвори геополотикӣ огоҳ буданд, аммо тасмим гирифтанд тамрини низомиро тибқи барнома пеш баранд. Эҳтимолан баргузоркунандагон намехостанд зоҳиран аз тамрин хориҷ шаванд, зеро Русия норозӣ аст.

Ҳамилтун тамриноти низомии Амрико ва Арманистонро бо тамриноти «озодӣ новбери» муқоиса кард. Дар тамриноти «озодӣ новбери», киштиҳои нируи дарёӣ ба соддаги дар обҳои байналмилалӣ дарёнавардӣ мекунанд ва аз ин тариқ нишон медиҳанд, ки ҳаққи ҳаракат дар он обҳоро доранд.

Ҳамилтун мӯътақид аст, ки манофеи амниятии давлати Амрико дар Арманистон ҳанӯз маҳдуд аст. Ба назари вай, инро набояд ба манзилаи додани ин паём донист, ки Амрико ба унвони шарики низомии аслии Арманистон ворид мешавад. Чун ин дуруст нест.

 Чаро Пашинян Русияро озор медиҳад?

Бенёмин Пугусян, муҳаққиқи аршади сиёсати хориҷӣ дар маркази таҳлилии армании Apri, воқеъ дар Ереван, фикр мекунад, ки бино ба далоиле, давлати Арманистон тасмим гирифт аз авоили сентябр иқдомотеро барои таҳрики Русия анҷом диҳад.

Неколай Сайлоев, таҳлилгари сиёсати хориҷӣ дар муассисаи давлатии равобити байналмилали Маскав низ бо ин ида мувофиқ аст ва мегӯяд: зоҳиран Пашинян мӯътақид аст, ки барои беҳбуди равобит бо ғарб бояд коре кунад, ки Русияро асабонӣ кунад. Аз назари Русия, ин як интиқол ба ғарб ба назар мерасад.

Аммо Микоил Зулян, таҳлилгари армани мӯътақид аст, ки стратегияи Арманистон мумкин аст эҷоди як ҷиҳатгирии ғарбгаро ба манзури ҷалби ҳимоят алайҳи Озарбойҷон бошад. Ба гуфтаи вай, ҳаракати низомиёни Озарбойҷон ба самти марз, ирсоли силоҳҳои ҷадид аз Исроил ба Озарбойҷон ва суханҳои таҳдидомези Боку низ метавонад ароманаро нигарон кунад.

Вай таъкид мекунад: бо ин ҳол, ман фикр мекунам мумкин аст, ки Пашинян паёмҳое аз ғарб дарёфт карда бошад. Ин паёмҳо ӯро низ бар он дошт, ки дар равобити худ бо русҳо ҷасуртар амал кунад. Бо ин ҳол, ин як стратегияи бохатар боқӣ мемонад. Ҳатто агар паёмҳое аз сӯи ғарб бошад, ба ин маъно нест, ки ғарб лузуман ба ҳар ваъдае амал хоҳад кард. Бинобарин, замони бисёр хатарноке барои Арманистон ва Қарабоғ аст.

 Аҳрумҳои фишори Русия бар Арманистон

Ба гуфтаи Зулён, агар Русия мутаваҷҷеҳ шавад, ки Арманистон аз ҳад фаротар рафтааст, ҳамчунон аҳрумҳои мутааддиде дорад, ки метавонад аз он барои эъмоли фишор бар Арманистон истифода кунад. Ереван вобастагии зиёде ба ҳаволаҳои муҳоҷирони коргарӣ дар Русия дорад. Ба гуфтаи зулён, ин канале аст, ки Маскав метавонад дар ҳар замон дахолат кунад. Арманистон тақрибан тамоми гази табиии худро аз Русия харидорӣ мекунад. Неруҳои ҳофизи сулҳи Русия дар Қарабоғ ҳамчунон нақши амниятии муҳимме дар онҷо ифо мекунанд.

Николай Сайлоев. интизор надорад, ки Русия аз ин аҳрумҳо истифода кунад ва мегӯяд: рӯйкарди Русия ин аст, ки мо ба иттиҳод бо Арманистон мутааҳҳид ҳастем ва ин Маскав нест, ки равобитро бадтар кардааст.

Ба гуфтаи вай, ба назар мерасад Пашинян мехоҳад Русияро муқассири тамоми нокомиҳо ва бадбахтиҳои Арманистон бидонад.

Аз сӯи дигар,  Пашинян ҳам борҳо дар гуфтугӯҳо бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия «хатари ташдиди таниш дар Қарабоғи кӯҳистонӣ»-ро ба вай гӯшзад карда ва бар мушкилоте, ки «дар ҳавзаи масъулияти нируҳои ҳофизи сулҳи Русия» вуҷуд дорад, таъкид кардааст.

Даргириҳо дар Қарабоғ ва дар марзи кишварҳои Озарбойҷон ва Арманистон ба рағми ҳузури бахшҳо ва воҳидҳои низомии Русия ва сулҳбонони ин кишвар ҳамчунон ба шакли пароканда идома дорад; мавзӯъе, ки метавонад оташбаси шиканандаи бадастомада дар соли 2020-р ба тадриҷ аз масири худ хориҷ кунад.

Русия ба далели тамаркузи умдаи неруҳояш бар ҷанги Украина дар эъмоли нуфуз бар тарафайни даргир дар масъалаи Қарабоғ ба нисбати гузашта нотавонтар ба назар мерасад. Аз сӯи дигар ҳам, бисёре аз нозирони ҷаҳонӣ, нуфузи Маскав бар ҳавзаи Қафқозро, ки пештар ба унвони ҳаёти хилвати Русия аз он ёд карда мешуд, зери савол бурдаанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад