Дидори Раҳмон бо Гутерриш дар Амрико

Эмомалӣ Раҳмон ва дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар Амрико дар робита ба обу тағйирёбии иқлим, буҳронҳои иқтисодиву молиявӣ, хатарҳо аз суи Афғонистон ва мавзуоти калидии дигар гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши ТоҷикПресс ба нақл аз Спутник, Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон нахуст дар ҳошияи мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 78-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк бо дабири созмон Антонио Гутерриш мулоқот карданд.

Зимни мулоқот Раҳмон таъкид доштааст, ки Тоҷикистон ба рушду тавсеаи муносибатҳо бо СММ аҳаммияти ҷиддӣ медиҳад ва онро яке аз шарикони калидии худ дар арсаи байналмилалӣ мешуморад.

Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба мушкилоти зиёди сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва амниятии ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла ташаннуҷи геополитикӣ, даргириҳои мусаллаҳона, хатарҳои терроризму экстремизм, буҳронҳои иқтисодиву молиявӣ, тағйирёбии иқлим табодули андеша карданд.

Дар рафти мулоқот Раҳмон ба Созмони Милали Муттаҳид барои дастгирии пайваста аз ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон изҳори сипос кардааст.

Ҳамчунин ҳамкорӣ дар самти об, тағйирёбии иқлим, пешгирии офатҳои табиӣ, рушди иқтидорҳои тавлиди “неруи сабз” ва қабули қатъномаи СММ аз рӯйи ташаббуси панҷуми Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо, аз мавзӯҳои асосии мулоқот буданд.

Дар ин дидор ба масоили Афғонистон низ дахл шуда, Раҳмон ба Гуттериш гуфтаст, ки Тоҷикистон тамоми имконоти логистикии худ, аз ҷумла 6 пулро дар марз бо ин кишвар барои расонидани кумаки башарӣ ба мардуми он фаро гузоштааст.

Ҳамзамон бозорҳои наздисарҳадӣ аз нав ба фаъолият шурӯъ кардаанд ва ба кишвари ҳамсоя нерӯи барқ, маводи ғизоӣ ва масолеҳи сохтмонӣ содирот мешавад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад